Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Набераи Назарбоев дар Бритониё паноҳандагии сиёсӣ хостааст


Ойсултон Назарбоев

Ойсултон Назарбоев, набераи президенти нахустини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, ки ҳоло дар шаҳри Лондон зиндагӣ мекунад, аз ҳукумати Бритониё паноҳандагии сиёсӣ хостааст. Дар ин бора худи Ойсултон рӯзи 12-уми феврал дар саҳифаи расмиаш дар Фейсбук, ки дар онҷо бо номи "Ойсултон Роҳат" сабтином шудааст, хабар дод. Дар ҳоле ки тасдиқи дурустии навиштаҳо дар саҳифаи фейсбукии Ойсултон Назарбоев имкон надорад, мақомот дар Бритониё то ҳол ин қазияро шарҳ надодаанд. Хонаводаи раиси ҷумҳурии Қазоқистон низ вокунише накардааст. ​

Ойсултон Назарбоев навиштааст, ба чунин кор баъди он даст зад, ки зери фишори хонавода қарор гирифт.

Набераи президенти собиқи Қазоқистон дар изҳороти фейсбукиаш мегӯяд, дар бораи фасодкориҳои миёни ҳукуматҳои Русия ва Қазоқистон иттилоъ дорад.

Ӯ, инчунин, навиштааст, гази қазоқӣ ба "Газпром"-и Русия бо нархи паст тавассути як ширкати миёнарав фурӯхта мешавад. Ин ширкат, гӯиё соле 1,5 миллион доллар даромад мебинад.

Саҳифаи Ойсултон Назарбоев дар Фейсбук
Саҳифаи Ойсултон Назарбоев дар Фейсбук

Назарбоеви хурдӣ навиштааст, даромадҳо аз ин "амалиёт" ба Сингапур меравад ва баъдан дар миёни афроди наздик ба президенти Русия ё "хазинадорон"-и Владимир Путин ва ҳам ширкати "Газпром" тақсим мешавад.

Ойсултон Назарбоев инчунин менависад, тахминан 700 миллион доллари ширкати миёнарав ба Қазоқистон дода мешавад ва дар байни тиҷоратҳои Тимур Қулибоев, шавҳари духтари миёнаи Назарбоев ва миллионер Ғайрат Боронбоев (собиқ падарарӯси Ойсултон) тақсим мешавад.

Набераи Назарбоев мегӯяд, модари ӯ Дариға Назарбоева ва шавҳараш Ғайрат Шарифбоев ин созишномаро ба дасти худ гирифтанӣ буданд. Дар ниҳоят, ба навиштаи Назарбоеви хурдӣ, "бо сабаби ҳарисии ҳарду ҷониб" ӯ зери зарбаи ду тараф ва дар байни моҷаро монд.

Ӯ аз як мулоқоташ бо бобояш Нурсултон Назарбоев дар Бритониё дар соли 2015 ҳам ёдовар шудааст. Ойсултон бовар дорад, ки президенти собиқро ба зидди ӯ шӯрондаанд. Дар ниҳоят ӯ ба бобояш гуфтааст, оилаву наздиконашон тиҷорати якдигар "дастдарозӣ" мекунанд.

Баъди ин сӯҳбат бо бобои президенташ, гӯё Ойсултон Назарбоев бо Боронбоев мулоқот карда, ҳама "масъалаҳоро ҳал кардааст".

Нурсултон Назарбоев
Нурсултон Назарбоев

Дар ниҳоят, гӯё Нурсултон Назарбоев духтараш Дариғаро аз мақоми муовини президент озод карда, барои кор ба Сенат фиристод. Шарифбоев аз мақоми президенти "КазТрансГаз" барканор ва ба шӯрои нозирони ин ширкат фиристода шуд. Ҳамаи ин, ба иддаои саҳифаи фейсбукии Ойсултон Назарбоев, сабаби фишори хонаводагӣ болои ӯ шуд.

Назарбоеви хурдӣ менависад, атрофиёни модараш талош карданд, ки гуноҳи ӯро ёфта, фишор оваранд, ки дар бораи коррупсия дар Қазоқистон дар Фейсбук чизе нанависад, вале ин кор аз дасташон наомад. Айни замон, ин ҷавон эътироф кардааст, ки ягона мушкили ӯ маводи мухаддир аст.

Ойсултон Назарбоев навиштааст, шиносномаи ӯро ронандаи модараш мусодира кардааст ва ҳоло умедвор аст, бо ёрии полис метавонад шиносномаи худро баргардонад. Ойсултон Назарбоев навиштааст, ки ҷузъиёти бештар аз инро ба нашрияи Times нақл кардааст.

Тирамоҳи соли 2019 додгоҳи Лондон Ойсултон Назарбоевро барои ҳамла ба полис шартан ба зиндон маҳкум кард. Тафтишот муайян кард, ки ӯ зери таъсири маводи мухаддир буд. Дар ҳукми додгоҳ гуфта шудааст, мӯҳлати шартии зиндон якуним сол буда, дар ин муддат ӯ аз вобастагӣ ба нашъа табобат кунад ва ҷарима супорад.

Ойсултон Назарбоев писари Дариға Назарбоева ва Роҳат Алиев аст. Ӯ Академияи низомии шоҳигарии Бритониёро хатм карда, ба раёсати ҷосусии Вазорати мудофиаи Қазоқистон ба кор қабул шуда буд.

Роҳат Алиев
Роҳат Алиев

Бархе таҳлилгарон мегӯянд, бо сабаби муътоди маводи мухаддир будани ӯ бовар кардан ба иддаоҳояш имкон надорад ва эҳтимол Назарбоеви хурдӣ таҳти таъсири бархе гурӯҳҳои мухолифи ҳукумат ин изҳоротро нашр кардааст.

Хабарнигори оҷонсии "Ройтерс" менависад, Назарбоеви хурдӣ солҳои охир саҳифаи фейсбукии худро аҳёнан нав мекунад ва дар гузашта тавассути Фейсбук эътироф карда буд, ки гирифтори маводи мухаддир аст. Рӯзи 13-уми феврал ин ҷавони 29-сола барои суҳбат дастрас набуд.

Дафтари матбуоти Дариға Назарбоева дар Қазоқистон ҳам аз шарҳи қазия худдорӣ кард ва сухангӯи Нурсултон Назарбоев дастрас набуд.

Нурсултон Назарбоеви 79-сола давоми наздик ба 30 сол раҳбарии Қазоқистонро ба ӯҳда дошт ва дар ин муддат тавонист назоратро ба тамоми низоми давлат ба дасти худ бигирад.

Баҳори соли гузашта эълон кард, ки аз мақоми президентӣ канор меравад ва ба ҷойи ӯ Қосимҷомарт Тоқаев омад. Назарбоев мақоми “пешвои миллат”-ро дорад ва тамоми шохаҳои давлат ҳамоно зери назари ӯ мемонад.

Падари Ойсултон – Роҳат Алиев – собиқ дипломат ва мақомдори баландпояи ҳукумати Қазоқистон, баъди бад шудани равобиташ бо падарарӯси президенташ тарки кишвар кард ва дар Вена зиндагӣ ихтиёр намуд. Соли 2008 бо қарори додгоҳе дар Алмаато ғоибона ба 20 соли зиндон маҳкум шуд. Соли 2015 дар як зиндони Австрия ҷасади ӯ пайдо шуд ва фарзияи расмӣ ин аст, ки худкушӣ кардааст, вале наздиконаш ба ин бовар надоранд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG