Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозтоби ҳамла ба дидбонгоҳи "Султонобод" дар матбуоти хориҷӣ


Хабари ҳамлаи хунин ба дидбонгоҳи "Султонобод"-и неруҳои марзбони Тоҷикистон дар наздикии марзи ни кишвар бо Узбекистон дар сархати бисёре аз расонаҳои маъруфи ҷаҳон қарор гирифт ва тафсири гуногуни коршиносонро ба бор овард. Бархе аз онҳо эълони мақомоти тоҷикро, ки ҳамлаи мазкур кори дасти ҷангҷӯёни гуруҳи ваҳшатафкани ДОИШ “наздик ба ҳақиқат” номиданд, вале бархи дигар онро зери шубҳа қарор доданд ва пайомадҳои воқеаро “густарда” арзёбӣ намуданд.

“Ню Йорк Таймс” навишт, ин ҳамла ду ҳафта пас аз хабари марги раҳбари ДОИШ Абубакр ал-Бағдодӣ рух дод ва дипломатҳои ғарбӣ ҳушдор дода буданд, ки пайравони гуруҳи ваҳшатафкан даст ба интиқом хоҳанд зад. Вале Би-би-сӣ менависад, ДОИШ, ки дар аксар ҳолат хеле зуд масъулияти тақрибан ҳама гуна ҳамлаҳои террористии қобили мулоҳизаро бар дӯш мегирифт, чунин кореро дар баробари ҳамла дар Тоҷикистон амали афроди хеш эълон накардааст.

Бино бар навиштаи “Ню Йорк Таймс”, сухангӯйи ВКД Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ гуфтааст: “Эҳтимол дорад, ҳамлаварон шаҳрвандони худи мо бошанд.”

Дар ҳамин ҳол мақомоти Афғонистон дар гуфтугӯ бо ин нашрия тасдиқ кардаанд, ки ҷангиёни ДОИШ мудате пеш дар минтақаи Қалъаи Золи вилояти Кундуз пайдо шуда, даъвати худро ба роҳ мондаанд. Вале “Ал-Ҷазира” бо такия ба манобеи худ мегӯяд, ин қаламрав таҳти назорати ҷунбиши Толибон аст, ки бо пайравони ДОИШ миёнаи хубе надорад. Ба гуфтаи “Мавҷи Олмон” Тоҷикистон ҳамеша бо таҳдиди террористӣ аз қаламрави Афғонистон рӯбарӯ будааст, дар ҳоле ки таҳлилгари рус Александр Князев гуфтааст, минтақаҳои ҳарду ҷониби Омуро ба хубӣ медонад ва гумон намекунад, ҳамлаварон аз марз гузашта бошанд. Куллан, ба ақидаи ӯ, ин воқеа бештар ба “намоиш” монанд аст, ки ҳадафаш тасдиқи сиёсатҳои давлат ва сафарбарии пуштибонии мардум аз он аст.

Ба навиштаи маҷаллаи “Дипломат”, маълумоте, ки то ҳоло дар борви воқеа аз тарафи мақомоти давлатии Тоҷикистон нашр шудааст, аз рушан кардани ҳодиса ва посухҳо дида суолҳои бештареро ба миён овардааст. “Маълум нест, ҳамлаварон дар чӣ пайте 5 мил силоҳ ба даст оварданд, оё ҳангоми ҳамла ё пеш аз он? Ин ҳам беақлии азими ҳамлакунандагони бесилоҳ ё камсилоҳ аст, ки талоши ишғоли посгоҳи марзиро кунанд ва шумораи қурбониён далели ин буда метавонад.”

Таҳлилгари масоили Осиёи Марказӣ Брюс Паннир менависад, чандин шореҳ ба он ишора кардаанд, ки агар ҳамлаварон аз Афғонистон омадаанд, чаро бояд барои дастрас кардани аслиҳа ба посгоҳи марзӣ ҳуҷум кунанд, дар ҳоле ки силоҳ дар Афғонистон фаровон аст?

Ин дар ҳолест, ки мақомоти давлатии Тоҷикистон ҷараёни воқеаро баён накардаанд ва аксҳое, ки аввал нашр ва сипас пок карданд, на посгоҳи мавриди ҳамла, балки шояд натиҷаи дунболагирӣ ва торумори теъдоде аз афродро дар чаҳор мошини сабукрав нишон медиҳанд.

Маҷалла ин пурсишро ҳам матраҳ мекунад, ки ҳамлаварон кай ва аз куҷо ин чаҳор мошинро, ки шумораҳои давлатии Душанберо доранд, соҳиб гаштаанд ва ҳаракати корвоне аз чаҳорё бештар мошин дар масири зиёда аз 200 километр шубҳаи касеро ба миён наовардааст. “Дар байни 3 ноябр, яъне гузаштани онҳо аз марз ва 6 ноябр, яъне рӯзи воқеа, ин одамон чӣ кор мекарданд? Чӣ гуна 20 ҷангии ДИ бо ин корвони мошинҳо аз посгоҳҳои дигар гузаштанд? Агар онҳо аъзои ДИ буданд, мақсадашон чӣ буд ва агар ҷангиёни ДИ набуданд, пас кӣ буданд?” – суол медиҳад “Дипломат”.

Шабакаи телевизионии “РБК” таносуби шумораи кушташудаҳои воқеаро 15 бар 2 нуктаи “ночаспон” ба шарҳи расмӣ медонад ва мегӯяд, маълум нест, гуруҳи 20-нафари ниқобдорон бо чӣ теъдод аз марзбонон ё сарбозони давлат вориди даргирӣ шудааст ва ин талафот дар чӣ вазъе ба миён омадааст.

Бархе аз расонаҳо пешбинӣ мекунанд, ки воқеаи ахир метавонад пайомадҳои зиёд ва васеи дохилӣ, минтақаӣ ва байнулмилалӣ дошта бошад. Тоҷикистон ба ду интихоботи муҳим, порлумонӣ ва президентӣ, омодагӣ мегирад ва эҳтимоли интиқоли қудрат низ вуҷуд дорад. Чунин ҳамлаҳо тарафдорони режими феълиро муттаҳид ва мухолифони онро дар ҳоли дифоӣ қарор медиҳад. Аз тарафи дигар Тоҷикистон ҳамеша аз зарурати таҳкими марзҳояш бо Афғонистон изҳори нигаронӣ мекунад ва ба мадади байнулмилалӣ ниёз дорад.

“Раша Тудей” ба нақл аз намояндаи аршади Вазорати корҳои хориҷии Русия Замир Кобулов гуфтааст, “ин таҳдиди ҷиддие ба Русия аст, вале пеш аз ҳама ба шарикони мо дар Осиёи Марказӣ.” Бояд мунтазир намонд, балки амал кард, афзудааст дипломат ва ба Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ ишора кардааст.

Мақомоти Тоҷикистон рӯзи 6 ноябр хабар доданд, ки як гуруҳи 20-нафарии ҷангиёни ниқобпуши ДОИШ ба дидбонгоҳи "Султонобод" дар ноҳияи Рӯдакӣ, дар марзи Тоҷикистону Узбекистон ҳамла карданд ва 5 силоҳро рабуданд. Дар ин воқеа 17 нафар, аз ҷумла як марзбон ва як корманди милиса кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG