Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эълони арзонӣ ва навбатпоии тӯлонӣ дар паси дари "Ашан". АКС


Эълони арзонӣ дар ҷашни дусолагии "Ашан", ҳипермаркети фаронсавӣ дар Душанбе, садҳо сокини пойтахтро пушти дарвозаи ин фурӯшгоҳи бузург гирд овард. Вале бархе аз муштариён гуфтанд, ки фарқ миёни эълону воқеияти дохили фурӯшгоҳ аз замин то осмон буд.​

“Гуфтанд, ки ҳама чиз арзон аст”

Баъд аз зуҳри 23-юми июн садҳо нафар дар назди даромадгоҳи ҳипермаркети “Ашан” гирд омада буданд. Дар баста буд ва посбонон низ иҷозаи вуруд ба онро намедоданд. Муштариёни фурӯшгоҳ гуфтанд, хабари арзонии маҳсулот онҳоро аз гӯшаҳои Душанбе ба инҷо кашондааст.

Маҳмуд Атоев, як сокини пойтахт, тақрибан ду соат пушти дари “Ашан” интизор нишастааст. Хабари арзон шудани мол дар ягона ҳипермаркети Тоҷикистонро ӯ аз ронандаи мусофирбар шунид ва хост барои рӯзгораш маҳсулоти арзон бихарад.

Дар қатори Маҳмуд Атоев нафарони дигар ҳам зиёд буданд, ки бо умеди хариди маҳсулоти арзон пушти дари “Ашан” омада буданд. Аммо на ба ҳамаи онҳо иҷозаи вуруд дода мешуд.

Яке аз масъулони "Ашан" дар Душанбе рӯзи 23-юми июн гуфт, азбаски одами зиёд ҷамъ омад, наметавонистанд ҳамаро дар як вақт ба дохил роҳ диҳанд. Ӯ гуфт, "дохили фурӯшгоҳ пур аз мардум буд. Бояд онҳо моли зарурии худро харида, аз фурӯшгоҳ мебаромаданд. Сипас, навбати гуруҳи дигар фаро мерасид. Эҳтимоли дуздии мол ҳам вуҷуд дошт”

​“Ҳама чиз 2 сомонӣ" Афсона ё ҳақиқат?

Сокинони Душанберо асосан хабари 2 сомонӣ нархгузорӣ шудани ҳамаи маҳсулот дар “Ашан” ба ин фурӯшгоҳ кашидааст.

Меҳрангез Султонова, сокини Душанбе ҳамроҳ бо худ чаҳор ҳамсояи дигарашро гирифта овардааст. Ӯ мегӯяд, як дафъа бо нархи 2 сомонӣ чанд маҳсулотро харид. “Собун, суперконтик, макарон, йогурт, шоколад 2 сомонӣ аст. Картошка 50 дирам. Харид кардем, боз дубора мехоҳем харид кунем,”-гуфт Меҳрангез Султонова.

“Беҳтараш пулро ҳайф накунем”

Аммо ба ин арзонии “Ашан” на ҳама бовар доранд. Бархе муштариёни ин фурӯшгоҳ баъди дидан аз маҳсулоти арзон гуфтанд, “беҳтараш пулро ҳайф накунем.” Фарзонаи Умаралӣ, рӯзноманигори тоҷик мегӯяд, он маҳсулоте, ки дар “Ашан” 2 сомонӣ нарх дорад, онро аз бозори “Корвон” метавон арзонтар пайдо кард.

“Бар замми ин, аз 2 дона зиёд ба нархи 2 сомонӣ гирифтан иҷозат нест. Дар назди картошкаҳои 50-дирамаашон аз бӯи ғализ ду дақиқа ҳам истода намешавад. Болои ин, аз зиёд будани одам ва ҷангу ҷанҷол сари кас ба дард меояду 2 соати дигар навбат поида, бо ҷангу ҷанҷол баромада меравӣ. Ҳатто чекатро намедиҳанд,”-гуфт ин ҳамсуҳбати мо.

Фарзонаи Умаралӣ мегӯяд, нархгузории маҳсулоти арзоншуда низ шубҳаангез аст. Чун ба қавли ӯ, маҳсулоте, ки ӯ гирифта буд, ба ҳисоби худаш бояд 45 сомонӣ мешуд, аммо дар хазина аз ӯ 70 сомонӣ гирифтанд. “Инчунин, чекро надоданд ва вақте онро талаб кардам, дарронда партофтанд”, - афзуд ӯ.

Масъулони “Ашан” гуфтанд, ки ду сомонӣ нархгузорӣ шудани баъзе маҳсулот рамзӣ аст.

Фурӯшгоҳи бузурги "Ашан" моҳи июни соли 2016 ба кор сар кард ва аз оғози фаъолияташ ду сол сипарӣ шуд. Мақомот гуфтанд, барои бунёди фурӯшгоҳи “Ашан” 13 миллион доллар сарф шудааст.

Қарордоди сармоягузорӣ барои бунёди ин ҳипермаркет дар ҷараёни сафари Сума Чакрабортӣ, мудири Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушд дар соли 2014 дар Душанбе имзо шуд. Ҳипермаркет ба ширкати “Ашан-Тоҷикистон”, муаасисаи тобеи гурӯҳи Schiever-и Фаронса тааалуқ дорад.

Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушд моҳи ноябри соли 2015 гуфта буд, ки дар бунёди ин фурӯшгоҳи бузург 5 миллион евро сармоягузорӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG