Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоизаи ба номи Файзиннисо Воҳидоваро ба Бузургмеҳр доданд. ВИДЕО


Нахустин ҷоизаи ба номи вакили дифои шинохта дар Тоҷикистон Файзиннисо Воҳидоваро ба ҳамкори зиндониаш Бузургмеҳр Ёров сазовор донистанд.

Ҷоизаро рӯзи 18-уми сентябр дар шаҳри Варшава ба бародари ӯ Ҷамшед Ёров супориданд, ки дар хориҷ аз кишвар зиндагӣ мекунад. Ҷоизаи мазкурро, ки 3 ҳазор доллар подоши молӣ дорад, тобистони имсол Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Аврупо таъсис дод.

Ҷамшед Ёров баъд аз хатми маросим ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар воқеъ бародараш сазовори ҷоиза буд. "Тақдими ҷоизаи ба номи Файзиннисо Воҳидова ба Бузургмеҳр Ёров рамзӣ ҳам аст, чун ҳарду дар ҳимояи ҳуқуқи инсон ва ҳимояи мардум як мавқеъ доштанд", -- афзуд ӯ.

Гузориши видеоӣ дар ин ҷост:

Бузургмеҳр Ёров барандаи ҷоизаи ба номи Файзиннисо Воҳидова шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:20 0:00

Ҳадаф аз таъсиси "Ҷоизаи байналмилалии Файзиннисо Воҳидова" ташвиқ ва қадронӣ аз афроду созмонҳое гуфта шудааст, ки фаъолияти худро сарфи дифоъ аз ҳуқуқи башар ва озодии баён ба вижа дар Тоҷикистон кардаанд.

Бузургмеҳр Ёров моҳи сентябри соли 2015, баъди омодагӣ ба ҳимоят аз ҳуқуқи аъзои боздоштшудаи ҳизби ҳоло дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ дастгир ва дар ҷиноятҳои мухталиф, аз ҷумла қаллобиву сохтакорӣ ва таҳқири президент айбдор шуд.

Додгоҳ соли 2017 ӯро ба 28 соли зиндон маҳкум кард. Худи ӯ ва тарафдоронаш иттиҳомотро рад карда, ҳукмро дорои ангезаҳои сиёсӣ меноманд. Порлумони Аврупо Ёровро зиндонии сиёсӣ номида ва хостааст, ки ӯро аз зиндон озод кунанд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки ӯ зиндонии сиёсӣ нест ва барои ҷинояти мушаххас ба зиндон маҳкум шудааст.

Моҳи августи имсол номи вакили зиндонии тоҷик Бузургмеҳр Ёров ба дарёфти Ҷоизаи ба номи Ватслав Ҳавел, дигарандеш ва президенти пешини Чехия, низ пешниҳод шуд. Ин ҷоизаи Маҷмаи порлумонии Шӯрои Аврупо ва Бунёди "Хартия-77" аст, ки ҳар сол ба ҳомиёни ҳуқуқи инсон дода мешавад.

Ёров нафари аввалин аз Тоҷикистон аст, ки номзадиаш барои дарёфти ҷоизаи ба номи Ватслав Ҳавел пешниҳод мешавад.

XS
SM
MD
LG