Бахтиёр Назарзода, раиси шаҳри Кӯлоб ва Абдуғаффор Ҳикматуллозода, раиси ноҳияи Рӯдакӣ, ки фаъолияти кориашон пурсарусадо буд, аз мақомашон барканор шудаанд.
Ин ду нафар рӯзи 7-уми январ дар баробари ҳафт раиси шаҳру ноҳияи дигар бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон тарки мақом кардаанд. Сабаби барканории Ҳикматуллозода "гузаштан ба кори дигар" гуфта шудааст, вале дар бораи Назарзода чизе гуфта нашудааст.
Ноҳияи Рӯдакӣ ва шаҳри Кӯлоб аз пурҷамъияттарин воҳидҳои маъмурии Тоҷикистон буда, наздик ба як миллион аҳолии кишвар дар ин ду макон зиндагӣ мекунанд.
Бо фармони дигари президенти Тоҷикистон, Диловар Пирзода, раиси шаҳри Кӯлоб ва Нусратулло Салимзода, раиси ноҳияи Рӯдакӣ интихоб шудаанд. Онҳо дар гузашта дар ниҳодҳои марказӣ кор мекарданд.
Абдуғаффор Ҳикматуллозода соли 2023 аз мақоми муовини аввали Додситони кулли Тоҷикистон барканор ва раиси ноҳияи Рӯдакӣ таъин шуда буд. Он замон гуфта мешуд, ки ӯро ба хотири пешгирӣ аз истифодаи ғайриқонунии замин бо истифода аз тарҷибаи кор дар мақомоти тафтишотӣ ба ин ноҳияи пурҷамъияттарин ва наздик ба пойтахти Тоҷикистон раис таъин кардаанд.
Аммо дар ду соли кори ӯ чанд зердасташ бо гумони ғайриқонунӣ додани қитъаи замин ба сокинон ва тоҷирон боздошт шуданд ва худи ӯ ҳам бар асоси маълумоти расида, аз ҷониби муфаттишони Оҷонсии мубориза бо фасод дар ин робита бозпурсӣ шуда буд.
Бахтиёр Назарзода соли 2021 раиси Кӯлоб шуда буд. Исми ӯ низ дар робита ба содир кардани қарорҳои ғайриқонунӣ дар робита ба додани замин ва сӯистифода аз мансаб расонаӣ шуда буд.
Таҳқиқи Радиои Озодӣ дар соли 2023 нишон дода буд, ки Бахтиёр Назарзода аз мансаб ба фоидаи ширкати худ истифода мекунад, пули андозу барқро намесупорад, муассисаву хиёбонҳоро ба номи наздиконаш номгузорӣ кардааст ва гурӯҳе аз ҳисоби журналистон созмон додааст, ки ҳар амали ӯро дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо иғроқ тавсиф мекунанд.
Маълум нест, ки шикоятҳо аз фаъолияти кориашон боиси барканории онҳо аз мансаб шудааст ё ин як ҷойивазкунии одии мавсимӣ бо дастури Эмомалӣ Раҳмон аст. Мухолифони ҳукумат мегӯянд, мансабҳо дар Тоҷикистон бештар ба афроде дода мешавад, ки садоқати шахсӣ ба Эмомалӣ Раҳмон доранд ва шикояти сокинон дар барканории мансабдорон зоҳиран таъсире надорад. Дар баъзе мавридҳо аз мавҷудияти ҳолатҳои коррупсионӣ дар тақсими мансабҳо низ гуфта мешавад.