Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон беш аз 30 сокини Ҳисорро дастгир кардаанд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Як вакили мудофеъ дар Қирғизистон гуфт, маъмурони амниятӣ дар ин кишвар 34 ҷавонро аз деҳаҳои Бӯстон ва Ҳуснободи шаҳри Ҳисор дастгир ва ба убури ғайриқонунии сарҳад муттаҳам кардаанд.

Наздиконашон дар Тоҷикистон тасдиқ карданд, ки воқеан ин гуруҳи ҷавонон се моҳ пеш барои ҷамъоварии шираи камол ба ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканд рафта буданд. Дар замоне ки ба сабаби густариши бемории COVID-19 марзҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ бастааст.

Мақомоти амниятии вилояти Бодканд дар ин замина расман хабар надодаанд, аммо вакили мудофеъ МЭЛС Абдураимов рӯзи 28-уми август аз шаҳри Бишкек гуфт, боздошти нафарони зери ҳимояташ дар миёнаҳои моҳи июли имсол сурат гирифтааст.

Ба иттилои ӯ, сокинони боздоштшудаи Тоҷикистонро дар оғози моҳи сентябр бар асоси моддаи 359-и Кодекси ҷиноии Қирғизистон (убури ғайриқонунии марз) муҳокима мекунанд. Абдураимов мегӯяд, "шаҳрвандони Тоҷикистонро маъмурони амниятӣ дастгир карда, феълан дар боздоштгоҳи муваққатии ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканд нигоҳ медоранд."

Рӯзи ҷумъа кӯшиши мо барои дарёфти иттилоъ аз мақомоти ин минтақаи ҳаммарз бо ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд муяссар нашуд. Дар сурати гирифтани шарҳи расмӣ онро низ нашр хоҳем кард.

"Онҳо худашон наомадаанд. Ҳеч санади расмӣ ҳам надоранд. Дар вақти суҳбат мегӯянд, ҳамин қадар медонанд, ки онҳоро барои кор ба инҷо корфармо мефиристод", -- шарҳ дод вакили мудофеъ.

Айни замон номи ширкати корфармо маълум нест. Шаҳрвандони боздоштшуда дар суҳбат бо вакили мудофеъ аз корфармо ном набурда, танҳо ишора кардаанд, ки "як ширкати машҳур дар Тоҷикистон аст".

Дар Тоҷикистон танҳо ширкати "Фароз" ва "Мину-фарм" иҷозаи ҷамъоварии шираи камолро доранд. Хостем пайванди ин ширкатҳоро бо қазияи ҷавонони боздоштшуда дақиқ кунем, аммо як намояндаи пешини дафтари матбуоти "Фароз" гуфт, дар ҳоли ҳозир фаъолият надоранд ва ба муроҷиату номаҳо посух намедиҳанд.

Моҳи июл раиси Кумитаи андози Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода низ гуфта буд, ки ширкати "Фароз" расман барҳам хӯрдааст, аммо пештар як таҳқиқи Радиои Озодӣ нишон дод, ки ширкатҳои зертобеи "Фароз" ҳанӯз фаъоланд.

МЭЛС Абдураимов, вакили мудофеи сокинони дастгиршудаи Тоҷикистон, гуфт, шаҳрвандони Қирғизистон, ки низ ба ҷамъоварии шираи камол машғул буданд, боздошт шудаанд. Ба қавли ӯ, ҷузъиёти бештар шояд дар вақти мурофиа ошкор шавад.

Дар ҳамин ҳол, Абдулмуъмин Гулов, сокини шаҳри Ҳисор, рӯзи 29-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, ду фарзандаш, ки барои ҷамъоварии шираи камол ба Қирғизистон рафта буданд, боздошт шудаанд. "Танҳо тавассути вакили мудофеъ аз ҳоли онҳо огоҳ мешавем. Вакил мегӯяд, ки саломатиашон хуб аст ва шикоят надоранд", -- афзуд ӯ.

Бобораҷаб Шералиев, раиси ҷамоати Ҳуснободи Ҳисор, мегӯяд, мақомоти амниятии Қирғизистон аз онҳо дар бораи ҷавонони боздоштшуда маълумот хоста буданд. "Ба воситаи факс тарҷумаи ҳоли ҳамаи онҳоро фиристодем. Онҳо тайи чанд соли ахир барои ҷамъоварии шираи камол ба Қирғизистон мерафтанду меомаданд, вале имсол боздошт кардаанд."

Содироти шираи камол аз Тоҷикистон то соли 2008 озод буд. Шаҳрвандоне, ки ба майдонҳои гиёҳи камол дастрасӣ доштанд, мустақилона онро ҷамъ оварда, бештар тавассути тоҷирони афғонистонӣ ба хориҷа содирот мекарданд.

Вале аз моҳи сентябри соли 2008 ҷамъоварии мустақилонаи шираи камол манъ шуд ва "Фароз" ягона ширкате гардид, ин ҳақро ба даст овард. Қаблан Вазорати тандурустии Тоҷикистон ҳам хоста буд, барои ҷамъоварӣ ва коркарди шираи камол барояш иҷозат бидиҳанд, вале соли 2019 ин дархост рад шуд.

Шираи камол аз рустаниҳои шифобахшест, ки барои истеҳсоли доруҳои гуногун истифода мешавад ва дар бозорҳои ҷаҳонӣ талаботи зиёд ва қимати баланд дорад.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG