Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар чанд ҷумла

Артиши Исроил аз долони Нетсарим дар Ғазза берун шуд

Ғазза
Ғазза

Артиши Исроил аз долони Нетсарим, ки Ғаззаро ба ду қисмат ҷудо мекунад, пурра берун шудааст.

Мақомоти исроилӣ гуфтаанд, ки ин як шарти созиши оташбас дар Ғазза буд, ки иҷро карданд.

Пас аз пурра берун шудани артиши Исроил аз ин долон ҳазорон фаластинӣ ба самти дигар кӯч бастаанд.

Ин долонро артиши Исроил барои он сохта буд, ки иҷозаи ҳаракати фаластиниҳо аз як қисмати Ғазза ба дигар бахшашро надиҳад.

Рӯзи 19-уми январ пас аз 16 моҳи ҷанг Исроил бо ҲАМОС созиши оташбас имзо карданд.

ҲАМОС, ки гурӯҳи террористӣ дар Иттиҳоди Аврупо ва Амрико шинохта мешавад, бар асоси ин созиш бояд гаравгонҳои исроилиро раҳо кунад. Исроил артишашро аз Ғазза берун мекунад ва гурӯҳе аз зиндониёни фаластиниро раҳо мекунад.

ҲАМОС рӯзи 7-уми октябри соли 2023 ба Исроил ҳамла кард ва беш аз 1200 нафарро кушта, зиёда аз 200 нафарро гаравгон гирифт.

Исроил бо ҳадафи нобудии ҲАМОС ба Ғазза ҳамла кард. Дар ҳамлаҳои Исроил беш аз 47 ҳазор фаластинӣ кушта шудааст, ки аксарашон занону кӯдакон ҳастанд.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

"Ташаббуси" нави Володин: аз муҳоҷирон барои патент пули бештар гирифта шавад

Вячеслав Володин
Вячеслав Володин

Дар порлумони Русия тарҳи санадеро баррасӣ мекунанд, ки зоҳиран хароҷоти муҳоҷирони корӣ, аз ҷумла муҳоҷирони тоҷик барои гирифтани патентро зиёдтар мекунад. Владимир Володин, раиси Думаи давлатӣ гуфт, ки тарҳи санади мазкур рӯзи 15-уми июл дар нишасти вакилони мардумӣ мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Бар асоси он, муҳоҷир маҷбур мешавад, ки барои гирифтани патент ва ё иҷозаномаи кор, дароз кардани муҳлати он, гирифтани нусхаи патент ва ё ворид кардани тағйирот ба он аз 2100 то 4200 рубли иловагӣ бисупорад.

Владимир Володин афзудааст, ки тарҳи санади нав имкон медиҳад, “бар иловаи афзудани пул дар буҷаи давлат, назорати муҳоҷирон сахттар шавад, ҷойи воқеии иқомати онҳоро муайян кунанд ва дар ниҳоят муҳоҷирати ғайриқонунӣ кам шавад.”

Бар иловаи ин ҳама пешниҳод шудааст, ки ҳаҷми боҷи давлатӣ барои сабти номи хориҷиён аз ҷумла муҳоҷири корӣ дар ҷойи зист, дароз кардани мӯҳлати иқомати онҳо боло бурда шавад. Дар як соли ахир Думаи давлатии Русия на камтар аз 20 санад ва қонунеро қабул кард, ки шарту шароити зиндагиву кори муҳоҷиронро дахл дорад ва онро маҳдуд ва ё сахттар мекунад.

Ба қавли ҳомиёни ҳуқуқ, пайваста бардоштани мавзуи муҳоҷират дар Думаи давлатӣ талоше барои дур бурдани афкори умуми Русия аз мушкилоти афзояндаи дохилӣ ва бахусус ҷанги вайронгар дар Украина аст, ки ҷони сарбозони ҷавони зиёдеро мегирад. Русия бузургтарин мизбони муҳоҷирони тоҷик аст ва дар он бештар аз 1 миллион нафар аз аҳолии қобили кори кишвар кору зиндагӣ мекунанд.

Дар Қирғизистон даҳ тифли эмнашуда аз бемории сурхакон ҷон додаанд

Дар Қирғизистон дар давоми шаш моҳи аввали соли ҷорӣ 10 кӯдак аз бемории сурхакон ҷон додааст. Шаш кӯдак то яксола, дуи дигар як то панҷсола ва ду нафари дигар аз 8-сола боло буданд. Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактикӣ гуфтааст, ҳамаи кӯдакони даргузашта аз бемории сурхча эм нашуда буданд.

Гулзода Даданова, намояндаи ин муассиса ба Радиои Азаттик гуфтааст, ки дар давоми соли ҷорӣ дар Қирғизистон 8572 ҳолати гирифторӣ бо бемории сурхча ба қайд гирифта шуда, бештарин омор дар шаҳри Бишкек сабт гардидааст. Даданова гуфтааст, ки эмкунии кӯдакон барои пешгирӣ аз сурхакон бисёр муҳим дониста мешавад.

Азаттик менависад, дар ҳудуди Иттиҳоди Шӯравӣ эмкунии кӯдакон алайҳи бемории сироятии сурхча аз соли 1963 шурӯъ шуд, вале баъди касби истиқлолият бархе волидон огоҳона аз эмкунии фарзандонашон даст мекашанд. Чунин тамоюл, ки гӯё бо андешаҳои эътиқодӣ волидон аз воксинзании фарзандонашон худдорӣ мекунанд, аз соли 2012 шурӯъ шуд, менависад расона.

Дар натиҷа таҷрибаи тақрибан ба нестӣ овардашудаи гирифтории кӯдакон ба сурхакон аз байн рафт ва дар солҳои 2014-2015 дар саросари ин ҷумҳурӣ 17 ҳазор ҳолати беморӣ сабт шуд. Баъди тадбирҳои саросарӣ ва коҳиши қобили мулоҳизаи ин беморӣ, соли 2023 эпидемияи нави сурхча сар зад.

Мақомоти беҳдошт сокинонро ташвиқ мекунанд, ки фарзандони 1 то 6-соларо ҳатман зидди сурхча эм кунанд ва эмгузаронӣ ройгон барпо мешавад.

навшуда

Аюб Усмонзода, ректори пешини Донишгоҳи Хуҷанд ба 7 соли зиндон маҳкум шуд - АП

Акси Аюб Усмонзода аз як нишасти матбуотии донишгоҳи давлатии Хуҷанд дар моҳи августи соли 2023
Акси Аюб Усмонзода аз як нишасти матбуотии донишгоҳи давлатии Хуҷанд дар моҳи августи соли 2023

Додгоҳи вилояти Суғд, профессор ва ректори собиқи Донишгоҳи давлатии Хуҷандро бо гуноҳи ришваситонӣ ба 7 соли зиндон маҳкум кардааст. Дар ин бора рӯзи 15-уми июл хабаргузории “Азия Плюс” гузориш дода, гуфтааст, ки устоди улуми таърих Аюб Усмонзодаи 53-сола ба гирифтани ришваи зиёд гунаҳкор дониста шудааст. Ҳукми ӯ рӯзи 26-уми июн содир шудааст. Маълум нест, профессори тоҷик аз кӣ ва чӣ қадар пора гирифтааст.

Назари вакили дифои Аюб Усмонзода маълум нест, вале дар гузашта ҳамсари ӯ ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки “ба шавҳараш бадӣ кардаанд” ва хонаводааш умед дорад, ки ӯро озод мекунанд. Аюб Усмонзода моҳи апрели соли 2022 бо қарори ҳукумати Тоҷикистон ва имзои раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд таъйин шуд ва моҳи майи имсол ӯро аз мақомаш озод гирифтанд ва сабаби сабукдӯш карданашро ҳам нагуфтанд.

7 соли ҳабси Аюб Усмонзода - ректори собиқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:35 0:00

Ректори собиқи яке аз донишгоҳҳои бузургтарини давлатии Тоҷикистонро моҳи марти имсол дастгир карданд ва аз он замон то кунун ҳамеша парвандаи ӯро махфӣ нигаҳ доштаанд. Аммо моҳи феврали ҳамин сол раёсати идораи мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд Донишгоҳи давлатии Хуҷандро муассисае номид, ки ба гуфтаи идора, ришваситониву фасод дар он авҷ гирифтааст.

Дар ин донишгоҳ ба қавли мақомот, танҳо дар соли гузашта тақрибан 50 мавриди ришвахориву пораситониро ошкор кардаанд. Аюб Усмонзода чанд вақт баъд аз боздошти Парвиз Рӯзизода, декани факултаи биология ва химияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дастгир шуд. Парвиз Рӯзизода рӯзи 13-уми июни соли 2025 дар боздоштгоҳ даргузашт ва сабаби марги ӯро бемории қалб гуфтанд.

Дар ҳамлаҳои Русия ба Украина як беморхонаи касалиҳои рӯҳӣ хароб шудааст

Артиши Русия шаби 15 июл шаҳри Шосткаи вилояти Сумии Украинаро мушакборон кард, дар натиҷа, бинои беморхонаи касалиҳои рӯҳӣ хароб карда шуд ва 11 бинои истиқоматии баландошёна осеб дид.

Бар асоси иттилои пешакӣ, ба шаҳри Шостка се ҳамлаи мушакӣ сурат гирифтааст. Як нафар маҷрӯҳ гардид. Дар маъмурияти низомии вилоят гуфтанд, ки “ҳаҷми хисорот дақиқ карда мешавад. Ҳоло поккории ҷои харобаҳои биноҳо идома дорад”.

Шарҳдори Шостка Николай Нога гуфт, ки дар ҳамлаи шабона диспансери бемориҳои рӯҳу асаби Свеский мавриди ҳамла қарор гирифт ва бинои он хароб карда шуд. Дар баробари 11 бинои манзилҳои бисёрошёна 10 манзили истиқоматии хусусӣ ҳам осеб дидаанд.

Олег Григоров, раҳбари маъмурияти ҳарбии вилояти Суми гуфт, ки дар ҳамлаҳои шабона духтарчаи 14-сола маҷрӯҳ шудааст. Ӯ замоне, ки ба сӯи паноҳгоҳ шитоб мекард, аз таркише захмӣ шуд.

Дар деҳаи Приколотное дар вилояти Харков, ба иттилои Хадамоти давлатии ҳолатҳои изтирорӣ, хонаҳои хусусӣ хароб карда шуда, ду манзил ва чор сохтмони хоҷагӣ ба коми оташ рафтаанд. Як зани 68-сола осеб дидааст.

Русия аз муҳоҷирон шаҳодатномаи дигари тиббӣ талаб карданист

Дар Думаи давлатии Русия мехоҳанд тарҳи наверо баррасӣ кунанд, ки дар сурати қабули он, муҳоҷири корӣ бояд қабл аз вуруд ба Русия, шаҳодатномаи тиббӣ дар бораи надоштани ягон вируси сирояткунанда, пешниҳод кунанд.

Аз пешниҳоди мазкур Ярослав Нилов, раиси Кумитаи кор, ҳифзи иҷтимоӣ ва собиқадорон дар телеграм канали хуб хабар додааст.

Бо пешниҳоди вай, муҳоҷири корӣ ба ғайр аз суғуртаи тиббӣ, бояд натиҷаҳои санҷишеро ҳам пешниҳод кунанд, ки дар бадани онҳо мавҷуд набудани маводи мухаддир ва психотропиро тасдиқ мекунанд.

"Хориҷиёне, ки барои пул кор кардан ба Русия меоянд, бояд мушкилоти моро ҳал кунанд, на мушкилоти худро биёранд",-таъкид кардааст ин вакил.

Ҳамчунин, бо пешниҳоди ӯ, шаҳрвандони хориҷие, ки ба Русия меоянд, бояд шаҳодатномаи мавҷуда дар бораи набудани ВИЧ, гепатити В, С, сил ва сифилис, дошта бошанд.

Бо вуҷуди тамоми маҳдудиятҳо, Русия бузургтарин мизбони муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказӣ боқӣ мемонад ва бино ба оморҳо, дар он кишвар бештар аз 1 миллион нафар аз муҳоҷирони тоҷик кору иқомат мекунанд.

Маҷрӯҳ шудани 4 нафар дар пайи таркиши балони газ дар Душанбе

Дар пайи сӯхтор дар як нуқтаи фурӯши самбӯса дар шаҳри Душанбе, 4 нафар захмӣ шудаанд.

Раёсати корҳои дохилӣ дар Душанбе хабар дод, ки оташсӯзӣ нисфирӯзии рӯзи 14-уми июл дар натиҷаи таркиши зарфи гази моеъ ва аз "беэҳтиётӣ", рух додааст.

Манбаъ гуфтааст, ки ин нуқта ба Тулқин Урунбаев тааллуқ дорад ва чор кормандони захмӣ, ҳоло дар беморхона бистариянд.

Ҳамасола дар пайи сӯхторҳо дар Тоҷикистон чандин кас қурбон мешавад ва ба иқтисодиёти кишвар ҳам хисорот ворид мешавад.

Қазияи Мадина Ҳалимова: Омбудсмен аз зӯроварӣ нисбати кӯдакон изҳори нигаронӣ кард

Умед Бобозода, ваколатдори ҳуқуқи инсон
Умед Бобозода, ваколатдори ҳуқуқи инсон

Идораи Омбудсмен ва ё ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон аз марги чор кӯдаки хурдсол, ки модарашон онҳоро ба рӯдхона андохт, изҳори нигаронии амиқ карда, аз ҷомеа ва мақомот хостааст, барои муҳофизати кӯдакон тадбирҳои бештар биандешанд.

Дар баёнияи дафтари матбуоти омбудсмен дар бораи фоҷиаи моҳи гузашта дар ноҳияи Фархор, ки дар сомонаи ин ниҳод нашр шуд, омадааст, “ҳодисаи мазкур боиси нигаронии амиқи мақомоти давлатӣ ва аҳли ҷомеа гардида, чораҳои таъхирнопазирро дар самти ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини манфиатҳои беҳтарини кӯдакон тақозо менамояд.”

Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон гуфтааст, бо вуҷуди андешидани тадобир дар бораи ҳимояти кӯдакон “ҳолатҳои алоҳидаи фавт, зӯроварӣ ва табъиз, ки нисбати кӯдакон ба вуқӯъ меоянд, ташвишовар боқӣ мемонад.”

Дар ин баёния ҳамчунин омадааст, “таҳлилу омӯзишҳо нишон медиҳад, ки дар аксар ҳолат ҳуқуқу манфиати кӯдакон аз ҷониби падару модар, дигар парасторони онҳо ва махсусан шахсоне, ки кӯдак ба онҳо меҳр баста, боварӣ дорад вайрон карда мешавад.”

Шаби 29 ба 30-уми июн Мадина Ҳалимова, модари 27-солаи чаҳор тифли хурдсол, ки хурдӣ семоҳа ва бузургӣ 5-сола буд, чаҳор фарзанд ва худашро зоҳиран бо қасди худкушӣ ба рӯдхонаи Яхсу андохтааст.

Чаҳор фарзандаш ғарқ шуда ҷон додаанд, вале худаш зинда монд. Ӯро бо иттиҳоми қатли кӯдаконаш боздошт карданд, вале сабабҳои дақиқи қасди худкушӣ кардани зани ҷавон маълум нест. Ҷасади се тифлашро пайдо кардаанд, ҷустӯҷуи яке дигар идома дорад.

Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон аз мақомот, падару модарон ва ҷомеа тақозо кардааст, ки барои таъмини муҳити солиму амн барои кӯдакон чора биандешанд ва барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ “дар самти ҳифз, тарбия, таълим, назорат ва рушди кӯдакон корҳои фаҳмондадиҳиро тақвият бахшанд.”

Пайвандони як духтари чечен талош карданд ӯро аз Гурҷистон рабоянд

Пайвандони як духтари чечен, ки аз хушунати хонаводагӣ ба Гурҷистон фирор карда буд, ӯро дуздида талош карданд ба Русия баранд. Дар ин бора гуруҳи ҳомиёни ҳуқуқи "Маарем" хабар доданд.

Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, Лаура Авторханова рӯзи 13-уми июл ба кормандони паноҳгоҳ хабар додааст, ки наздиконаш ӯро пайдо кардаанд. Вақте кормандони паноҳгоҳ ба қаҳвахонаи таъиншуда омаданд, Авторханова ҳамроҳ бо хоҳаронаш ва панҷ чечен буд. Ин афрод Лаура Авторхановаро шиканҷа карда, баъдан бо худ бурданд.

Ба гузориши "Маарем", наздиконаш баъди дуздидани Авторханова ӯро ба шуъбаи пулис бурданд, то дар бораи ихтиёран тарк кардани Гурҷистон ариза нависад. Дертар хешовандони духтар шуъбаи пулисро тарк карданд ва баъди пурсиш, кормандони пулис Лаура Авторхановаро ба ҷойи бехатар бурданд.

Пулис таҳқиқ дорад, ки чигуна бо вуҷуди зери муҳофизат қарор доштани Лаура Авторханова, хешовандонаш ба ӯ наздик шуданд.

Дар Олмон мурофиаи табибе шуруъ мешавад, ки 15 беморашро куштааст

Дар шаҳри Берлини Олмон як табиберо муҳокима мекунанд, ки дар куштори барқасдонаи 15 муштариаш гунаҳгор мешавад. DPA менависад, табибе, ки бо методи паллиативӣ ё таскинбахш кор мекард, гуноҳи худро эътироф намекунад.

Дар мурофиа бояд назари 150 шоҳид пурсида шавад. Шояд мурофиаи додгоҳӣ то январи соли 2026 идома кунад. Табибро бар асоси шикояти хешовандони 13 қурбонӣ ба ҷавобгарӣ кашидаанд. Исми табиби гумонбар нашр намешавад.

Аз ин пеш Би-би-си бо такя ба хулосаҳои тафтишот навишт, ки барои куштани муштариёнаш ин табиб аз маҷмӯи маҳлули омодашуда аз омехтаи маводи доруворе истифода мекард ва дар баъзе ҳолатҳо барои пӯшонидани изи ҷиноят хонаҳои беморонро оташ мезад.

Дар фосилаи солҳои 2021 то 2024 ҳадди аққал 12 зан ва се марди бемор қурбонии ин табиб шудаанд. Ин шахсони 25 то 94-сола ҳама дучори бемориҳои табобатнашаванда ва марговар буданд ва бо ҳамин сабаб ба табиби таскинбахш муроҷиат карданд.

Додситонӣ маълум кардааст, ки табиб бидуни огаҳӣ ва ризоияти беморон ба хуни онҳо доруҳои дардкуше ворид мекард, ин дору мушакҳоро фалаҷ ва нафаскашии инсонро қатъ мекарду боиси дар чанд дақиқа мурдани инсон мегардид.

Трамп аз интиқоли низоми "Патриот" ба Украина хабар дод

Президент Доналд Трамп эълом кард, ки ба Украина низоми зиддимушакии "Патриот" мефиристанд ва маблағи онро Иттиҳоди Аврупо мепардозад. Дар ин бора хабаргузории "Ройтерс" гузориш додааст.

Ба гуфтаи Трамп, Украина барои дифои худ ба низоми “Патриот” эҳтиёҷ дорад. "Путин нарм суҳбат мекунаду бегоҳи ҳамон рӯз ҳамаро бомбаборон мекунад,"-гуфт президенти Амрико дар Вашингтон. Аммо раиси ҷумҳури Амрико нагуфт, ки ба Украина чанд низоми зиддимушакии “Патриот” медиҳанд.

Дар назар аст, ки имрӯз Доналд Трамп дар бораи ҷанги Украина “изҳороти муҳим” диҳад. Пойгоҳи Axios менависад, президенти ИМА интиқоли бастаи нави силоҳҳо ба Украина, аз ҷумла мушакҳои дурпарвозро эълон мекунад.

Ба гуфтаи манобеи ин Axios, ба Украина мушакҳое дода мешавад, ки метавонад ба дохили Русия, аз ҷумла Маскав зарба занад. Ин хабар то ҳол расман тасдиқ нашудааст.

Шаби 14-уми июн Русия бо 136 паҳпод ба Украина ҳамла кард. Ба иттилои артиши Украина, 28 паҳпод ба ҳадаф расиданд. Дар ин ҳамла низомиёни рус аз мушакҳо низ истифода кардаанд.

Вазорати оби Қазоқистон ба сокинон роҳи сарфаи обро машварат дод

Дар Қазоқистон вазорати захираҳои об ба сокинон як машваратномае нашр кардааст, ки тарзи сарфаи обро нишон медиҳад. Аз ҷумла, ба сокинон тавсия мешавад, ки ба ҷои оббозии муфассал душ қабул кунанд, ҷумаки обро баста, бо об дар пиёла дандон бишӯянд.

Вазорат гуфтааст, ки машваратҳои сарфаи обро ба таври таблиғоту огаҳӣ дар кӯчаҳову хиёбонҳои кишвар ҳам паҳн хоҳанд кард. Масалан, як машварати дигар ин аст, ки мошинҳои ҷомашӯиро танҳо пур карда баъд ба кор дароранд, дар ташноб ҳам режими сарфаи обро истифода кунанд ва ҳам вазъи лӯлаҳои обро дар хона ҳамеша бисанҷанд, то ки об беҳуда сарф нашавад.

Вазорати оби Қазоқистон гуфтааст, ки дар сурати риояи ин чораҳо, дар як сол ҳар як оилаи иборат аз шаш нафар метавонад то 35 ҳазор литр об сарфа шавад.

Бо сабаби гармоиши иқлим солҳои охир Қазоқистон бо камбуди афзояндаи оби ошомиданӣ рӯбарӯ мешавад ва пешбиниҳои СММ ин аст, ки то соли 2040 хатари он вуҷуд дорад, ки дар кишвар камбуди об то 50% афзоиш ёбад.

навшуда

Боздошти марде дар Зафаробод барои ба худкушӣ расонидани ҳамсараш

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Полис дар шимоли Тоҷикистон мардеро аз рӯи иттиҳоми ба худкушӣ расонидани ҳамсараш гумонбар эълон кардааст. Исми ин хонавода маълум нест, вале дар хабари ВКД аз рӯзи 12 июл ҷузъиёти фоҷеа дар ноҳияи Зафаробод нашр шудааст.

Бино ба ин хабар, марди 34-сола “муддати зиёд” бо ҳамсари 28-солааш ҷангу ҷанҷол намуда, ӯро ба худкушӣ расонидааст. Дар хабари расмӣ омадааст, ки “бинобар муомилаҳои бераҳмона ва ҷабру зулми шавҳараш” рӯзи 10-уми июл зан дар оғилхонаи манзили истиқоматиаш худро дор овехтааст.

Аз рӯи моддаи қисми 2 моддаи 109-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, яъне “Ба худкушӣ расондан” парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда тафтиш идома дорад.

Ҳодисаҳои барои ба худкушӣ расонидани ҳамсар ба ҷавобгарӣ ҷалб шудани шавҳарон дар гузашта ҳам ҷой доштааст. Моҳи ноябри соли 2024 ВКД дар бораи ҳодисаи сирко нӯшида ҷон додани зани 21-солаи сокини Истаравшан хабар дод.

Тафтиш маълум кардааст, ки ин зан пеш аз худкушӣ мавриди латукӯби бераҳмонаи ҳамсари 26-солааш қарор гирифтааст. Соли 2023 ҳам сокини Душанбе Савринисо Сафарова дар 23-солагӣ худро оташ зад ва дар паи таҳқиқ додситонӣ ҳамсари ӯро аз рӯи моддаи “ба худкушӣ расонидан” ба ҷавобгарӣ ҷалб кард.

Ҳодисаҳои аз ҷониби дигар аъзои хонавода азият шудани келинҳои хонадон ва даст ба худкушӣ задани ин занҳо ҳам бисёр рӯй додааст. Дар як ҳодисаи ахир сентябри соли 2024 додгоҳи ноҳияи Деваштич Саломат Қодироваи 49-соларо барои ба худкушӣ расонидани келинаш Мадина Маҷидова ба панҷ соли зиндон маҳкум кард.

Омори пурраи чунин ҳодисаҳо феълан маълум нест, вале соли 2023, бино ба иттилои Кумитаи занон ва оилаи Тоҷикистон, дар кишвар 413 ҳолати сӯиқасд ба ҷони худ ба қайд гирифта шудааст. Тибқи маълумоти додситонии кулли Тоҷикистон дар соли 2024 дар кишвар 259 нафар занону духтарон ба худкушӣ ва суиқасд ба он даст задаанд.

Дар гузориши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон гуфта шудааст, ки санҷиши ҳодисаҳои худкушӣ ва сӯиқасд ба он нишон медиҳанд, ки дар аксари ҳолатҳо сабабу шароитҳои мусоидаткунанда хусусияти якхела дошта, бештар ба муносибатҳои оилавӣ байни волидону фарзандон, муноқишаҳои ночизи оилавӣ байни зану шавҳар, вуҷуд надоштани ҳамдигарфаҳмӣ дар байни аҳли оила, сатҳи пасти зиндагӣ, бекорӣ, инчунин гирифторӣ ба бемории рӯҳӣ ва дигар бемориҳо рабт дорад.

Вазирони тоҷик дар бораи корашон ҳисобот медиҳанд

Яке аз нишастҳои хабарӣ. Акс аз бойгонӣ
Яке аз нишастҳои хабарӣ. Акс аз бойгонӣ

Вазирон ва роҳбарони идораҳои давлатии Тоҷикистон дар бораи кори нимсолаашон ба хабарнигорон гузориш медиҳанд. Тибқи иттилои хабаргузории "Ховар", нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо 21-уми июл оғоз шуда, то 8-уми август давом мекунад.

Ин нишастҳо дар ним сол як бор доир мешаванд. Хабарнигорон мегӯянд, бо мушкил шудани дастрасӣ ба иттилои расмӣ, нишастҳои хабарӣ аз камтарин имконият барои гирифтани маълумот аз шахсони аввали идораҳои давлатӣ аст.

Ташкили нишастҳои хабарӣ 18 сол пеш шуруъ шуд. Дар оғоз масъулони вазорату идораҳо ҳар се моҳ бо рӯзноманигорон вомехӯрданд. Аз соли 2011 нишастҳо дар ним сол як бор баргузор мешаванд.

Дастрасӣ ба иттилои расмӣ ва дақиқ дар Тоҷикистон мушкил аст ва чанд сол боз созмону кишварҳои ғарбӣ мақомотро барои тангтар кардани ҳалқаи озодии баён танқид мекунанд.

Дар ҳамла ба нуқтаи тақсими об дар Ғазза 8 кас кушта шудааст

Бар асари бархӯрди мушаки артиши Исроил ба нуқтаи тақсими об дар урдугоҳи гурезаҳои Нусейрат дар Ғазза, дастикам 8 нафар кушта ва 17 нафар захмӣ шуданд.

Хабаргузории "Ройтерз" бо такя ба мақомоти маҳаллӣ хабар дод, ки шаш нафар аз қурбониён кӯдак ҳастанд. Вазъи бисёре аз захмиён вазнин гуфта мешавад.

Артиши Исроил гуфт, ки мушак ба сӯи як ҷангҷӯи гуруҳи "Ҷиҳоди исломӣ" партоб шуда буд, аммо "ба далели корношоямӣ" мушак чанд метр дуртар афтид. Амрико ва Иттиҳоди Аврупо гуруҳи “Ҷиҳоди исломи”-ро созмони террористӣ медонанд. Исроил гуфтааст, таҳқиқи сабабҳои ҳодиса идома дорад.

“Артиши Исроил аз ҳамагуна зараре, ки ба ғайринизомиён расонида шудааст, изҳори таассуф мекунад,”-омадааст дар изҳороти артиши Исроил.

Расонаҳо: Путин аз Эрон хост, ғанисозии уранро қатъ кунанд

Владимир Путин ва Масъуд Пизишкиён
Владимир Путин ва Масъуд Пизишкиён

Владимир Путин аз тасмим барои комилан даст кашидани Эрон аз ғанисозии уран пуштибонӣ кардааст. Хабаргузории Axios бо такя ба манобеаш навиштааст, изҳори назари Путин дар гуфтугӯҳои пӯшида бо ҳамтои амрикоиаш Доналд Трамп ва намояндагони Эрон садо додааст.

Ба гуфтаи ин манбаъ, Маскав ба Теҳрон тавсия додааст, ки аз ғанисозии уран пурра даст кашад ва Русия омода аст, ки урани ғанишударо аз Эрон барорад.

"Путин аз эрониҳо даъват кард, ки дар ин самт кор кунанд, то музокироти беҳтаре бо амрикоиҳо дошта бошанд. Мақомоти Эрон гуфтаанд, ки ин масъаларо баррасӣ намекунанд,"-навиштааст хабаргузорӣ.

Axios ҳамчунин гузориш додааст, ки Русия дар мазҳари ом аз ҳаққи Эрон барои ғанисозии уран пуштибонӣ мекунад, вале баъди ҷанги 12 рӯза бо Исроил, Маскав мавқеи сахтар дар пеш гирифт. Дар ниҳоят Эрон аз он ноумед шуд, ки Русия дар рӯзҳои ҷанг бо Исроил, ба ҷуз изҳоротҳои матбуотӣ ба Теҳрон ягон кумаки ҷиддӣ накард.

Мақомоти Эрон рӯзи 12-уми июл гуфтанд, ҳамагуна созиши нав бояд ҳаққи ин кишвар бар ғанисозии уранро эътироф кунад.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG