Рӯзи 6 июн дар Тоҷикистон таҷлили Иди Қурбон шурӯъ мешавад ва дар остонаи ин ид бархе сокинон ба молбозор мераванд, то гов ё гӯсфанди қурбонӣ бихарад.
Дар шаҳри Кӯлоб субҳи 5 июн серхаридор буд, вале на ҳама муштариҳо аз нархи мол хушнуд буданд. Яке мегуфт, гӯсфандеро, ки ба гуфтаи онҳо то ду ҳафта пеш 2400 сомонӣ пешниҳод мешуд, имрӯз бо нархи 2800 сомонӣ ба фурӯш гузошта буданд.
Субҳон, ки ҳамроҳ бо бародараш ба бозор рафта буд, чунин тағйири нархро "беинсофӣ" номид.
“Бисёр қиммат аст, - гуфт ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ. - Ҳоло нархи гӯшт аз тилло дида қиммат аст. Ҳоло як кило гушт 110 сомонӣ шудааст ва мегӯянд, ки "кушта гиред". Умуман рост намегирад ва беинсофист.”
Аммо тоҷирон мегӯянд, Иди Қурбон ба нархҳо таъсире накардааст.
Балки хӯроки чорво ба нарх таъсир дорад ва мол аз рӯйи гӯшт нархгузорӣ мешавад.
Фурӯшанда Муҳиддин гуфт, харидор хароҷоти парвариши молро, ки вобаста ба нархи бозор баланд мешавад, ба инобат намегирад.
“Ҳозир нарху наво бо кило савдо мешавад, - гуфт ӯ. - Агар гӯсфанд 20 кило гӯшт кунад, ҳамон 100 ва 99 сомонӣ рост меояд. Мисол, агар гаронтарин гӯсфанд 5 ҳазор сомонӣ бошад, шояд 50 кило гӯшт кунад. Аммо инашро ҳам ба назар гирем, ки ҳар нафаре, ки чорво мефурӯшад, хурокашро мехарад. Он мард шаш моҳ онро меҳнат карда, бузург мекунад ва харҷаш ҳам мувофиқи ҳамон зиёд аст", гуфт ин молфурӯши бозори Кӯлоб.
Имсол дар арафи ид дар бозори Кӯлоб бештар гусфанд ба фурӯш бароварда шудааст. Харидорони гов чандон зиёд нестанд.
Сокинони маҳаллӣ барои қурбонӣ бештар гӯсфанду буз мехаранд.
Ҳоло нарху навои чорво вобаста ба навъаш аз 2 то 20 ҳазор сомонӣ ба фурӯш гузошта шудааст.
Гуфтугӯ