Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳар рӯз то 20 мард меомад". Ноболиғи 16-соларо ғуломи ҷинсӣ кардаанд. ВИДЕО


Акси духтаре, ки мегӯяд дар шаҳри Бишкек ғуломи ҷинсӣ шудааст
Акси духтаре, ки мегӯяд дар шаҳри Бишкек ғуломи ҷинсӣ шудааст

Як духтари ноболиғи қирғиз баъди ду ҳафтаи асорати шаҳвонӣ, дар бораи зулме, ки дидааст, ба телевизиони "Настоящее время" нақл кард. Мегӯяд, ӯро дар ин муддат латтӯ кӯб ва таҷовуз намудаанд. Ҳоло пайвандони духтар аз он нигаронанд, ки гунаҳгорон беҷазо мемонанд.

Ҳар рӯз ҳазорҳо нафар ба бозори машҳури Уши Бишкек мераванд. Аз назди хонае мегузаранд, вале кам касе тасаввур мекунад, ки дар паси деворҳои баланди он чӣ мегузарад.

Нуройими 16-сола аз вилояти Иссиқкӯлро рабуда, ду ҳафта дар ҳамин хона нигоҳ доштаанд. Дар муқобили хона шуъбаи милиса ҷойгир аст. Ба нақли духтар, дар хона ҳамроҳи ӯ 11 зани дигар кор мекарданд. Нуройим дар миёни онҳо аз ҳама хурдтар будааст.

"Мо тақрибан хоб намекардем. Рӯзу шаб моро бедор мекарданд. Ҳар рӯз ба наздамон то 20 мард меомад. Бароямон ҳамагӣ як бор дар рӯз хӯрок медоданд," – нақл кард ӯ.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Нақли духтаре, ки ду ҳафта дар асорати шаҳвонӣ будааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:58 0:00

Нуройим мегӯяд, чанд дафъа аз муштариёни фоҳишахона кумак пурсидааст, то аз онҷо берун шавад. Вақте мардҳо аз соҳибхона дар бораи духтари ноболиғ мепурсидаанд, баъди рафтани онҳо Нуройимро латту кӯб мекардаанд. Ба нақли духтар, "гоҳе шавҳари соҳиби фоҳишахона мезад ва таҷовуз мекард".

"Ман мегиристам ва аз чанд ҷавон хостам, ки кумак кунанд, то ба берун бароям. Вақте онҳо аз соҳибхона мепурсиданд, ки ин духтар аз куҷост ва ӯро аз куҷо ёфтӣ, посух медод, ки кори шумо нест. Баъди ин маро мезаданд, ки чаро ба онҳо дар ин бора гуфтаам. Ба сару дигар қисматҳои баданам мезаданд," – нақл кард духтар.

Нуройим мегӯяд, бо модару хоҳараш дар деҳаи хурде дар наздикии шаҳри Қароқӯли вилояти Иссиқкӯл зиндагӣ мекард. Вай маълули гурӯҳи дуюм будааст. Бинобар ин, синфи 9-умро базӯр хатм кардааст. Ҳамроҳ бо модараш дар хоҷагии деҳқоние кор мекард.

Ӯ гуфт: "Бо Асем дар замини картошка шинос шудам. Ӯ телефони маро пурсид ва баъд ба ҷашни таваллудаш даъват кард. Дар Қароқӯл бо телефон суҳбат дошт ва хост, ки мунтазираш бошам. Дар ин вақт мошини сиёҳе омад ва маро базӯр дохили он карда, ба Бишкек бурданд. Дар онҷо дастонамро кушоданд, латту кӯб ва таҷовуз карданд. Соҳибхонаву шавҳараш амр доданд, ки худро 18-сола ва аз Бишкек бигӯям. Гуфтанд, ки бояд барои пардохти 15 ҳазор сом пули қарз кор кунам. Вақте рад кардам, маро заданд."

Барои озод шудани Нуройим аз асорат яке аз муштариён кумак кардааст. Вай телефонашро додааст, то Нуройим ба модараш занг занад. Баъдан холааш ӯро наҷот додааст. Замоне ки кормандони милиса ба фоҳишахона омаданд, касеро пайдо накарданд.


Ҳуқуқшиносон мегӯянд, дар Вазорати корҳои дохилӣ шикояти онҳоро дар мавриди одамрабоӣ, ғайриқонунӣ нигоҳ доштани шахс нодида мегиранд. Фақат бо моддаи таҷовуз тафтишотро пеш мебурдаанд.

"Онҳо ягон чорабиниҳои тафтишотӣ намгузарониданд. Ҳатто моро ҳамчун ҷабрдида низ даъват накарданд. Касе баъд аз таҷовуз боздошт нашудааст," – гуфт ӯ.

Фоҳишахонае, ки духтари ноболиғ дар он ҷо нигоҳ дошта мешуд, ҳоло ҳам кор мекунад. Пайвандони ноболиғ нигаронанд, ки соҳибони он ва гунаҳкорон беҷазо мемонанд.

Корбарони азиз

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG