Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марзҳо баста, меҳмонхонаҳо холӣ. Бахши сайёҳии Тоҷикистон дар чӣ ҳол аст? ВИДЕО


Қалъаи Ҳисор, яке аз маконҳои дидании сайёҳони хориҷиву дохилӣ дар Тоҷикистон
Қалъаи Ҳисор, яке аз маконҳои дидании сайёҳони хориҷиву дохилӣ дар Тоҷикистон

Бахши сайёҳии Тоҷикистон, ки солҳои ахир мақомот бештар аз рушди он суҳбат мекарданд ва ба ояндаи хуби он умед доштанд, дар давраи пандемия зарбаи сахт дидааст. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ 355 ҳазор хориҷӣ ба Тоҷикистон омадаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёда аз 62 дарсад камтар аст.

ДАРОМАД НЕСТ, КОРМАНДОН БА РУХСАТИИ БЕМУЗД РАФТААНД

Дари ба камияш чаҳор меҳмонхонаро дар шаҳри Душанбе баста ёфтем. Баъзе бо мушкил ба кор идома медиҳанд. Яке аз маъмурони меҳмонхонае дар Душанбе гуфт, ки аз моҳи март ба ин сӯ ҳеч сайёҳ ба меҳмонхонаи онҳо наомадааст ва аксари кормандон дар рухсатии бемузд ҳастанд.

"Худатон мебинед, дари меҳмонхонаи мо баста аст ва касе нест. Вақте муштарӣ ба меҳмонхона намеояд, албатта, даромад нест ва маълум аст, ки кормандон маош намегиранд", -- гуфт мусоҳиби мо.

Дар Тоҷикистон беш аз 200 меҳмонхонаву ҳостел, 44 осоишгоҳ ва чанд пойгоҳи сайёҳӣ фаъоланд, ки ҷаҳонгардон ҳангоми истироҳату саёҳат аз хизматрасонии онҳо истифода мебаранд. Масъулони Кумитаи рушди сайёҳӣ мегӯянд, дар соли 2019 беш аз 1 миллион сайёҳи хориҷӣ ва 400 ҳазор шаҳрванди кишвар аз мавзеъҳои сайёҳии Тоҷикистон дидан карда буданд.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

СОVID-19 аҳволи ширкатҳои саёҳӣ ва меҳмонхонаҳои Тоҷикистонро бад кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:37 0:00

"ЯГОН САЙЁҲ ЗАНГ НАЗАД"

Дар баробари меҳмонхонаҳои бузургу ҳостелҳо, чанд моҳи охир ширкатҳои сайёҳӣ ҳам бо мушкил кори худро пеш мебаранд. Баъзе ҳам моҳҳо боз дари ширкаташонро баста, баъзе бо умеди беҳтар шудани вазъ интизори муштарӣ нишастаанд.

Адолат Муҳибхонова, мудири кулли ширкати "Адрас Тур", бо мисол аз утоқҳои холии ширкат, ки кормандонаш бар асари пандемия ва буҳрон ба рухсатии бемузд фиристода шудаанд ин вазъро шарҳ дод: “Аз моҳи март, ки роҳ баста шуд, ҳеч дархост нашуд. Ягон сайёҳ ба мо занг назад, мо дафтари кориро бастем ва коргаронро ҷавоб додем. То ҳол на ягон коргар дорем на корро сар кардем”.

Ҳамсуҳбати мо афзуд, пандемия на танҳо сафари ҷаҳонгардони хориҷиро ба Тоҷикистон ба таври чашмрас коҳиш дод, балки саёҳати дохилӣ ҳам ба буҳрон дучор шуд.

"Шаҳрвандони худамон ҳам ба саёҳат мерафтанд. Ҳатто мактаббачаҳоро гурӯҳ-гурӯҳ ба ҷойҳои таърихӣ мебурдем. Дар давраи пандемия ягон кор накардем, муроҷиат нест. Ҳама ҷой карантин, ҳама дар хона", -- гуфт ӯ.

"БО МАОШИ МОДАРАМ ЗИНДАГӢ ДОРЕМ"

Ҳоло дар кишвар 215 ширкати сайёҳӣ фаъолият дорад, ки ба гардишгарони дохиливу хориҷӣ хизмат мерасонанд. Ширкати “Адрас Тур” танҳо нест, ки мегӯяд, пандемияи COVID-19 бозори ҷаҳонгардиро сард кардааст.

Фаррух Акмалов шаш моҳ пеш бар асари баста шудани меҳмонхонаи хусусие дар вилояти Бадахшон бекор монд. Фаррух, ки зиндагии хонаводаи панҷнафариро аз ҳисоби кор дар ин меҳмонхона пеш мебурд, гуфт: “Тамоман сайёҳ нест ва меҳмонхона ҳам даромаде надошту наметавонист ба кормандон маош диҳад. Ҳарчанд раҳбари меҳмонхона одами хуб аст ва то ҳол каму беш ба мо кумак мекунад, расман маош намегирем. Модарам муаллима аст, бо маоши ӯ зиндагиро пеш мебарем.”

Ҳукумати Тоҷикистон дар солҳои ахир талош дорад, даромад аз бахши ҷаҳонгардиро бештар кунад. Барои ин, ба соҳаи туризм ё сайёҳӣ чанд имтиёз дода шуд ва солҳои ахир теъдоди ширкатҳои ҷаҳонгардӣ ҳам афзоиш ёфт.

РОҲИ ҲАЛ КАДОМ АСТ?

Тибқи қарори ҳукумат, ки 5-уми июни имсол қабул карда шуд, аз 1-уми апрел то 1-уми сентябри соли 2020 ба иншооти соҳаи сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, ташкилоти хӯроки умумӣ, марказҳои саломатию варзишӣ, осоишгоҳҳо, ҳамлу нақли мусофиркашонии байналмилалӣ ва аэронавигатсия таътили пардохтҳои андозӣ пешбинӣ шуда буд. Ҳисобкунии фоизҳо барои сари вақт пардохт нагардидани андозҳо низ барои ҳамин давра манъ шуд.

Мутахассисони соҳаи туризм мегӯянд, дар ҳоле ки роҳи ҷаҳонгардӣ ба хориҷа баста аст, бояд шароити истироҳат дар маконҳои сайёҳии Тоҷикистон беҳтар ва таблиғи ин ҷойҳо зиёд карда шавад. Умед Сияров, кишваршиноси тоҷик, гуфт, дар сурати анҷоми ин кор мешавад то ҷое оқибатҳои бади пандемияро кам кард.​

Дар Кумитаи рушди сайёҳӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, қарори ҳукумат бар пояи дархости соҳибкороне содир шуд, ки дар соҳаи сайёҳӣ кор мекунанд ва манофеи онҳо ба назар гирифта шуд. Вале, ба гуфтаи мутахассисони соҳаи сайёҳӣ, имтиёзҳо барои муддати муайян дода мешаванд ва ба онҳое, ки сайёҳонро сафарбар ва мустақим ҳамроҳӣ мекунанд, пешбинӣ нашудааст.

XS
SM
MD
LG