Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вақте раҳбарон мемиранд, бо режимҳои авторитарӣ чӣ хоҳад шуд?


Леонид Брежнев

Шумо ҷузъе аз нухбагони режими авторитарӣ ё худкома ҳастед ва шахси аввал аз беморӣ ранҷ мебарад ва мумкин аст бо марг рӯбарӯст. Кӣ ворис мешавад, маълум нест. Дар чунин вазъият бо режим чӣ рух хоҳад дод?

Ин масъала чанде пеш дар пасманзари овозаҳо дар бораи тақдири раиси ҷумҳури Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов барҷаста шуд. Гумонзаниҳо дар мавриди марги ӯ танҳо рӯзи 12-уми августи имсол, баъд аз он ки ба ҳайси созмондиҳандаи анҷумани иқтисодии Каспий суханронӣ кард ва бо раҳбарони чанде аз ҳукуматҳо вохӯрд, пурра рад шуданд.

Аммо гум шудани Бердимуҳаммадов аз маҳзари ом ва эфири телевизионҳои давлатӣ, ки ӯро ҳар шом намоиш медоданд, ба ёди бисёриҳо марги Сафармурод Ниёзов, раҳбари пешини Туркманистонро овард.

Марги Ниёзов, ки худро Туркманбошӣ ё падари тамоми туркманҳо меномид, монанди марги Ислом Каримов, раҳбари пешини Узбекистон (соли 2016) бо як зумра сир ҳамроҳ буд. Айни чунин ҳолат бо марги раҳбарони Шӯравӣ – Андропов, Черненко, Брежнев ва қисман Сталин – ҳам рух дода буд.

Дар даврони пасошӯравӣ, мисли солҳои пойбарҷоии он, эълони марги раҳбарони авторитарӣ кори саҳле нест. Ин ҷараёни мушкиле аст, ки вижагиҳои худро дорад. Агар вазъият хуб идора нашавад, эътимоди мардум ба раҳбар гум шуда, шакку гумонҳоро дар мавриди пойдории режим ба вуҷуд меорад. Агар масъалаи ворис ҳал нашуда бошад, ки маъмулан дар кишварҳои авторитарӣ зуд-зуд рух медиҳад, шакку гумонҳо дучанд мешавад.

ИОСИФ СТАЛИН (1953)

Эҳтимол марги Сталин ҳодисаест, ки бар асоси он мешавад дар бораи ташкили гӯручӯб дар режимҳои авторитарӣ китоби дарсӣ навишт. Албатта, дар асрҳои гузашта марги шоҳу малика ва императорҳо ҳам бо маросими мушкиле ба ҳамроҳ буданд. Аммо асри 20-ум даврони иртибот бо аудиторияи дохилӣ ва байналмилалӣ буд, ки гоҳе бо он муколамаро дуруст мекарданд ва гоҳе онро фиреб медоданд.

Дар ҳолати Сталин, ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ вазъиятеро ба вуҷуд овард, ки баъдан онро “кеши шахспарастӣ” номиданд. Барои бисёре аз шаҳрвандони Иттиҳоди Шӯравӣ Сталин “нимхудо” буд, ки ба ҷуз аз дигар масоил тавонист кишварро бар Олмони фашистӣ пирӯз гардонад.

Маросими видоъ бо Сталин
Маросими видоъ бо Сталин

Рӯзи 1-уми марти соли 1953 Сталинро дар ҳолати беҳушӣ дар рӯи фарши бӯстонсарои канори Маскав баъд аз хунрезии мағзӣ дарёфтанд. Духтурон, ки аз идомаи моҷарои “парвандаи пизишкон” тарсида буданд, чандон кӯшиши табобат кардани Сталинро надоштанд ва ӯ се рӯзи ояндаро дар бӯстонсаро гузаронд.

Хабари аввал аз бад шудани вазъи саломати Сталинро тавассути радио субҳи чаҳоруми март расониданд. Гуфта мешуд, ки ӯ хунрезии мағзиро пушти сар кард ва қисман фалаҷ шудааст. Дар ин хабар ҳамчунон гуфта мешуд, ки раҳбар табобат мешавад.

Шоми 5-уми март Сталин даргузашт. Субҳи рӯзи дигар парчами давлатиро бо досу болға поин фароварданд. Расонаҳои давлатӣ марги ӯро эълон намуданд.

Нашрияи ҳизбии «Правда» сӯгвориеро нашр кард, ки дар он ба асосгузори давлати Шӯравӣ Владимир Ленин арҷ мегузошт. Мисли ин ки марги Сталин метавонад назми оҳанини ҳизби коммунистиро бар ҳам занад. Дар ин матлаб қайд мешуд, ки шарти асосии тавоноии ҳизб «ваҳдат ва ҳамраъйии аъзо аст».

Сталин дар мавриди вориси худ ҳеч гуна дастуре боқӣ нагузошта буд. Дар рӯзи марги ӯ аъзои бюрои сиёсии ҳизби коммунист, аз ҷумла Георгий Маленков, Лаврентий Берия, Вячеслав Молотов, Никита Хрушев ва дигарон барои созмон додани сохтори «мудирияти муташаккил дастҷамъӣ» мулоқот карданд. Дар ин ҳайат, ки ҳама худро баробар медонистанд, Маленков дар сафи аввал буд.

Муборизаи махуф то моҳи сентябр идома кард, то замоне ки пешгомии Никита Хрушев бармало нашуд.

ЛЕОНИД БРЕЖНЕВ (1982) / ЮРИЙ АНДРОПОВ (1984) / КОНСТАНТИН ЧЕРНЕНКО (1985)

Марги Леонид Брежневи 75-сола дар соли 1982 аввалин фавте дар занҷираи марги раҳбарони Иттиҳоди Шӯравӣ буд, ки дар мавриди пойдории ин давлат суолҳо ва нақлҳои бисёри ҳузнангезро ба вуҷуд овард.

Дар солҳои ахири умри худ Брежнев асосан бемор буд ва дар маҳзари ом кам пайдо мешуд. Раҳбарони коммунист борҳо овозаро дар бораи вазъи бади саломатии ӯ рад мекарданд.

Шоми даҳуми ноябр телевизиони давлатӣ эфирро аз нав бандубаст кард. Яке аз шабакаҳои телевизионӣ филми ҳуҷҷатиро дар бораи Ленин намоиш медод, дигаре симфонияи Чайковскийро. Дертар балети сесоатаи «Кӯли қувон»-ро намоиш доданд.

Соати 11 ба вақти Маскав марги Брежневро расман эълон карданд. Ровии машҳур Игор Кириллов хабари марги Брежневро дар барномаи «Время» бо ашки чашм хонд.

Баъдан хабаре нашр шуд, ки Брежнев моҳи май сактаи қалбиро пушти сар кардааст. Ҳамчунин маълум шуд, ки вай ҳатто ҳангоми назъи ҷон пешниҳоди ба ихтиёри каси дигар додани зимоми идораи давлатро рад намудааст.

Юрий Андропов
Юрий Андропов

Раиси КГБ Юрий Андропов, ки сигоркаши гузаро буд ва мушкили ҷиддии саломатӣ дошт, Брежневро иваз кард. Моҳи августи соли 1983 ӯро бинобар бемории гурдаҳояш бистарӣ карданд. Ин ҷузъиёт ҷиддан махфӣ буданд ва то замони марги ӯ, ки боз ҳам масъалаи ворисро ба миён овард, ошкор намешуданд.

Андропов 9-уми феврали соли 1984 дар 70-солагӣ даргузашт. Чанд соат то эълони расмии марги ӯ тавассути телевизион ва радио як мусиқии ҳузнангези классикӣ пахш мешуд. Баъди он боз балети «Кӯли қувон» намоиш дода шуд.

Дар эълони расмие, ки онро боз ҳам Кириллов хонд, Андропов пас аз бемории тӯлонии қанд ва фишорбаландӣ даргузашт.

Константин Черненко, ҷойгузини Андропов дар маснади раҳбари СССР, аз ҳамтои пешинааш ҳам камтар, ҳамагӣ сездаҳ моҳ дар қударт боқӣ монд. Черненко мисли Андропов бисёр сигор мекашид ва аз бемориҳои давомдоре ранҷ мебурд. Вай вақти зиёдеро ба дармони шуш ва бемориҳои дигар сарф мекард. Мушкили саломатии раҳбар ҳадди имкон мисли даврони ҳамтоёни собиқи ӯ аз ҷомеа пинҳон дошта мешуд.

Рӯзи 22-юми феврали соли 1985 Черненкоро, ки ҳоли хуб надошт, дар ҷамъомаде дар Маскав тавассути телевизион нишон доданд. Баъд аз шаш рӯзи дигар ӯ тавассути телевизион аз натиҷаи интихобот суханронӣ кард. Гумонзаниҳое ба вуҷуд омаданд, ки ӯ низ дер намепояд.

Константин Черненко
Константин Черненко

Рӯзи 10-уми март дар телевизиони давлатӣ боз ҳам балети «Кӯли қувон»-ро намоиш доданд. Черненко беҳуш шуда, аз дунё даргузашт. Кириллов дар се соли охир бори севум эълони расмии бюрои сиёсиро хонд.

Балети «Кӯли қувон» дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ ба ёди мардум марги раҳбаронро меовард. Дар соли 1991, вақте гурӯҳе аз раҳбарони баландпоя кӯшиши табаддулоти давлатиро карда, талош доштанд ҷойнишини Черненеко – Горбачевро сарнагун кунанд, боз ҳам аз эфири телевизион ҳамин балетро намоиш доданд. Бисёриҳо дар СССР гумон карда буданд, ки Горбачев ҳам мурдааст.

САФАРМУРОД НИЁЗОВ (2006)

Сафармурод Ниёзов мисли вориси ӯ Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов ҳамчун як раҳбари худкома ва худхоҳ маълум аст. Дар 21 соли раҳбарӣ Туркманистонро дар инзиво қарор дод, бо вуҷуди он ки кӯшиш мекард бо фурӯши захираҳои бешумори гази табиӣ пул ба даст биорад.

Ниёзов мисли Сталин кеши шахспарастиро рушд дод. Номи моҳҳоро иваз кард. Моҳи январро ба номи худ ва моҳи апрелро ба шарафи модараш гузошт. Хонандагони мактабро маҷбур мекард, ки асари «Рӯҳнома»-и ӯро хонанд ва ҳайкали тилоиашро насб кард, ки дар меҳвари худ давр мезад ва ҳамеша рӯ ба офтоб буд.

Субҳи 21-уми декабри 2006 телевизиони давлатии Туркманистон эълон кард, ки Ниёзов дар 66-солагӣ аз сактаи қалбӣ даргузашт. Ӯро рӯзи 24-уми декабр дафн карданд.

Сафармурод Ниёзов
Сафармурод Ниёзов

Худи ҳамон рӯз эълон шуд, ки Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, муовини нахуствазир ва вазири тандурустӣ, иҷрокунандаи вазифаи раиси ҷумҳур шудааст ва комисияи гӯручӯби Ниёзовро раҳбарӣ мекунад.

Чиро интихоб рӯи Бердимуҳамадов қарор гирифт, номаълум мемонад. Мувофиқи Конститутсия бояд раҳбари порлумони Туркманистон Овезгелди Атоев иҷрокунандаи вазифаи президент мешуд. Аммо дар ин миён ғайриинтизор эълон карданд, ки муқобили Атоев парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ва дертар ба зиндон андохтанд. Ин вазъият роҳи Бердимуҳаммадовро ба президентӣ ҳамвор кард.

Таъйини зудҳангоми Бердимуҳаммадов пас аз марги Ниёзов гумонзаниҳои нозиронро ба вуҷуд овард. Онҳо гуфтанд, марги Туркманбоширо пас аз чанд рӯзи фавти ӯ эълон кардаанд.

ИСЛОМ КАРИМОВ (2016)

Дар бораи марги Ислом Каримов, яке аз раҳбарони дарозумр дар фазои пасошӯравиро 2-юми сентябри соли 2016 эълон карданд. Вай 78-сола буд ва 27 соли ахир ҷилави қудратро дар даст дошт.

Тавре баъдан маълум шуд, Ислом Каримовро дар ҳолати вазнин рӯзи 27-уми август бистарӣ кардаанд. Овозаҳои нахустин дар бораи марги Каримов тавассути вебсайти мустақили Fergana.ru, ки хабарҳои Осиёи Марказиро пахш мекунад, пайдо шуд. Ин сайт дар бораи бистарӣ шудани Каримов хабар надод, балки навишт, вай сактаи мағзиро паси сар карда, даргузашт. Тасдқии ин хабар аз манобеи мустақил вуҷуд надошт.

Рӯзи дигар, 28-уми август, Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон хабареро нашр кард, ки Ислом Каримов табобат мегирад. Ин хабар ғайриодӣ буд, чун вазорат то он замон чунин иттилоеро нашр намекард.

Президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбаев, президенти Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов ва президенти пешини Узбекистон Ислом Каримов. 15-уми декабри 2009
Президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбаев, президенти Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов ва президенти пешини Узбекистон Ислом Каримов. 15-уми декабри 2009

Лола Каримова, духтари хурдии Каримов дар Facebook навишт, ки вазъи падари ӯ муътадил аст. Вай рӯзи 31-уми август аз узбекҳо хост, аз ҳангомасозӣ дар бораи марги падараш даст кашанд.

Саҳарии барвақти 2-юми сентябр оҷонсии иттилооти Reuters бо такя ба манбаъҳои дипломатие, ки аз онҳо ном бурда намешуд, навишт, ки Каримов мурдааст. Ва дар ҳамон рӯз нахуствазири Туркия дар маҷлиси ҳукумат гуфт, дар ғами мардуми узбек шариканд.

Лаҳни хабарҳои телевизиони давлатӣ дар бораи вазъи саломатии Каримов ҷиддитар шуд. Эълон шуд, ки ӯ сахт мариз аст. Соати даҳи шаби дувуми сентябр телевизиони давлатӣ марги ӯро эълон намуд.

Телевизиони давлатии Узбекистон дар бораи омодагӣ ба гӯручӯби Каримов дар зодгоҳаш Самарқанд гузориш пахш кард. Ба иттилои шабакаҳои телевизионӣ миёни онҳое, ки гӯри Каримовро омода мекарданд, Шавкат Мирзиёев ҳам буд, ки дар натиҷа ҷойи ӯро гирифт.

Шарҳҳоро бинед (26)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG