Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Аз тири Толибон захмӣ шуд". Наздикони як зодаи Язгулом мегӯянд, ки ӯ дар маҳбас бемор аст


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Пайвандони Мақсад Одинаев, як зиндонии тоҷик, ки дар маҳбаси рақами яки шаҳри Ваҳдат адои ҷазо мекунад, аз вазъи саломатии ӯ нигарон буда, мехоҳанд барои муолиҷа ба бемористон интиқол дода шавад.

Ба гуфтаи наздиконаш, ин ҷавон аз тири марзбонони Толибон захмӣ шуда, баъдан дар Тоҷикистон ба зиндон маҳкум шуд. Назари масъулини зиндон ва додгоҳ дар ин бора дастрас нест.

Ин сокини 23-солаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ (Куйбишеви пешин) ва аз зодагони язгуломии ин ноҳия, моҳи апрели соли ҷорӣ бо иттиҳоми "тундгароӣ" ва "пайравӣ аз гурӯҳи "Ансоруллоҳ", ба чордаҳуним сол зиндон маҳкум шуд.

Ба гуфтаи наздиконаш, Мақсад Одинаев дар моҳи феврал баъд захмӣ шуданаш аз тири марзбонони Толибон ба зодгоҳаш баргашт ва аз тарафи мақомоти Тоҷикистон бо ҷурми ҳамкорӣ бо созмони "Ансорулло" айбдор ва ба зиндон маҳкум шуд.

Як манбаи Радиои Озодӣ, ки бинобар ҳассосияти мавзӯъ нахост дар гузориш аз ӯ ном бурда шавад, рӯзи 5 сентябр гуфт, ки Мақсад Одинаев аз зарби тир шадидан маъюб шуда буд ва бинобар ҳамин, Додгоҳи Хатлон дар авоили моҳи апрел мурофиаро дар манзили зисти ӯ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, баргузор кард.

Мурофиа дар чӣ шароит сурат гирифтааст ва назари Мақсад Одинаев ба айбнома чист, маълум нест. Мақомоти тафтишотии Хатлон дар робита ба қазияи Мақсад Одинаев шарҳе надодаанд.

Инчунин маълум нест, ки ин ҷавони тоҷик кай, бо кадом роҳ ва бо кадом ҳадаф ба Афғонистон рафтааст ва чаро аз сӯи Толибон ҳадаф қарор гирифтааст. Пайвандонаш дар ин робита изҳори бехабарӣ мекунанд.

"Пайвандонаш барояш ба маҳбаси рақами яки Ваҳдат ғизову либос мебаранд, вале дард дар узвҳои аз тир осебдидааш хуруҷ кардааст ва талаб доранд, ки ба беморхона бурда ва табобат карда шавад, вале ҳеҷ посухе аз тарафи масъулони зиндон нагирифтаанд", - мегӯяд манбаи Радиои Озодӣ.

Ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷ дар сарҳад бо Афғонистон ҷойгир аст. Давоми як соли ахир даҳҳо нафар аз зодагони ин минтақа дар шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Ванҷ ва Абдураҳмони Ҷомӣ боздошт ва бо иттиҳоми асосан пайравӣ аз гурӯҳҳои "Ансоруллоҳ" ва "Салафия", маҳкум ба зиндон шуданд.

"Ансоруллоҳ" ё "Ҷамоати Ансорулло", ки тибқи қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон террористӣ ва фаъолияташ мамнуъст, дар ҳудуди Афғонистон фаъол аст ва гуфта мешавад аксар пайравонаш тоҷикон ҳастанд.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ мақомоти Тоҷикистонро солҳои охир барои боздошту мурофиаҳои пӯшидаву ношаффоф танқид мекунанд ва мегӯянд, гуноҳи шахс бояд дар пайи баррасиҳо бар пояи қонун исбот шавад, то ки шубҳае дар гунаҳгор будани шаҳрванд пайдо нашавад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG