Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аввал киро заданд ва чаро заданд? Ҷузъиёти нави моҷаро дар "Парламент"


Ресторани Волл Стрит дар Хуҷанд.
Ресторани Волл Стрит дар Хуҷанд.

Пас аз панҷ рӯзи нашри гузориш дар бораи занозанӣ дар тарабхонаи “Парламент”-и шаҳри Хуҷанд, ҳеч яке аз мақомоти расмӣ ва ҳам тарафҳои моҷаро омода нашуданд вокуниш кунанд.

Хабарнигори Радиои Озодӣ бо наздикони ҳарду тарафи моҷаро ҳам тамос гирифт, вале аксари онҳо аз сӯҳбат худдорӣ карданд. Додситонии кул ғайр аз он, ки як зертобеашро аз соҳа ронд, маълумотеро расонаӣ накардааст. Радиои Озодӣ бо кӯмаки корбарон ва шоҳидони ҳодиса баъзе аз ҷузъиёти ҷанҷолу занозаниро пайдо кард.

Як шоҳиди айнӣ, моҷароро чунин нақл кард: “Абдуқаҳҳор Азизов додситони ҳоло собиқи шаҳри Бӯстон ва Парвиз Ашӯров, соҳибкор, молики тарабхонаву маркази дилхушӣ ва меҳмонхонаи “Парламент” аввал дар тарабхонаи “Wall Street”, ки ҳамшафати “Парламент” аст, бо ҷамъе аз дӯстон нишастаанд. Нишасти онҳо баъди як шабнишинии идона дар санаи 20-уми декабр бо иштироки овозхони шинохта Ҷонибек Муродов сурат гирифтааст.”

Худи овозхон нахост дар ин бора назар диҳад. Ба гуфтаи шоҳидон, муноқиша аз он шурӯъ шудааст, ки додситон, ки бо дӯстонаш дар тарабхона ҳузур доштааст, гӯё бо Парвиз Ашӯров ҷанҷол карда, ба сари ӯ даст бардоштааст. Баъдан ҷанҷолу занозанӣ дар назди Маҷмааи ”Парламент” идома ёфтааст.

Шоҳиди ҳодиса гуфт, ки аввал Парвиз Ашӯров ба рӯи Абдуқаҳҳор Азизов як шаппотӣ ва ё мушт задааст. Баъдан писар ва ё дигар наздикони Ашӯров ба ҷойи ҳодиса омада, гурӯҳӣ додситонро задаанд. Як нафари наздик ба Абдуқаҳҳор Азизов гуфт, ки дар натиҷаи зарбулат манаҳ ва дасти ӯ шикаста, сараш андак осеб дидааст.

Сипас бо омадани кормандони шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Бӯстон ва Хуҷанд шаби 21-уми декабр занозанӣ ва боздошти ҷонибҳои даргир дар дохили тарабхона сурат гирифтааст. Дар наворе, ки дастраси Радиои Озодӣ шуд, занозании сахт ва кӯшиши истифода аз силоҳи оташфишон дида мешавад. Дар як моҳи охир Азизов ду бор ҷарроҳӣ шудааст. Аксҳои ташхис ва осебро доираҳои наздик ба ӯ дастраси Радиои Озодӣ карданд ва гуфтанд, ки ҷабрдидаи асосӣ дар ҳодиса додситон аст.

Аз Раёсати вазорати корҳои дохилӣ ва ҳам Додситонии вилояти Суғд дар тафсири ин ҳодиса гуфтанд, ки бинобар дар тобеъияти Додситонии кул будани тафтишот ҳеч иттилое дода наметавонанд. Радиои Озодӣ ба Додситонии кул бо ирсоли номаи расмӣ хоҳони тафсилот шуд ва бо дастрас шудани номаи ҷавобӣ посухро нашр хоҳад кард.

Бархе аз манбаъҳои Радиои Озодӣ мегӯянд, ки писари Парвиз Ашӯров ва ба гуфтаи бархи дигар, ҷиянаш дар боздошт қарор дорад. Абдуқаҳҳор Азизов баъди нашри матлаби аввал дар бораи моҷаро дар Радиои Озодӣ аз вазифа сабукдӯш ва ҳам аз мақомоти додситонӣ ронда шуд.

Ҳарду тарафи ҷанҷол аз наздикони мансабдорони баландпояи Тоҷикистон ба шумор мераванд. Абдуқаҳҳор Азизов, писари Абдуҷаббор Азизов ёвари собиқи президенти Тоҷикистон дар масъалаи кадрҳо, муовини аввали раиси Ҳизби ҳокими Халқии Демократӣ ва корманди баландмақоми парлумон ва Парвиз Ашӯров домоди собиқи Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон аст.

Занозанӣ бо иштироки мансабдорон ва ё наздикони онҳо дар Тоҷикистон дар гузашта ҳам дида шудааст, аммо дар аксар маврид натиҷаи парвандаашон расонаӣ намешавад. Мақомоти интизомии Тоҷикистон, ки аз хурдтарин қонуншиканиҳо хабар медиҳанд, умдатан дар бораи ҷанҷоли фарзандону пайвандони мансабдорон ва афроди бонуфуз сукут мекунанд.

XS
SM
MD
LG