Порлумони Аврупо рӯзи 26-уми ноябр аз Иттиҳоди Аврупо даъват кард, ки барои дастрасии кӯдакон ба шабакаҳои иҷтимоӣ ҳадди ақали синро муқаррар кунад. Муаллифони пешниҳод бовар доранд, ки бо ин роҳ аз афзоиши бемориҳои равонӣ дар миёни наврасон пешгирӣ мешавад.
Вакилони порлумони Аврупо пешниҳод карданд, ки дар ҳудуди кишварҳои Иттиҳоди Аврупо дастрасии наврасони то 16-сола ба шабакаҳои иҷтимоӣ, барномаҳои ирсоли видео ва нармафзорҳо бо зеҳни сунъӣ бе иҷозаи волидон манъ шавад.
Қатъномаи порлумони Аврупо ҳамчунин манъи дастрасии наврасони то 13-соларо ба шабакаҳои иҷтимоӣ пешбинӣ мекунад.
Иҷро кардани ин дархости вакилони порлумони Аврупо ҳатмӣ нест. Вале ин пешниҳод дар ҳоле садо медиҳад, ки Австралия аввалин кишвар дар ҷаҳон мешавад, ки дастрасии наврасони то 16-соларо ба шабакаҳои иҷтимоӣ манъ мекунад. Ин қонун аз моҳи декабри имсол ба иҷро медарояд. Тарҳи қонун ҳатто барои наврасоне, ки бо иҷозаи волидайн шабакаҳои иҷтимоиро истифода мебаранд, сабукӣ надодааст. Қонун истифодаи шабакаҳои иҷтимоии Instagram, Facebook, X ва TikTok барои наврасони то 16-сола дар Австралия манъ кардааст.
Дания ва Малайзия ҳам ният доранд, чунин маҳдудиятро ҷорӣ кунанд.
Маълум нест, ки маҳдуд кардани дастрасии наврасон ба шабакаҳои иҷтимоӣ дар Иттиҳоди Аврупо чӣ гуна амалӣ мешавад. Ҳар кишвари узви ин созмон ҳақ дорад дар дохили худ маҳдудияти мушаххас ҷорӣ кунад.
Видеоро инҷо бинед:
Кристиан Лема, сокини шаҳри Париж, пойтахти Фаронса ва падари се фарзанд ба иҷро шудани ин қарор шубҳа дорад.
Ин ҳамсуҳбати хабаргузории “Ройтерс” мегӯяд, “манъ кардан шояд тасмими сахт ва радикалӣ бошад. Моро зарур аст, ки ин равандро танзим кунем, роҳи муносибро ёбем. Шояд дастрасӣ пурра манъ шавад ё шояд вақти истифода дар шабакаҳои иҷтимоӣ камтар карда шавад. Зарур аст, ки дар масъалаи масъулияти волидон бештар кор кунем, чун мо метавонем дар сатҳҳои боло қарор қабул кунем, вале набояд падару модарро аз масъулияте, ки барои ҳимояи фарзандони худ доранд, озод созем.”
Таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ ба саломатӣ ва амнияти кӯдакон ба мушкили ҷиддӣ дар саросари ҷаҳон табдил мешавад. Аллакай аз болои чанд ширкат дар Амрико барои расондани таъсири манфӣ ба саломатии равонӣ ба додгоҳ шикоят шудааст.
Муқаррароти шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Тик Ток, Фейсбук ва Snapchat талаб мекунад, ки корбар бояд ҳадди ақал 13-сола бошад.
Чанд кишвари узви Иттиҳоди Аврупо маҳдудиятҳои на чандон сахте ҷорӣ кардаанд. Аз ҷумла манъи истифодаи телефон дар вақти дарс ва розигии падару модар барои истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ.
Вале ин маҳдудиятҳо барои ҳифзи кӯдакон ва наврасон кофӣ нестанд. Омори расмӣ дар чанд кишвари Аврупо нишон медиҳанд, ки бештари наврасони то 13-сола дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифа доранд.
Ширкати Digital Industry Group, ки аз манфиати ширкатҳои Meta, TikTok, X ва Google дар Австралия ҳимоят мекунад, қаблан тасмими ҳукумати ин кишварро танқид карда буд. Сунита Боз, роҳбари ин ширкат гуфт, ин маҳдудият наврасонро ба истифодаи сомонаҳои беназорат тела медиҳад.