Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанги Украина

"Хушку тар месӯзад". Ба ҷангалҳои як замон сарсабзи Украина чӣ шуд?

Яке аз бешазорҳои Украина, 27-уми июли 2024
Яке аз бешазорҳои Украина, 27-уми июли 2024

Пас аз ҳуҷуми Русия ба Украина ва задухӯрдҳои шадид даҳҳо ҳазор ҳектор ҷангал дар ин кишвар нобуд шудааст. Баъзе аз ҷангалҳоро қасдан оташ задаанд, то низомиён пинҳон шуда натавонанд. Ҷангалҳое, ки то ҳуҷуми Русия пур аз коҷу арча буданд, ҳоло ба хокистар ва ё чӯбҳои нимсӯхта табдил ёфтаанд.

Серҳей Тсапок ҳудуди 20 сол боз ҷангалбон аст. Вай пештар дӯст медошт, ки миёни дарахтони ҳамешасабз гаштугузор кунад. “Ҳоло вақте бо мошин мегузарам, кӯшиш мекунам, ки фақат ба роҳ нигарам. Агар ба ҷангал нигоҳ кунам, ҳатман чизе мебинам, ки гиряамро меорад,” – нақл кард ӯ.

Мақомоти Украина мегӯянд, аз панҷ чор дар сади Боғи миллӣ сӯхтааст ё минакорӣ шудааст. Замини он ба беш аз сад ҳазор ҳектор мерасад. Ин заррае аз хисороти расида аз ҳуҷуми Русия аст. Ҷанг миллионҳо ҳектор ҷангалзор ва табиати Украинаро хароб кардааст.

Ҳар рӯз дар хоки Украина садҳо мушак паронда мешавад, ки заминҳоро чок ва ҷангалзорҳоро хароб мекунанд. Низомиёни Украина навореро нашр карданд, ки як бесарнишин ба дарахтоне, ки зераш низомиёни рус пинҳон шудаанд, сӯзишворӣ мерезад, то онҷоро оташ зананд.

Аз сӯи дигар, ҷангалбонҳо мегӯянд, кори онҳо низ хатарнок шудааст. Руслан Стрилетс, вазири собиқи ҳифзи муҳити зисти Украина, гуфт: “Агар хоҳем, ки зуд оташро хомӯш кунем, имконнопазир аст, чун мумкин мина бошад. Хатари кушта шудан ё маҷрӯҳ шудан зиёд аст.”

Ҷангалбонҳо борҳо шоҳиди таркидани минаҳо шудаанд. Хабаргузории "Рейтерс" бо 20 коршинос суҳбат кард, ки дар бораи хароб шудани ҷангалзорҳо ҷузъиёт доданд. Мақомоти Русия ба суолҳо дар ин маврид посухе нагуфтаанд.

Бо гузашти беш аз 30 моҳ аз ҳуҷуми Русия ба Украина дар шарқи ин кишвар аз ҷангалзорҳои замоне сарсабз танҳо хокистару чӯбҳои нимсӯхта мондааст. Аксар ҷонварони нодир, аз ҷумла аспи ваҳшӣ, нобуд шудаанд.

Дар Украина хушку тар месӯзад ва ҳоло мақомоти Украина барои ҳифзи ҷангалзорҳо фурсату икмон надоранд. Талошашон бештар ин аст, ки артиши ишғолгари Русияро аз хоки худ берун кунанд.

Коршинсон мегӯянд, зиёни расида ба табиати Украина солҳо мемонад ва ҷуброннопазир аст.

Видеоро дар ин ҷо бинед:

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

"Талабот таврест, ки гуё мо таҷовузро оғоз карда бошем, на Русия"

Константиновка, Украина. 27-уми ноябри 2025
Константиновка, Украина. 27-уми ноябри 2025

Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, мегӯяд, кишвараш ягон порча аз қаламрави худро ба Русия намедиҳад ва барои ҳамин аст, ки мубориза мебарад. Ӯ рӯзи 8-уми декабр ба хабарнигорон гуфт, на Қонуни асосӣ ва на қонунҳои байнулмилалӣ ба Украина иҷоза намедиҳанд, аз қаламрави худ даст кашад.

Рӯзи душанбе нахуствазири Бритониё мизбони раҳбарони чанд кишвари аврупоӣ ва ҳам Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина буд. Нишасти онҳо дар ҳоле баргузор шуд, ки Амрико фишорро ба Украина афзоиш додааст, то тарҳи созиши сулҳ бо Русияро бипазирад.

Кейр Стармер, нахуствазири Бритониё бо ҳамтоёни худ аз Олмону Фаронса ва Украина тарҳи пешниҳодии Амрикоро баррасӣ карданд. Бар асоси он Украина бояд аз баҳри қаламравҳои ишғолшудааш гузарад. Тарҳи Амрико, ки моҳи гузашта ба расонаҳо роҳ ёфт, раҳбарони аврупоиро нигарон кард, зеро ба қавли онҳо талаботи зиёди Русияро фаро гирифта буд.

Кейр Стармер гуфт: "Мо дар канори Украина ҳастем. Агар қарор аст, оташбасе шавад, бояд одилона ва пойдор бошад."

Владимир Зеленский таъкид кард, ки Украина, Аврупо ва Амрико бояд муттаҳид бошанд, то ба ҷанг поён диҳанд: "...Ба андешаи ман, ваҳдат миёни Аврупо ва Украина ва ҳамчунин иттиҳод миёни Аврупо, Украина ва Амрико бисёр муҳим аст, чун бидуни амрикоиҳо мо аз уҳдааш намебароем."

Фридрих Мертс, садри аъзами Олмон, гуфт, пешниҳоди Амрико комил нест ва сарнавишти Украина ва Аврупо дар хатар аст: "Мо ҳама медонем, ки сарнавишти ин кишвар сарнавишти Аврупост. Барои ҳамин, инҷо ҳастем. Ман ба баъзе ҷузъиёти санадҳое, ки аз ҷониби Амрико меоянд, бо шубҳа менигарам, аммо мо бояд дар бораи онҳо суҳбат кунем."

Ин шубҳаву гумонҳо на танҳо дар Аврупо, балки дар хатти ҷабҳа дар Донетск низ садо медиҳанд.

Дар шаҳри Константиновка сарбозони украинӣ аз зери тӯрҳои зидди паҳпод ба сӯи вайронаҳо ҳаракат мекунанд, то аз назари паҳподҳои русӣ пинҳон монанд. Дмитро, сарбози 32-сола, мегӯяд: "Талабот таврест, ки гуё мо таҷовузро оғоз карда бошем, на Русия."

Украина айни замон яке аз душвортарин марҳилаҳои ҷанги тақрибан чаҳорсоларо паси сар мекунад. Нерӯҳои рус дар шарқ батадриҷ пеш мераванд. Шаҳру навоҳии Украина нерӯи барқи дуруст надоранд, зеро зербунёдҳои энергетикӣ пайваста зери ҳамлаҳои Русияанд.

Мақомоти амрикоӣ гуфтанд, ки ба созиши сулҳ наздик шудаанд. Аммо то ҳол нишонаи каме вуҷуд дорад, ки Украина ё Русия омодаи имзои созишномаи пешниҳодии ҳукумати Трамп бошанд.

Яке аз хостаҳои асосии Киев ин аст, ки ҳаргуна сулҳ бо Русия бояд кафолатҳои амниятии Ғарбро дар бар гирад, то Маскавро аз ҳамлаи дубора боздорад. Вашингтон ин талабро рад кардааст.

Дмитро мегӯяд: "Фикр мекунам, онҳо намеистанд. Кафолатҳои амниятӣ дар солҳои 1990 дода шуд. Русия ба мо кафолат дода буд. Агар агар мо ақибнишинӣ кунем, онҳо қаламравҳои бештару бештарро ишғол мекунанд."

Константиновка тақрибан дар 50-километрии шимолу шарқи Покровск ҷойгир аст, ки Русия ҳафтаи гузашта гуфт, ки онро пурра ишғол намудааст. Украина мегӯяд, қисмати шимолии шаҳрро ҳанӯз дар ихтиёр дорад.

Дмитро гуфт, қасд надорад бидуни ҷанг таслим шавад. "Барои ман ҳар ваҷаб хоки ватан муҳим аст. Ва мо нақша надорем, ки онро ба осонӣ аз даст диҳем."

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

"Гуё таҷовузро мо оғоз карда бошем, на Русия"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:09 0:00

Зеленский: Музокирот "созанда" буд ва тарҳи сулҳ ба зудӣ ниҳоӣ мешавад

Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина бо Кир Стармер - нахуствазири Бритониё, Фридрих Мертс - садри аъзами Олмон ва Эммануэл Макрон - раисҷумҳури Фаронса
Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина бо Кир Стармер - нахуствазири Бритониё, Фридрих Мертс - садри аъзами Олмон ва Эммануэл Макрон - раисҷумҳури Фаронса

Раисҷумҳури Украина гуфт, музокирот бо раҳбарони Бритониё, Олмон ва Фаронса дар Лондон "созанда" буд ва афзуд, ки пешниҳодҳои тарҳи сулҳ дар ҳоли ниҳоӣ шудан аст ва рӯзи сешанбе онро ба ҷониби Амрико хоҳанд фиристод.

Владимир Зеленский рӯзи 8-уми декабр, ки барои мулоқот бо раҳбарони НАТО ва Иттиҳоди Аврупо аз Лондон ба Брюссел парвоз мекард, гуфт, "фикр мекунам, ин тарҳ фардо ё тақрибан вақти аср омода хоҳад шуд. Фикр мекунам, дубора онро баррасӣ хоҳем кард ва барои Амрико хоҳем фиристод".

Ӯ афзуд, "пешниҳодҳои нав дар бораи чигунагии поён додан ба ҷанг шомили 20 нукта аст, аммо ҳанӯз ҳеч мусолиҳае бар сари қаламрав сурат нагирифтааст".

Ба гуфтаи Зеленский, Киев дар ҳеч тавофуқе бо ҳадафи поён додан ба ҳамлаи тақрибан чаҳорсолаи Маскав ҳеч ҳаққи қонунӣ ё ахлоқӣ барои вогузор кардани сарзамин ба Русия надорад.

"Оё мо вогузории сарзаминҳоро дар назар дорем? Мо тибқи қонуни Украина, Қонуни асосии худ ва қонунҳои байнулмилалӣ ҳеч ҳаққи қонунӣ барои ин кор надорем. Ҳаққи ахлоқӣ ҳам надорем," -- илова кард вай.

Владимир Зеленский рӯзи душанбе бо Эммануэл Макрон - раисҷумҳури Фаронса, Кир Стармер - нахуствазири Бритониё ва Фридрих Мертс - садри аъзами Олмон дидор ва гуфтугӯ кард.

Нахуствазири Бритониё дар ин дидор таъкид кард, ки кишвараш "дар паҳлӯи Украина меистад ва агар қарор бошад оташбасе барқарор шавад, бояд одилона ва давомдор бошад".

Эммануэл Макрон ва Фридрих Мертс ҳам бар уҳдадориашон нисбат ба тарҳе ҷиддӣ ва воқеӣ барои сулҳ таъкид карданд.

Ба гуфтаи як манбаъ дар дохили ҳукумати Бритониё, шеваи истифода аз дороиҳои бандмондаи Русия барои кӯмак ба Украина, аз ҷумлаи мавзуъҳои мавриди баҳс миёни ин раҳбарон дар Лондон буд.

Пештар раҳбарони Эстония, Финландия, Ирландия, Латвия, Литва, Лаҳистон ва Шветсия хоҳони иқдоми сареи Иттиҳоди Аврупо дар заминаи таҳияи тарҳе барои истифода аз дороиҳои бандмондаи Русия барои ёрии молӣ ба Украина шуда буданд.

Ин дидор дар ҳоле сурат гирифт, ки Доналд Трамп, президенти Амрико аз Владимир Зеленский интиқод кард ва ӯро муттаҳам намуд, ки ҳанӯз ҳатто тарҳи Вашингтонро барои поёни ҷанг "нахондааст".

Тарҳи ибтидоии Амрико барои поён додан ба ҷанг, ки аз оғоз баҳсбарангез буд, шомили вогузории баъзе аз минтақаҳои ишғолшуда ба Русия дар баробари замонатҳои амниятии норӯшан барои Украина аст.

“Гуфтанд, ҷасад дар сардхона аст.” Марги боз як зодаи Тоҷикистон дар Украина

Тобути як шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз Русия овардаанд. Акс аз бойгонӣ
Тобути як шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз Русия овардаанд. Акс аз бойгонӣ

Алишер Саидов, сокини 43-солаи шаҳри Ваҳдати Тоҷикистон, ки ба қавли пайвандонаш ҳамагӣ чаҳор моҳ пеш ба муҳоҷирати корӣ ба Русия рафта буд, дар ҷанги зидди Украина кушта шудааст.

Бародараш, Рустам Саидов, рӯзи 4-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, хабари марги Алишерро дар охири моҳи ноябр аз як қисми низомӣ дар Ростови лаби Дон гирифтанд, вале намедонанд “ӯ кай ва чӣ гуна ба ҷанг рафт”.

“Бори охир рӯзи 19-уми ноябр телефонӣ гап задем. Нагуфта буд, ки дар Украина аст. Мо ҳам фикр мекардем, дар Ростови лаби Дон аст ва машғули кори худ. Пас аз ду рӯз телефонаш қатъ шуд, занг зада натавонистем. Мегӯянд, дар ҷанг кушта шудааст,” – афзуд ӯ.

Мусоҳиби Радиои Озодӣ гуфт, ба иттилои дарёфтии онҳо, ҳуҷҷати иқомати бародараш дар Русия пурра набудааст ва “эҳтимол сабаби ба ҷанг бурда шуданаш ҳамин бошад”. Вай шаҳрвандии Русияро надоштааст. Мақомоти Русия ва Тоҷикистон чунин мавридҳоро шарҳ намедиҳанд.

Ба нақли Рустам Саидов, бародараш чаҳор фарзанд дорад ва ҳамагӣ чаҳор моҳ пеш барои кор ба Ростови лаби Дон дар Русия рафта буд: “Дарвозаҳои оҳанин месохт. Ҳоло ба мо хабар доданд, ки ҷасадаш дар сардхона аст. Ду бародари дигарам дар Русия қарор доранд ва онҳо барои гирифтану фиристодани ҷасад ба Ростови лаби Дон рафтанд.”

Аз ин пеш, рӯзи 23-юми ноябр, ҷасади ду зодаи Тоҷикистонро, ки дар ҷанги Украина кушта шудаанд, ба Душанбе оварданд. Тобути Сабзалӣ Раҳмонов аз ноҳияи Восеъ ва Шарофиддин Саидов аз ноҳияи Варзобро аз шаҳри Ростови лаби Дон ба Тоҷикистон интиқол дода, ба наздиконашон супурданд.

Шумори дақиқи тоҷикистониёне, ки аз тарафи Русия дар ҷанги зидди Украина иштирок мекунанд, нашр намешавад. Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон, дар моҳи август гуфта буд, ки чунин омор “мавҷуд нест”.

Вале тарҳи давлатии "Зистан мехоҳам" дар Украина моҳи майи соли ҷорӣ номи 931 зодаи Тоҷикистонро нашр кард, ки аз ҷониби Русия дар ҷанги зидди ин кишвар иштирок доранд. Ҳамин тарҳ дар моҳи сентябр рӯйхати 446 зодаи Тоҷикистонро нашр кард, ки дар ҷанги Украина кушта шудаанд.

Хешовандони аксари онҳое, ки хабари маргашон дар ҷанги Русия дар Украина мерасад, мегӯянд, фарзандонашонро бо фиребу зӯр ба ҷанг бурдаанд.

Қонунҳои Тоҷикистон барои иштирок дар ҷангҳои хориҷӣ ҷазои сангинро пешбинӣ мекунад, вале ҳеч додгоҳ дар кишвар ягон ширкатдори ҷанги Украинаро муҳокима накардааст. Тоҷикистон яке аз ҳампаймонҳои стратегии Русия аст.

навшуда

"Вазъи осоне нест." Гуфтугӯҳо барои поён додан ба ҷанги Русия дар Украина

Мақомоти Русия гуфтанд, ки дар бораи тарҳи пешниҳодии сулҳ дар Украина бо намояндагони Амрико гуфтугӯи "судманд" анҷом доданд, аммо ҳанӯз ҳеч тавофуқе наздик нест.

Ҳайати амрикоӣ бо раҳбарии Стив Виткофф, намояндаи вижаи президент Доналд Трамп, рӯзи 2-юми декабр дар Кремл бо Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ва мансабдорони ҳамроҳи ӯ наздик ба панҷ соат суҳбат карданд.

Ҳадафи мулоқот поён додан ба ҷанги Русия дар Украина аст, ки тақрибан чаҳор сол боз идома дорад. Чанд соат пеш аз гуфтугӯ Владимир Путин хитоб ба пуштибонҳои аврупоии Украина гуфт, Маскав ба ҷанг ва даргирӣ бо онҳо майл надорад, аммо агар Аврупо хоҳони ҷанг бошад, Русия ҳам комилан омода аст.

Стив Виткофф, фиристодаи хос (рост) ва Ҷейред Кушнер, домоди раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп (чап) рӯзи сешанбе дар Маскав бо Владимир Путин мулоқот карданд
Стив Виткофф, фиристодаи хос (рост) ва Ҷейред Кушнер, домоди раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп (чап) рӯзи сешанбе дар Маскав бо Владимир Путин мулоқот карданд

Юрий Ушаков, мушовири раисҷумҳури Русия, пас аз нишаст гуфт, сулҳ дар Украина на наздиктар шудааст ва на дур.

Ӯ афзуд: “Бо ҳамкорони амрикоӣ муҳтавои тарҳҳо ва санадҳоеро баррасӣ кардем, ки амрикоиҳо чанде пеш ба Маскав фиристоданд. Бо баъзе аз онҳо мувофиқат кардем, баъзе аз онҳоро танқид кардем ва раисҷумҳур интиқоду мухолифати худро ба баъзе аз пешниҳодҳо гуфт.”

Ҳафтае пеш тарҳи 28-бандии Амрико дар бораи сулҳ ба расонаҳо роҳ ёфт ва нигаронии Украина ва мақомоти Аврупоро барангехт, чун ба қавли онҳо, тан додан ба бисёре аз талабҳои Русия аст. Мақомоти Аврупо тарҳи худро пешниҳод карданд, ки манофеи Украинаро бештар ба инобат гирифтааст.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, пайваста гуфтааст, ки мехоҳад ба ҷанг дар Украина поён диҳад, аммо мулоқоташ бо Путин дар Аляска ва гуфтугӯҳояш бо Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, бе натиҷа будаанд. Ӯ дар Вашингтон гуфт, ки ҳалли ин вазъи печида осон нест.

“Ҳоло одамони мо дар Русия ҳастанд, бубинанд, ки оё онро ҳал карда метавонем ё не. Вазъи осоне нест, бисёр бесарусомон аст,” – гуфт Доналд Трамп.

Вазорати дифои Русия рӯзи 2-юми декабр гуфт, ки шаҳри стратегии Покровскро дар Украина пурра тасарруф кардааст. Украина мегӯяд, ҳанӯз қисме аз шаҳрро дар даст дорад. Дар айни замон тақрибан 20 дар сади қаламрави Украина таҳти назорати нерӯҳои Русия аст.

Ҳамзамон Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина дар сафар ба Ирландия хоҳони поёни қатъии ҷанг шуд, на созиши кӯтоҳмуддат дар даргириҳо. Ӯ рӯзи 2-юми декабр дар Ирландия бар зарурати барқарории як "сулҳи шарафмандона" таъкид кард ва гуфт: “Имрӯз Украина назар ба ҳар вақти дигар ба сулҳ наздиктар шудааст. Шанси воқеии сулҳ вуҷуд дорад.”

Вай як рӯз қабл дар Порис (Париж) гуфт, ки тарҳи сулҳ бисёр хуб аст, аммо баҳс дар мавриди вогузории сарзаминҳо барои Украина мавзӯи бисёр печида ба шумор меравад.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Путин бо фиристодаи хоси Трамп мулоқот кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:41 0:00

"Шояд аз инҷо ҷасадатро баранд; ҷанг мисли роҳи бебозгашт аст"

Сарбозони кушташудаи Русия дар вилояти Киеви Украина. Аксро Вазорати мудофиаи Украина рӯзи 4-уми марти 2022 нашр кард
Сарбозони кушташудаи Русия дар вилояти Киеви Украина. Аксро Вазорати мудофиаи Украина рӯзи 4-уми марти 2022 нашр кард

Дар ҷанги Русия алайҳи Украина, ки қариб чаҳор сол боз идома дорад, ҳазорҳо зодаи Осиёи Марказӣ аз тарафи Маскав иштирок доранд. Бархеро бо зӯру таҳдиди ихроҷ аз Русия ба майдони даргирӣ бурдаанд. Иддае танҳо хостаанд, ки аз ин тариқ пул кор кунанд. Александр Бастрикин, раиси Кумитаи тафтишоти Русия, дар моҳи июни соли 2024 гуфт, ки 30 ҳазор хориҷии соҳиби шиносномаи Русияро “ба даст афтонданд” ва маҷбурӣ дар қайди ҳарбӣ гузоштанд. Аз ин шумора даҳ ҳазор кас ба ҷабҳа бурда шудаанд.

"Доим дар интизори марг"

Шавкат Машрабов, зодаи 45-солаи Узбекистон, зери таъсири барномаҳои "меҳанпарастона"-и телевизионҳои Русия ба ҷанги зидди Украина рафтааст. Дар ниҳоят, ӯ шаҳрвандии Русияро гирифт, аммо чандон хурсанд нест.

Машрабов дар номае аз Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, Вазорати дифоъ ва Сардодситони ҳарбии ин кишвар барои ҷавоб шуданаш аз майдони даргирӣ мадад хостааст. Ӯ гуфтааст, "ду сол боз пайвандонамро надидаам. Илтиҷо мекунам, ба зону мезанам."

Коршиносон вазъияти ӯро дар Русия маъмулӣ медонанд. Ба гуфтаи онҳо, ҷалби хориҷиён ва шаҳрвандони “нав”-и Русия ба ҷанги зидди Украина дар ҳоли афзоиш аст, аммо онҳо аз ҷиҳати ҳуқуқӣ ҳимоя карда намешаванд ва нисбат ба русҳо бо тарзи хашинтари сафарбарӣ (басеҷ) дучор ҳастанд.

Шавкат Машрабов маълумоти олии муҳандисӣ дорад. Вай дар номааш гуфтааст: “Ҷанг ба мисли сафари яктарафа аст... Сармо, ифлосӣ, намӣ. Доим дар интизори марг. Қарордоде, ки имзо кардӣ... билети яктарафа аст. Аз инҷо берун рафтан имкон надорад. Шояд аз инҷо ҷасадатро баранд ва дар оромгоҳи умумӣ дафн кунанд.”

Шавкат дар Узбекистон ба ҳайси муҳандис дар GM-uz ва UzAuto motors кор кардааст. Сипас ба Санкт-Петербург кӯчид ва корро дар корхонаи General Motors шуруъ кард. Ҳамсар ва ду фарзанд дорад. Пеш аз оғози ҷанг ба Узбекистон рафт. Вай исрор меварзад, ки на барои пул, балки аз “муҳббаати зиёд ба СССР ё Иттиҳоди Шӯравии собиқ” ва инчунин "бар асоси маълумоте, ки аз телевизионҳои Русия гирифт", ба ҷанги зидди Украина рафт.

“Замоне ки Путин амалиёти махсусро (Русия ҷангашро дар Украина расман чунин меномад) эълон кард, ман ба Санкт-Петербург баргаштам. Ба комиссариати ҳарбӣ рафта, гуфтам, ки “мехоҳам, кумак кунам.” Он вақт маро нагирифтанд. Гуфтанд, ки хориҷиҳоро намегирем, ба мо шаҳрвандони Русия даркор ҳастанд,” – навиштааст ӯ.

Машрабов мегӯяд, боз ба Узбекистон баргашт ва ба тамошои телевизионҳои Русия идома дод. Дертар эълони ҷамъоварии ихтиёриёнро дид ва телефонӣ пурсид, ки оё хориҷиёнро ҳам ба ҷанг мебаранд ё не ва посухи мусбат гирифт. Ин дафъа ӯ ба Красноярск рафт: "Аз духтур гузаштам ва ҳуҷҷат гирифтам, ки сиҳат ҳастам ва ба комиссариати ҳарбӣ рафтам."

Ин зодаи Узбекистон баробари имзои қарордод 450 ҳазор рубли Русия гирифта, зуд ба майдони даргирӣ фиристода шудааст: "Онҳо ҳатто напурсиданд, ки ман кистам ё чӣ кор карда метавонам, фавран ба ҳамла дар Бахмут фиристоданд. Дар онҷо моро бо паҳпод заданд. Як муҳосиб дар пеши ман таркид, ҳама пароканда шудем ва ақибнишинӣ кардем.”

Шавкат мегӯяд, дар ин ҳодиса ҷон ба саломат бурд, вале як рӯз дар бемористон бистарӣ шуд: бо шамолхӯрии шадид ва баъди он ки дар фасли зимистон бо автомату қуттии вазнини тир лағжиду афтод ва ҷароҳат бардошт.

Шавкат Машрабов
Шавкат Машрабов

"Ҳам ҷисман ва ҳам рӯҳан хаста шудам"

Шавкат Машрабов дар моҳи майи соли 2024 барои гирифтани шаҳрвандии Русия дархост дод ва онро моҳи сентябр гирифт. Шартномаи ӯ 29-уми октябри соли 2024 ба поён расид ва ӯ рӯзи дигар барои рафтан аз майдони ҷанг ариза навишт: "Ман аризаи худро менавиштам ва онҳо ба ман гуфтанд, ки "Шумо шаҳрванди Русия ҳастед". Ман гуфтам, "мефаҳмам, аммо қарордодро ҳамчун шаҳрванди Узбекистон имзо кардаам.”

Аммо ба Шавкат Машрабов гуфтаанд, ҳоло ки шиносномаи Русияро дорад, ӯро аз сафи нерӯҳои мусаллаҳ ҷавоб додан мумкин нест. Шавкат аз ин хашмгин шудааст: "Лутфан, ба ман бигӯед, ки оё сарбоз бояд савганд ёд кунад? Оё метавонед шаҳрванди Русияро ба ин кор маҷбур кунед? Не, ӯ бояд ё ихтиёрӣ шартнома имзо кунад ё сафарбар карда шавад. Ва ман танҳо як моҳ аст, ки шаҳрванди Русия ҳастам. Ман ягон шартнома имзо накардаам ва ягон савганд нахӯрдаам, шумо чӣ ҳақ доред, ки маро нигоҳ медоред?”

Дар посух ба номаи Шавкат Машрабов гуфта шудааст, ки ба ҳар куҷое мехоҳад раваду шикоят кунад, аммо касе ё чизе ёрӣ нахоҳад кард. Ӯ ҳанӯз дар ҷанг аст: “Мо рӯзҳои истироҳат надорем. Ман аз ҷиҳати ҷисмӣ ва аз ҷиҳати рӯҳӣ низ хаста шудаам. Ду сол боз наздиконамро надидаам. Ман наметавонам ба рухсатӣ ба хона равам. Дар ҳоле ки дар артиш ҳастам, ба ман шиносномаи Русия намедиҳанд. Ва бо шиносномаи Узбекистон маро фавран зиндонӣ мекунанд. Агар бо шиносномаи Русия равам, ин маънои онро дорад, ки ҳамчун шаҳрванди Русия ҷангидаам ва маро зиндонӣ нахоҳанд кард."

Иван Чувиляев, ҳомии ҳуқуқи башар, бовар дорад, ки қазияи Шавкат Машрабов ягона нест: "Ба мо аксар вақт одамоне муроҷиат мекунанд, ки шартнома имзо кардаанд. Дар қонуне, ки соли гузашта қабул шуд, банде вуҷуд дорад. Тибқи он, ҳар касе, ки шаҳрвандии Русияро мегирад, бояд дар дафтари ҳарбӣ сабтином шавад, вагарна шаҳрвандии ӯ бекор карда мешавад. Пулис ин қонунро ба таври дигар шарҳ медиҳад, агар шумо шаҳрвандии Русияро гирифтед, бояд шартнома имзо кунед. Байни сабтином ва имзои шартнома фарқи калон ҳаст. Ва аксари шаҳрвандони Осиёи Марказӣ шартномаҳоро бо ин роҳ имзо кардаанд."

Чувиляев мегӯяд, ки тарси Машрабов аз бозгашт ба ватанаш, Узбекистон, низ комилан асос дорад: "Зархаридон хуб мефаҳманд, ки ба осонӣ ба зодгоҳ баргашта наметавонанд. Онҳо байни обу оташ ҳастанд. Аз як тараф дар Русия шартнома имзо кардаанд ва Русия мехоҳад онҳоро ба куштан диҳад. Аз тарафи дигар, дар ҷайб шиносномаи кишвари худро доранд, ки дар он ҷо барои муздурӣ ба зиндон маҳкум хоҳанд шуд.”

Сергей Кривенко, мудири гурӯҳи ҳуқуқи башари “Шаҳрванд. Артиш. Қонун”, мегӯяд, “шаҳрвандони хориҷӣ мақоми махсус надоранд. Пас аз имзои шартнома, онҳо дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи Русия сарбозони қарордодӣ мешаванд. Тибқи фармони Путин, то поёни сафарбарӣ ҷавоб додани хидматчиён манъ аст. Муҳоҷиронро ҷалб мекунанд ва ба онҳо дурӯғ мегӯянд, ки ин барои муддати муайян аст, аммо ин як дом аст, онҳо ба он меафтанд ва халос шуда наметавонанд.”

“Агар Шавкат Машрабов дар соли 2023 шартнома имзо кардааст ва ба ӯ гуфта бошанд, ки ин барои як сол аст, пас, ӯро фиреб додаанд. Зеро ҷавоб додани хидматчиён аз 21-уми сентябри соли 2022 манъ аст. Дар шартнома шояд "барои як сол" навишта бошанд, аммо дар асл он бемуҳлат аст,” – хулоса кард ӯ.

Раҳбари дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Украина истеъфо дод

Раҳбари дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Украина аз мақомаш истеъфо дод. Дар ин бора Владимир Зеленский дар як муроҷиаташ ба сокинони ин кишвар хабар дод.

Субҳи ҷумъа, 28-уми ноябр Идораи миллии мубориза бо коррупсия дар Украина ва Додситонии махсуси зидди коррупсия хонаи Андрей Ермакро тафтиш ва ҷустӯҷу кардаанд. Расонаҳои Украина бо такя ба манбаъҳои худ хабар доданд, ки ҳанӯз муфаттишон ба Ермак нагуфтаанд, ки ӯро ба чӣ гумонбар медонанд.

Маълум нест, ки ҷустӯҷуҳо ба чӣ сабаб сурат гирифтаанд. Зоҳиран он ба амалиёте бо номи “Мидас”, ки аз сӯйи Идораи миллии зидди фасоди Украина барои ришвахорӣ дар самти энержӣ гузаронида мешавад, рабт дорад. Гумонбари аслӣ дар ин қазия, соҳибкор Тимур Миндич аст, ки Украинаро тарк кард. Вай аз ҳалқаҳои наздик ба президент Владимир Зеленский будааст.

Андрей Ермак яке аз мансабдорони бонуфузи Украина аст. Расонаҳо аз ӯ шахси дуввуми кишвар ҳам ном мебурданд. Вай соли 2020 раҳбари дастгоҳи раёсати ҷумҳурии таъин ва яке аз афроди наздики Владимир Зеленский шуд. Ҳафтаи гузашта Ермак ҳайати музокиротии Украинаро дар гуфтугӯҳо бо Амрико дар Женева дар бораи поён додан ба ҷанг роҳбарӣ мекард.

Пас аз сар задани моҷаро оид ба ришвахорӣ дар бахши “Энергоатом” мухолифони Зеленский ва бархе аз муттаҳидонаш истеъфои Ермакро талаб карданд, вале рӯзи 20-уми президент таъкид карда буд, қасди тағйири раҳбари дастгоҳашро надорад.

навшуда

Дабири кулли НАТО: Ҳадаф Украинаи қавиест, ки Русия дигар ба он ҳамла намекунад

Марк Рутте ҳангоми мусоҳиба бо Радиои Озодӣ
Марк Рутте ҳангоми мусоҳиба бо Радиои Озодӣ

Марк Рутте, дабири кулли паймони низомии НАТО, гуфт, тарҳи пешниҳодии Амрико дар бораи хатми ҷанг дар Украина кумак кардааст, ки Вашингтон ва Киев дар ин масъала ба пеш ҳаракат кунанд.

Ӯ рӯзи 24-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ дар шаҳри Брюссел гуфт, музокироти ҳайатҳои Украина ва Амрико дар шаҳри Женева дар рӯзҳои истироҳати гузашта бисёр муваффақ буданд. Хабарнигори Радиои Озодӣ дар суҳбат бо Марк Рутте нахуст аз ӯ пурсид, ки оё тарҳи 28-бандии сулҳ ба назари ӯ заминае хубе барои барқарории сулҳ дар Украина ҳаст?

Марк Рутте: “Баъзе аз нукот бояд ба таври возеҳ баррасӣ шаванд. Вале ончӣ мо дар музокироти Женева дидем, як асос шуд, ки Украинаву Амрикоро барои ҳаракат ба самти пеш наздик сохт. Албатта, кори зиёде ҳаст, ки бояд анҷом шаванд, вале ҳайати украинӣ ва ҳайати амрикоӣ гуфтугӯи бисёр босамаре доштанд. Ман дар бораи ҳар хати ин тарҳ шарҳ намедиҳам, вале он ҳамчун асос ба ҳадафи худ расид, ки ду тарафро ба муколамаи воқеӣ раҳнамун кунад.”

Радиои Озодӣ: Оё шумо ҳам мисли дигар шарикони Украина дар масъалаи коҳиши нерӯҳои Украина ва вогузории қисмате аз қаламравҳояш ба Русия нигарон ҳастед?

Марк Рутте: “Дигарбора мегӯям, ки ман ҳар хати тарҳро шарҳ намедиҳам ва иҷозаи гуфтани ҳар чизеро, ки аз музокироти дирӯза шунидам, надорам. Албатта, баррасиҳо ҳоло ниҳоӣ нашудаанд. Амрикоиҳо ва украиниҳо баррасиҳоро идома медиҳанд. Аммо дар ин масъала мо назари возеҳ дорем ва дар инҷо ман бо ҳадафи ниҳоии раисҷумҳури Амрико мувофиқ ҳастам. Ҳадафи ниҳоӣ, ки Доналд Трамп аз моҳи феврал сари он кор мекунад, Украинаи мустақили дар ҳоли пешрафт ва кишвари қавиест, ки Русия дигар ба он ҳамла намекунад. Ҳамаи мо барои ҳамин кӯшиш дорем.”

Навори суҳбат дар инҷост:

Оё метавон ба Путин бовар кард? Назари дабири НАТО
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:11 0:00

Радиои Озодӣ: Оё Украинаву шариконаш дар НАТО метавонанд, ба Владимир Путин, раисҷумҳури Русия бовар кунанд, ки дигар ба Украина ҳамла намекунад?

Марк Рутте: “Медонед, ман вақте нахуствазири Ҳолланд будам, бо Путин кор кардаам, то замоне ки моҳи майи соли 2014 ба Қрим ҳамла кард. Шояд ман ё каси дигар ба шумо гуфта бошад, ман дигар барои дарки ин мард саъй накардаам. Вале як чизро ба таври кул дар бораи русҳо ва шахсан Путин медонам. Ҳар вақт шумо ба созише даст ёфтед, бояд мутмаин бошед, ки ба нафъи вай аст. Аз ин рӯ, бисёр муҳим аст, ки ҳар гоҳ созиши сулҳ дар Украина ҳосил шавад, ӯ ҳаргиз дигарбора талош накунад. Агар ӯ бидонад, ки оқибатҳои талоши таҷовузи дигарбора ба Украина барои ӯ харобиовар мешаванд, ӯ ин корро намекунад. Албатта, дар сурати ҳосил шудани созиши дарозмуддати оташбас ва ё беҳтар созиши сулҳ.”

Тарҳи 28-бандии Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико пешбинӣ мекард, ки Украина бояд қисматҳое аз қаламравҳояшро дар ихтиёри Украина гузорад ва артиши хурду аслиҳаи камтар дошта бошад.

навшуда

"Чаҳорчӯби возеҳтари сулҳ" барои поён додан ба ҷанги Русия дар Украина

Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии Амрико (рост) бо Андрей Ермак, роҳбари ҳайати Украина (чап). Женева, 23-юми ноябри 2025
Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии Амрико (рост) бо Андрей Ермак, роҳбари ҳайати Украина (чап). Женева, 23-юми ноябри 2025

Иёлоти Муттаҳида ва Украина як “чаҳорчӯби навшуда ва возеҳтари сулҳ”-ро барои поён додан ба ҷанг бо Русия таҳия кардаанд, ки зоҳиран аз тарҳи пешинаи ҳукумати Доналд Трамп тафовут дорад. Украина ва ҳампаймонҳояш тарҳи пешинаи хатми ҷангро аксаран ба нафъи Русия хонда, изҳори нигаронӣ карда буданд.

Ҳайатҳои Амрико ва Украина пас аз музокирот дар шаҳри Женева натиҷаҳои онро “бисёр босамар” номида, гуфтанд, ки музокирот рӯзҳои наздик идома мекунад. Кохи Сафед гуфт, тарҳи навшуда кафолатҳои қавитари амниятиро дар бар мегирад ва манфиатҳои миллии Украинаро инъикос мекунад.

Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии Амрико, гуфт: “Мо рӯзи бисёр хубе доштем. Фикр мекунам, ки ба пешрафти бузурге ноил шудем.” Ӯ рӯзи якшанбе гуфт, ки дар тарҳи поён додан ба ҷанг дар Украина пешрафти назаррас ба даст омадааст, аммо дар бораи кафолатҳои амниятӣ ба Украина дар баробари нигарониҳо аз таҳдиди Русия ҳеч гуна созиш ҳосил нашудааст.

“Ҳамаи мо дарк мекунем, ки хотима додан ба ҷанг, бояд ин эҳсосро ҳам ба Украина бидиҳад, ки дар амон аст ва ҳаргиз мавриди ҳамла ё таҷовуз қарор намегирад," – афзуд Рубио.

Мақомоти Украина, Амрико ва Аврупо рӯзи якшанбе дар Женева тарҳи пешниҳодии Иёлоти Муттаҳидаро баррасӣ карданд. Пеш аз ин гуфтугӯҳо Украина ва муттаҳидонаш аз он чӣ, ки гузаштҳои бузург ба Русия хондаанд, изҳори нигаронӣ карданд.

Бар асоси тарҳи 28-бандӣ, Украина бояд аз баҳри қисмате аз қаламраваш мегузашт, артиши хурдтаре медошт ва орзуи пайвастан ба НАТО-ро фаромӯш мекард. Барои бисёре аз украиниҳо, чунин шартҳо пас аз тақрибан чаҳор соли мубориза бо Русия ба таслим шудан баробар хоҳад буд.

Мақомоти Аврупо гуфтанд, ки дар таҳияи ин тарҳ бо онҳо машварат нашудааст. Онҳо рӯзи якшанбе як нусхаи дигареро пешниҳод карданд, ки таслими қаламравҳо ва маҳдудиятҳо дар нерӯҳои мусаллаҳи Киевро дар бар намегирад.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ба Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина то рӯзи панҷшанбе фурсат дод, ки тарҳро бипазирад, аммо рӯзи шанбе гуфт, ки пешниҳоди ӯ ниҳоӣ нест. Трамп рӯзи якшанбе навишт, Украина талошҳои Амрикоро барои хотима додан ба ҷанг аслан “қадрдонӣ” намекунад.

Пас аз чанде, Андрей Ермак, роҳбари ҳайати Украина, ба Трамп барои тааҳудоташ ба Киев изҳори сипос кард: “Мо ба дӯстони бузурги худ, Иёлоти Муттаҳида ва шахсан раисҷумҳур Трамп ва дастаи ӯ барои аҳдашон барои овардани сулҳ сипосгузорем.”

Чанд дақиқа пас, Зеленский низ дар паёме дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба Трамп ташаккур гуфт. Ду манбаъ ба хабаргузории “Рейтерс” гуфтанд, ки мақомоти Амрико ва Украина имкони сафари Зеленский ба Вашингтон ва мулоқоти ӯро бо Трамп барои арзёбии тарҳи сулҳ баррасӣ мекунанд.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Амрикову Украина дар тарҳи поён додани ҷанг пешрафт кардаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:48 0:00

"Бахше аз қаламрави худро диҳед". Пешниҳод барои поёни ҷанги Украина

Владимир Зеленский
Владимир Зеленский

Хабаргузории "Рейтерз" мегӯяд, Амрико ба Владимир Зеленский, президенти Украина гуфтааст, ки Киев бояд чорчӯби таҳияшуда аз сӯи Вашингтон барои поёни ҷанг бо Русияро бипазирад. Бар асоси ин пешниҳод Украина бахше аз қаламрав ва бархе аслиҳаи худро бояд вогузор кунад.

"Рейтерз" гузориши худро ба нақл аз "ду манбаи огоҳ" нашр кардааст, ки бинобар ҳассосияти мавзӯъ, хостаанд номашон пинҳон монад. Онҳо гуфтаанд, ин пешниҳодҳо шомили коҳиши андозаи нерӯҳои мусаллаҳи Украина ва мавридҳои дигар аст ва Вашингтон мехоҳад Киев нуқтаҳои аслиро бипазирад.

Мақомоти расмии Амрико ва Украина ҳанӯз дар бораи ин тарҳ ва ин гузориш изҳори назар накардаанд.

Пештар аммо торнамои Axiоs аз талоши Амрико ва Русия барои таҳияи тарҳи маҳрамонаи поёни ҷанги Украина, ки ҳоло дар остонаи чаҳорсола шудан аст, хабар дода буд.

Хабаргузории "Франс-пресс" навишт, Кремл аз изҳори назар дарбораи гузориши ин расонаҳои амрикоӣ низ худдорӣ кардааст.

Украина қисме аз қаламравҳояшро ба Русия медиҳад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:17 0:00

Шабакаи CNN ҳам рӯзи 18 ноябр ба нақл аз манбаъҳои огоҳ гузориш дод, ки Стив Виткофф, фиристодаи вижаи Амрико, масъули кор бар рӯи тарҳи нав барои ҳалли бӯҳрони Украина аст.

Ба гуфтаи ин шабака, "Виткофф, ки дар маркази гуфтугӯҳои ҳукумат бо Маскав қарор доштааст, раҳбари ин талошҳост".

Яке аз манбаъҳои огоҳ ҳам ба CNN гуфтааст, ки ин гуфтугӯҳо дар ҳафтаи ҷорӣ афзоиш ёфтааст, зеро Вашингтон дарёфтааст, ки Маскав ба чунин муомила омода аст.

Ин гузоришҳо дар ҳоле аст, ки Русия ахиран шабакаи энержии Украинаро дар остонаи зимистон ҳадаф қарор дода ва нерӯҳои хастаи украинӣ низ дар хати пеши ҷанг зери фишоранд.

Умеди аслии Киев ин аст, ки Вашингтон бо ҷорӣ кардани таҳримҳо битавонад Русияро сари мизи гуфтушунид кашонад.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико талош кардааст аз робитааш бо Владимир Путин, президенти Русия, барои поёни ҷанг истифода кунад, аммо то кунун пешрафте надоштааст.

Путин борҳо дархости оташбасро рад карда, аз Зеленский хостааст, барои поёни ҷанг, қаламравҳои бештаре вогузор карда, аз ҳимояти Ғарб чашм пӯшад. Пешниҳодҳое, ки Киев онро баробар ба таслим шудан медонад.

Дар майдони ҷанг нерӯҳои Русия оҳиста, аммо пайваста пешравӣ мекунанд ва Маскав исрор дорад, ки агар Украина ба дархостҳояш тан надиҳад, ба ҷанг идома хоҳад дод.

Дар охирин ҳамлаҳои Русия ба Украина дар субҳи 19 ноябр даҳҳо нафар дар минтақаҳои гуногуни он кишвар кушта ва захмӣ шуданд. Ба гуфтаи мақомоти украинӣ, дар байни кушташудаҳо кӯдакон низ ҳастанд.

Ин ҳамлаҳо дар ҳоле рух дод, ки Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, барои гуфтугӯ бо Раҷаб Таййиб Эрдуғон, ҳамтои туркаш ба ин кишвар рафта буд, то талош кунад раванди сулҳро дубора фаъол кунад.

Аммо Стив Виткофф, фиристодаи вижаи Трамп, бархилофи интизори Киев дар музокироти рӯзи чаҳоршанбе ширкат накард. Ҳеч мақоми рус низ дар ин гуфтугӯ ҳозир набуд.

Бо ин ҳол Эрдуғон бори дигар аз Русия ва Украина хост, ки музокироти Истамбулро дубора оғоз кунанд. Дар даврҳои қаблӣ ҷонибҳо асиронро иваз карданд ва ҷасадҳои сарбозони кушташударо ба якдигар доданд.

Писари раиси бахши фатвои Шӯрои уламои Тоҷикистон дар Украина кушта шудааст

Акси Нисориддин Хомӯшов
Акси Нисориддин Хомӯшов

Шоми 14-уми ноябр пайкари як кушташудаи дигари ҷанги Украинаро дар Тоҷикистон ба хок супурданд.

Нисориддин Хомӯшови 36-сола, писари Ҷамолиддин Хомӯшӣ, раиси Шӯъбаи фатвои Шӯрои уламои Тоҷикистон аст, ки ба гуфтаи наздиконаш, эҳтимолан дар моҳи августи соли равон дар ҷабҳаи ҷанги Русия ба зидди Украина кушта шудааст.

Ҷамолиддин Хомӯшӣ аз фаъолтарин узви Шӯрои уламои Тоҷикистон аст, ки пайваста дар масоили фиқҳӣ бо рӯзноманигорон суҳбат мекунад ва як чеҳраи шинохта дар кишвар аст.

Дӯстони ин хонавода ба Радиои Озодӣ нақл карданд, ки Нисориддин ҳамроҳи ҳамсар ва чаҳор фарзандаш чанд соли ахир дар Русия ҳамчун муҳоҷир мезист ва тақрибан се моҳ пеш довталабона бо имзои қарордод ба ҷанг дар Украина рафта, дар аввалин рӯзҳои ширкаташ дар ин ҷанг кушта шудааст.

Ба нақли манбаъҳои Радиои Озодӣ, Нисориддин Хомӯшов дар моҳи августи соли равон дар як амалиёти низомӣ нопадид шуда, дигар аз худ паём надодааст ва ба писарамакҳояш, ки дар Русия бо ӯ робитаи наздик дошта, бо телефон суҳбат мекард, тамос нагирифтааст.

Ҷанозаи ӯ шоми 14-уми ноябр бо имоматии Саидмукаррам Абдулқодирзода, муфтии Тоҷикистон дар масҷиди "Мехкалон"-и ноҳияи Синои Душанбе баргузор шуд.

Ҷамолиддин Хомӯшӣ дар нишастгоҳи пеши мошини мусоифркаш дар рӯзи ҷанозаи писараш
Ҷамолиддин Хомӯшӣ дар нишастгоҳи пеши мошини мусоифркаш дар рӯзи ҷанозаи писараш

Дар бораи марги ӯ дар ҷанги Украина манбаъҳо ба Радиои Озодӣ ҳанӯз як моҳ пеш хабар дода буданд, вале пайвандонаш зарур нашумориданд, ки то интиқоли тобут ба Тоҷикистон ин иттилоъ расонаӣ шавад. Дар ин муддат худи Ҷамолиддин Хомӯшӣ низ зоҳиран аз мавзуъ огоҳ набуд. Ҳамчунин рӯшан набуд, ӯ аз амалкарди писараш то куҷо хабардор аст ва муносибаташ ба он чист.

Хешовандони аксари онҳое, ки хабари маргашон дар ҷанг мерасад, мегӯянд, фарзандонашонро бо фиребу зӯр ба ҷанг бурдаанд. Мақомоти Тоҷикистон то ин дам танҳо сад мавриди аз зиндонҳои Русия ба ҷанг бурда шудани шаҳрвандони Тоҷикистонро тасдиқ карда, дигар дар ин бора маълумот намедиҳанд.

Тарҳи давлатии Украина бо номи “Зистан мехоҳам” дар чанд моҳи охир номи наздик ба се ҳазор шаҳрванди Тоҷикистонро ҳамчун "зархарид" нашр кардааст, ки бархе аз онҳо дар ҷанги Украина кушта ё нопадид шудаанд.

Қонунҳои Тоҷикистон барои иштирок дар ҷангҳои хориҷӣ ҷазои сангинро пешбинӣ мекунад, вале дар муддати сеюним соли ҷанг ҳеч додгоҳи ин кишвар ягон ширкатдори ҷанги Украинаро муҳокима накардааст.

"Дар ҷанг кушта шуд." Русия ҷасади як ҷавони тоҷикро ба наздиконаш фиристод

Акси Исфандиёр Мулломаҳмадшарифовро наздиконаш дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузоштанд
Акси Исфандиёр Мулломаҳмадшарифовро наздиконаш дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузоштанд

Ҷасади Исфандиёр Мулломаҳмадшарифови 34-соларо, ки ҳафт моҳ пеш дар Русия нопадид шуда буд, рӯзи 5-уми ноябр ба наздиконаш дар деҳаи Шаватки Болои ноҳияи Айнӣ супурдаанд. Ба онҳо гуфта шудааст, ки "ӯ дар ҷанги Украина кушта шуд".

Мақомоти Русия дар ҳуҷҷатҳое, ки ба хонаводааш пешниҳод кардаанд, сабаби марги Исфандиёр Мулломаҳмадшарифовро "таркиши мина" номидаанд.

Наздикони ин ҷавон рӯзи 10-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ӯ як муҳоҷири одӣ буд ва ҳафт моҳ пеш дар Русия нопадид шуд. Ба гуфтаи онҳо, Исфандиёр ягона фарзанди хонадон буд ва ҳамсару як фарзанди хурдсол дорад.

Пайвандонаш намедонанд, ки Исфандиёр Мулломаҳмадшарифов бо чӣ роҳе ба ҷанги Украина бурда шудааст. Дӯстмуҳаммад, яке аз наздикони ин ҷавон гуфт, "падару модараш ҳанӯз ба худ наомадаанд ва касе ҳам намедонад, ки бо чӣ шароите ӯро ба ҷанг бурдаанд."

“Фақат ба мо гуфтанд, ки ӯро аз кӯча бурдаанд. То ҷое ӯро мешиносам, ҳеч вақт ихтиёрӣ ба ҷанг намерафт. Ба фикрам, маҷбур кардаанд ё шантаж карда бурдаанд. Рӯзи ҷаноза дар деҳа рӯзи маҳшар буд. Худатон мефаҳмед, ки вақте падару модар ягона писарро ба хок месупоранд, чӣ мешавад,” – афзуд ӯ.

Русия дар ҷанги бедалелаш дар Украина, ки наздик ба чор сол боз давом дорад, садҳо зодаи Тоҷикистонро ҷалб кардааст.

Тарҳи давлатии Украина бо номи “Зистан мехоҳам” дар чанд моҳи охир номи наздик ба се ҳазор шаҳрванди Тоҷикистонро ҳамчун "зархарид" нашр кардааст, ки бархе аз онҳо дар ҷанги Украина кушта ё нопадид шудаанд.

Хешовандони аксари онҳое, ки хабари маргашон дар ҷанг мерасад, мегӯянд, фарзандонашонро бо фиребу зӯр ба ҷанг бурдаанд. Мақомоти Тоҷикистон то ин дам танҳо сад мавриди аз зиндонҳои Русия ба ҷанг бурда шудани шаҳрвандони Тоҷикистонро тасдиқ карда, дигар дар ин бора маълумот намедиҳанд.

Ҳамлаи Русия ба чанд минтақа дар Украина

Шаби гузашта Русия бо истифода аз ҳавопаймо ва бесарнишину мушакҳо ба чанд минтақаи Украина ҳамла кард. Аз ҷумла, вилоятҳои Днепропетровск, Киев, Кировоград,  Николаев, Полтава ва Харков мавриди зарба қарор гирифтаанд.

Мақомоти расмии Украина иддао доранд, ки Русия зерсохторҳои энергетикӣ ва иншооти ғайринизомиро ҳадаф қарор додааст.

Бино ба хабарҳо, чанд нерӯгоҳи барқӣ осеб дидааст. Метрои Харков аз кор монда, ба шабакаи барқу об ҳам зарар расидааст. Дар шаҳр нуқтаҳои гармшавӣ кушода шудаанд.

Раисиҷумҳури Украина Владимир Зеленский, рӯзи 8-уми ноябр гуфт, ки беш аз 450 ҳавопаймои бесарнишин ва 45 мушаки навъҳои мухталиф партоб шудаанд, ки ҳадафи ҳамла ба зиндагии муқаррарӣ, биноҳои истиқоматӣ, иншооти энергетикӣ ва инфрасохтор аст. "Барои ҳар як зарбаи Маскав ба бахши энержии мо бо ҳадафи эҷоди мушкил ба мардуми оддӣ пеш аз зимистон, бояд бо ҷорӣ кардани таҳрими бидуни истисно ба тамоми сохторҳои энергетикии Русия посух дода шавад."- навиштааст, Зеленский дар Telegram.

Ба иттилои шаҳрдори Кременчуге дар пайи зарбаҳои Русия мардум дар ин ҷо аз барқ маҳрум шуданд. Дар вилояти Полтава дар пайи ҳамлаҳои Русия ба кори роҳи оҳан халал ворид шуда, дар роҳе, ки Харковро бо Киев мепайвандад чандин қатора аз ҳаракат бозмонданд.

Дар Днепр бесарнишини Русия ба як бинои истиқоматии нуҳ ошёна бархурдааст. Дастикам ду нафар ҷон бохта, хонаҳо дар ошёнаи дуюм вайрон шудаанд.

Хабарнигорон номи беш аз 145 000 низомии кушташудаи русро маълум карданд

Як таҳқиқоти журналистӣ исми 145 ҳазору 258 сарбози русро маълум кардааст, ки аз оғози ҷанг дар Украина кушта шудаанд.

Шахсияти низомиёни кушташударо хабарнигорони “Медиазона” ва бахши русии “Би-би-си” дар якҷоягӣ бо ихтиёриён маълум кардаанд.

Бино ба навиштаи хабарнигорони ин ду расона, дар давоми ду ҳафтаи охир шумораи кушташудагон қариб 5000 нафар афзудааст. Муаллифон мегӯянд, якбора мизони маргу мир миёни ноболиғон дар майдони ҷанг бештар шудааст. Ин ба қонунҳои нави Русия марбут будааст, ки маҳдудияти ҷалби шахсони 18 соларо ба ҷанг бекор кард.

Дар гузориш омадааст, эҳтимол онҳо пас аз як ё ду моҳи бастани қарордод дар майдони ҷанг кушта мешаванд.

Ба навиштаи хабарнигорон шумори воқеии талафоти Русия хеле бештар аз онест, ки тавассути манбаҳои боз ошкор мешавад.

Коршиносони низомӣ ҳадс мезананд, ки таҳқиқи қабристонҳои Русия, бойгонии низомиён ва хабару эълонҳо танҳо аз 45 то 65 дарсади қурбониёни воқеиро фаро мегирад. Дар бораи на ҳамаи сарбозони кушташуда ошкоро хабар дода мешавад.

“Дар Русия зиндонӣ буд.” Дафни боз як тоҷики кушташуда дар ҷанги Украина

Абдумуталиб Аюбов, сокини ноҳияи Деваштич, ки ба қавли пайвандонаш дар Русия зиндонӣ буд, вале дар ҷанги Украина кушта шуд
Абдумуталиб Аюбов, сокини ноҳияи Деваштич, ки ба қавли пайвандонаш дар Русия зиндонӣ буд, вале дар ҷанги Украина кушта шуд

Ҷасади боз як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар ҷанги Русия алайҳи Украина кушта шудааст, рӯзи 3-юми ноябр дар зодгоҳаш, ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд, дафн карданд. Абдумуталиб Аюбов 27 сол дошта, ба қавли пайвандонаш, дар Русия зиндонӣ буд.

Абдумуъмин Аюбов, падари Абдумуталиб, рӯзи чоруми ноябр дар тамоси телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ба иттилои гирифтаи онҳо, писараш 24-уми октябр дар як деҳаи вилояти Донетски Украина ба ҳалокат расидааст.

Вай афзуд, писараш ҳашт сол пеш бо нияти кор ба шаҳри Маскав рафта, ба онҳо кумак мекард. Аммо се сол пеш, баъди як сонеҳаи нақлиётӣ бо иштироки ӯ, ки дар натиҷа як шаҳрванди Русия фавтидааст, зиндонӣ шудааст. "Аз замони ҳабс гардиданаш тамос нагирифта буд," – гуфт Абдумуъмин Аюбов.

Амакаш Абдурашид Аюбов мегӯянд, мақомоти Русия бародарзодаашро дар зиндони шаҳри Новосибирск ҷойгир карда буданд ва бори охир тақрибан ду сол пеш ӯро дидааст.

Ба таъкиди амакаш, пайвандон чӣ гуна ба ҷанг фиристода шудани Абдумуталиб Аюбовро намедонанд, аммо мақомоти Русия дар варақе навиштаанд, ки "ихтиёрӣ рафт". Ин санад ҳамроҳи тобути Абдумуталиб аз Русия ба Тоҷикистон оварда шудааст. Пайвандонаш азми ба ҷое шикоят карданро надоранд.

Абдумуталиб Аюбов оиладор набуда, аз рӯи аксҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузоштааст, ба варзиш майл доштааст.

Сокинони деҳаи Басманда дар ноҳияи Деваштич мегӯянд, бори аввал аст, ки зодаи ин минтақаро аз ҷанги Украина меоранд. Аз иштироки дигар ҳамдеҳагонашон дар ҷанг иттилоъ надоранд.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Боз як тоҷик аз маҳбаси Русия ба ҷанги Украина рафту ҳалок шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:08 0:00

Дар минтақаҳои дигари Тоҷикистон ҳадди ақал моҳе аз дафни кушташудагони ҷанги Русия бо Украина ба Радиои Озодӣ иттилоъ мерасад. Вале ягон омори расмӣ аз ҷониби ниҳодҳои давлатӣ ироа намегардад, ки чӣ қадар шаҳрвандони Тоҷикистон дар он муноқиша ширкат меварзанд.

Тарҳи давлатии "Зистан мехоҳам" дар Украина моҳи майи соли ҷорӣ номи 931 зодаи Тоҷикистонро нашр кард, ки аз ҷониби Русия дар ҷанги зидди ин кишвар иштирок доранд. Ҳамин тарҳ дар моҳи сентябр рӯйхати 446 зодаи Тоҷикистонро нашр кард, ки дар ҷанги Украина кушта шудаанд.

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода соли 2023 ба хабарнигорон гуфта буд, ки тақрибан 100 шаҳрванди Тоҷикистон аз зиндонҳои Русия ба ҷанг дар Украина фиристода шудаанд. Мансабдорони тоҷик аз он замон то кунун иттилои дигаре надодаанд.

Қонунҳои Тоҷикистон барои иштирок дар ҷангҳои хориҷӣ ҷазои сангинро пешбинӣ мекунад, вале дар муддати сеюним соли ҷанг ҳеч додгоҳи ин кишвар ягон ширкатдори ҷанги Украинаро муҳокима накардааст.

Достони як ҷавони тоҷик, ки аз зиндони Русия ба ҷанги Украина бурда шуд

Исмоил Расулов, шаҳрванди 26-солаи Тоҷикистон.
Исмоил Расулов, шаҳрванди 26-солаи Тоҷикистон.

Як маҳбуси собиқи тоҷик, ки ба ҷанг дар Украина ҷалб шуда буд, аз Русия фирор кардааст.

Исмоил Расулов, шаҳрванди 26-солаи Тоҷикистон мегӯяд, моҳи июли соли 2024 зери фишор аз маҳбаси Челябински Русия ба ҷанги Украина фиристода шуд ва чор бор дар ин ҷанг захм бардоштааст.

Ин шаҳрванди Тоҷикистон, ки нахост маҳали феълии будубошашро ошкор кунем, гуфт, замоне аз Русия фирор кард, ки дар пайи захмҳои зиёд маъюб ва корношоям шуд, вале бо ин вуҷуд мақомоти рус ӯро ба ҷанг бурданӣ буданд.

Радиои Озодӣ ба санадҳои тиббие шинос шуд, ки корношоямии ӯро собит мекунанд ва ин ҷавон аксҳоеро ба мо нишон дод, ки аз шикам, гардан ва пою пушташ захмҳои сахт бардоштааст.

Мақомоти Русия ӯро моҳи октябри соли 2020 бо гумони фурӯши маводи мухаддир боздошт ва ба нӯҳ соли зиндон маҳкум кардаанд. Ӯ аз соли 2018 то замони боздошт дар Челябинск ронандаи таксӣ будааст. Худаш мегӯяд, пулис ӯро тӯҳмат кард ва гуноҳи дигаронро ба сараш зада буданд.

Пас аз ҳамлаи Русия ба хоки Украина ширкати зархаридони "Вагнер" ва баъдан Вазорати мудофиаи Русия садҳо маҳбусро бо ваъдаи раҳоӣ аз идомаи адои ҷазо ба ҷанги Украина ҷалб карданд. Исмоил Расулов низ аз ҷумлаи ин маҳбусон будааст.

Ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ нақл кард, ки ду сол даъвати рафтан ба ҷангро рад карда буд, вале охири моҳи июли соли 2024 бо таҳдиде, ки агар ба ҷанг наравад, кушта мешавад, ба ҷанг сафарбар шуд. Исмоил нақл кард, ки ӯро бо 58 маҳбуси дигар, ки асосан шаҳрвандони Узбекистон ва Тоҷикистон буданд, пас аз 21 рӯзи тамрини низомӣ ба вилояти Курск интиқол доданд.

Қиссаи ҷавони тоҷик, ки аз зиндони Русия ба ҷанги Украина сафарбар шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:59 0:00

Он вақт, артиши Украина дар посух ба таҷовузи Русия 6-уми августи соли 2024 вориди вилояти Курски Русия шуда, ҳудуди ҳазор метри мураббаъро зери назорат гирифта буд. Русия дар Курск аз нерӯи маҳбусоне мисли Исмоил Расулов ва сарбозони Кореяи Шимолӣ истифода карда, моҳи марти соли 2025 артиши Украинаро маҷбур ба ақибнишинӣ намуд.

Исмоил Расулов нақл кард, ки дар деҳаи Даринои Курск се бор захмӣ шуд, вале пас аз табобатҳои кутоҳ ҳар бор ӯро дубора ба ҷанг мефиристоданд.

"7-уми апрели соли 2015 дар деҳаи Демидовкои шаҳри Белгород сахт захмӣ шудам, ки дигар ҳаракат карда наметавонистам. Маро ба беморхонаи Бурденко ба шаҳри Маскав интиқол доданд ва ҳудуди якуним моҳ дар шӯъбаи эҳё табобат гирифтам. Ман дигар маъюб шуда будам. Дар аввали моҳи августи соли равон пас аз ба анҷом расидани муҳлати шартномаи яксола дубора маро барои тамдиди он даъват карданд, вале ман напазируфтам ва ба Тоҷикистон баргаштам",-нақл кард ӯ.

Ин ҷавони тоҷик нақл кард, ки пас аз сарпечиаш аз даъвати дигарбора ба ҷанг мақомоти рус ҳамсарашро дар Тотористон азият доданд, то ӯ маҷбур шавад, ба Русия баргардад. Ӯ мегӯяд, Артём Зирянов, муовини фармондеҳи воҳиди низомии 104 тариқи "Вотсап" ба ӯ тамос гирифта, хоҳиш кард, то дубора ба Русия баргардад.

"Вақте ман рад кардам, ӯ гуфт, ки туро дар ҷустҷӯ қарор додем ва боздошт мешавӣ. Дигар ман Тоҷикистонро ҳам барои худ амн надонистам ва аз онҷо берун шудам"-гуфт ӯ.

Исмоил Расулов мегӯяд, намедонад сарнавишташ чӣ мешавад, вале ба ҳеч шарте дигар ба Русия нахоҳад баргашт.

Русия аз оғози ҳамла ба Украина дар соли 2022 садҳо маҳбуси тоҷикро ба ин ҷанг ҷалб кард. Радиои Озодӣ дар бораи беш аз сад нафар аз маҳбусон хабару гузориш нашр кард, ки дар ҷанги Украина кушта шуда буданд.

Исмоил Расулов, ки борҳо шоҳиди ҷалби маҳбусон ба артиш шудааст, мегӯяд, солҳои аввал бо ваъдаи раҳоӣ аз маҳбас пас аз як соли ҷанг ва маблағ зиндониёнро ба ҷанг мебурданд, вале пас аз соли 2023 дигар касе ихтиёрӣ намонда буд ва мақомоти рус муҳоҷирони маҳбусро маҷбур ба ҷанг ҷалб мекарданд.

Тарҳи "Зистан мехоҳам" дар Украина аз аввали имсол чанд бор номи сарбозону афсарони Русияро нашр кард, ки дар ҷанги зидди Украина кушта шудаанд. Дар чанд моҳи охир дар ин тарҳ исми наздик ба се ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ҳамчун "зархарид" зикр шудаааст, ки баъзе аз онҳо дар Украина кушта шудаанд.

Муаллифони тарҳ мегӯянд, ки маълумотро ба воситаи "одамони худ" дар артиши Русия дастрас кардаанд. Радиои Озодӣ исми чанд нафарро дар феҳрастҳои гузашта тафтиш ва дақиқ карда буд, ки бархеи онҳо дар ҳақиқат кушта шудаанд.

Қонунгузории Тоҷикистон ҳузури шаҳрвандонро дар ҷангҳои берунӣ манъ мекунад, вале мақомоти ҷумҳурӣ мегӯянд, то ин дам нисбат ба касе барои иштирок дар ҷанги Украина парвандаи ҷиноӣ боз накардаанд.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG