Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси ҳузури муҳоҷирони Чин дар Қирғизистон пас аз як занозанӣ


Боздошти коргарони ширкати чинӣ ва қирғизӣ пас аз як занозанӣ дар рӯзи 15-уми ноябр.
Боздошти коргарони ширкати чинӣ ва қирғизӣ пас аз як занозанӣ дар рӯзи 15-уми ноябр.

Миёни кормандони ду ширкати роҳсозӣ дар Қирғизистон, ки шаҳрвандони Чин ва сокинони маҳаллӣ онҷо кор мекарданд, занозанӣ шудааст.

Коршиносон мегӯянд, дар ин кишвар рӯҳияи эътирозӣ нисбат ба муҳоҷирони Чин боло рафтааст. Мақомоти Қирғизистон дар ин муноқиша ва боло рафтани чинибадбинӣ гурӯҳи иғвоангезонро гунаҳкор медонанд. Ба гуфтаи мақомот, ҳузури чиноиҳо иқтисоди ин кишварро боло мебарад ва бо онҳо бояд дӯстона бархӯрд кард.

Занозании кормандони чинӣ ва қирғизистонии ду ширкат 15-уми ноябр рух додааст. Дар мавзее, ки ронандагон барои корҳои роҳсозӣ сангу шағал мекашанд, ҳоло вазъ ором ба назар мерасад, вале кор мисли пештара нест.

Занозанӣ вақте шурӯъ шудааст, ки ронандагони ширкати "Чайна-Роуд"-и чинӣ ва "Ҷунсзӣ"-и Қирғизистон ба ҳамдигар ҳангоми убур аз як роҳ баҳс кардаанд. Кормандони ҳарду ширкат якдигарро дар сар задани низоъ айбдор мекунанд. Сокинон дар ин маҳал мегӯянд, дар бораи ҳодиса аз шабакаҳои иҷтимоӣ хабар ёфтанд ва шоҳиди занозанӣ набуданд.

Азамат Солкеев, сокини деҳаи Константиновка, ки ҳодиса дар наздии он рух додааст, гуфт: "Аниқ намедонам, ки чӣ шуд, аз интернет фаҳмидам. Гуфтанд, ки чиниҳо ҳангоми сангу шағал бурдан касеро задаанд. Чиниҳо инҷо шағал омода мекунанд. Гуфтанд, ки барои навбат ҷанг шудааст".

Мақомоти Қирғизистон ҳодисаро таҳқиқ доранд.

Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон хабар дод, ки 44 нафарро барои ширкат дар ин занозанӣ бозпурсӣ карда, 16 тани онҳоро боздошт кардааст. Дар миёни боздоштшудаҳо шаҳрвандони Чин низ ҳастанд. Вазорат нисбат ба ширкатдорони ҷанҷол бо иттиҳоми “авбошӣ” парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Як ронандаи 20 солаи қирғиз дар ин занозанӣ ҷароҳат бардошта дар бемористон бистарӣ шудааст.

Видеоро инҷо бинед:

Коргарони чинӣ ва қирғиз бо ҳам занозанӣ кардаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:22 0:00

Нашри хабари занозанӣ мавҷи вокунишҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овард. Аксари шаҳрнависон ҳузури кормандони ширкатҳои чинӣ дар Қирғизистонро маҳкум карданд. Вазъ ба ҳаде ҷиддӣ шуд, ки мақомот маҷбур ба вокуниш шуданд. Мақомот гуфтанд, ки ширкатҳои чинӣ ба рушди иқтисод дар кишвар кумак мекунанд ва муҳоҷирони чинӣ дар ин кишвар қонунӣ ҳузур доранд.

Ҷээнбек Кулубоев, вазири корҳои хориҷии Қирғизистон гуфт: “Ҷое нест, ки беназорат ворид шуда бошанд. Мо низоми раводид дорем. Вақте мӯҳлати раводидашон тамом мешавад, мераванд. Агар мӯҳлати раводидашон тамом шуд ва нарафтанд, боздошт ва ихроҷ мешаванд. Ба онҳо низ мушкилоти қонунӣ лозим нест."

Мақомоти Қирғизистон бар ин назаранд, ки рӯҳияи чинибадбиниро ба таври сунъӣ дар кишвар боло мебаранд. Коршиносон мегӯянд, мақомот бояд дар бораи кори ширкатҳои Чин ошкоро маълумот диҳанд ва аз мардум чизеро пинҳон накунанд.

Нурбек Тоқтақунов, ҳуқуқшинос чунин назар дорад: "Дар бораи ҳузури Чин, дар ин бора ки чиноиҳо чӣ кор мекунанд, маълумот кам аст. Вақте маълумоти дуруст нест, ҳар гуна овозаҳо паҳн мешавад ва ин боиси афзоиши бегонаситезӣ дар миёни мардум мегардад. Барои пешгирӣ аз ин, бояд ҳама маълумот ошкоро ба мардум гуфта шавад. Ҳоло Осиёи Миёни дар маркази таваҷҷӯҳи кишварҳои абарқударт қарор гирифтааст. ИМА, Чин ва Русия мехоҳанд тарҳҳоеро дар ин кишварҳо амалӣ кунанд ва бештар дар Осиёи Марказӣ фаъол бошанд. Дар ин шароит, раҳбарони кишвари мо бояд мардумро аз ҳар иқдом огоҳ кунанд ва саривақт хабар диҳанд, ки нофаҳмӣ пеш наояд."

Ҳукумати Қирғизистон Чинро як шарики муҳими иқтисодии худ дар минтақа медонад. Ширкатҳои чиноӣ бо ҳадафи татбиқи лоиҳаҳои бузург вориди ин кишвар шудаанд. Аз ҷумла, бунёди роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Узбекистон, ки як сол пеш расман оғоз шуд. Ҳузури ширкатҳои чиноӣ дар ин кишвар афзоиш меёбад ва мақомот ҳам тасдиқ мекунанд, ки теъдоди муҳоҷирон аз Чин чанд баробар бештар шудааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG