29 сол пеш дар ҳамин рӯз раҳбарони ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин зери санаде имзо гузошта, ба ҷанги панҷсола дар кишвар поён доданд. Ба ин далел ҳамасола 27-уми июнро дар Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи ваҳдати миллӣ таҷлил мекунанд, аммо оё тарафҳо аз ҳамдигар розиянд?
"Тоҷикистон рӯз ба рӯз бастатар мешавад"
Ҳисомиддин Розиқ паноҳанда дар Аврупост. Падари ӯ, Зубайдуллои Розиқ, аз бунёдгузорони ҳизби ҳоло дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ – яке аз тарафҳои ҷанг ва сулҳи тоҷикон – соли 2025 дар зиндон даргузашт.
“Алъон дар Лаҳистон муҳоҷири сиёсӣ ҳастам. Монанди ман шахсони зиёде ҳастанд. Фарзандони касоне, ки дар вақти музокирот ҷонибдори сулҳ буданд ва имрӯз дар зиндон қарор доранд. Хушбахтона, баъзеяшон зинда, мутаассифона, баъзеяшон дар зиндон аз дунё гузаштанд,” – афзуд ӯ.
Бо гузашти 29 сол аз имзои созишномаи сулҳ ҳанӯз ҳам мухолифони собиқ ҳукуматро барои иҷро накардани шартҳои созишнома ва барҷаста кардани нақши худ дар ин ҷараён танқид мекунанд.
Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, мегӯяд, ба ҷуз қатъи ҷанг дигар ҳеч банди санади сулҳ пурра иҷро нашуд. Ӯ дар гузашта ёвари раиси Кумисюни оштии миллӣ буд. Ниҳоде, ки иҷро шудани созишномаро назорат мекард.
“Тоҷикистон аз он тасаввуре, ки дар созишнома вуҷуд дошт, бояд як давлати воқеан ҳам мардумсолор, обод, пешрафта мебуд, ки аз ҳамсоягони худ комилан фарқ мекард. Иимрӯз на ин ки фарқ намекунад, балки ақибмондатар аст. Узбекистони ҳамсоя, ки қабл аз ҷанг ва ҳатто баъд аз имзои созишнома аз Тоҷикистон аз бисёр нишондодҳо ақибмонда буд, имрӯз ба як кишвари нисбатан озоду пешрафта табдил шудаасту Тоҷикистон, баръакс, рӯз ба рӯз бастатар ва ақибмондатар мешавад,” – илова кард ӯ.
"Модоме ваҳдат шуд, ду тараф вуҷуд надорад"
Кабирӣ мегӯяд, бар асоси созишномаи сулҳ Эмомалӣ Раҳмон ҳақ дошт, ки танҳо як ҳафтсолаи дигар президенти Тоҷикистон интихоб шавад ва ҳизбҳои сиёсӣ дар интихоботи шаффоф муборизаро барои қудрати сиёсӣ идома диҳанд. Аммо, ба гуфтаи ӯ, пас аз имзои созишнома ҳизбҳои сиёсии фаъол аз саҳна берун зада шуданд.
Аммо Сайфулло Сафаров, муовини пешини Эмомалӣ Раҳмон дар ҳизби ҳокими халқии демократӣ бар ин аст, ки вақте тарафҳо розӣ шуданд ва сулҳ имзо шуд, созишнома ҳама марҳилаҳои асосии озмоишро гузаштааст.
“Модоме, ки ваҳдат шуд, ду тараф вуҷуд надорад. Барои ҳамин ваҳдат шуд. Он тарафе, ки мегӯяд моро ба ҳисоб мегирифтанд, набошад чаро сулҳ шуд? Ба ин савол кӣ ҷавоб медиҳад? Сулҳ шуд дар натиҷаи ваҳдати миллӣ, имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ. Ҳамин калимаи ризояти миллӣ аллакай дар он ҷо ҳаст," – афзуд ӯ.
Имсол дар пешорӯйи таҷлил аз 29-умин солгарди имзои созишномаи сулҳи тоҷикон Маҷмааи Умумии СММ бо пешниҳоди Тоҷикистон солҳои 2027-2036-ро "Даҳсолаи байнулмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда" эълон кард.
Яке аз нуктаҳои асосии ин қатънома иродаи “наҷоти наслҳои оянда аз офати ҷанг” ва масъулияти “ҳалли мусолиматомези баҳсҳо” аст.
Солҳои охир матбуоти давлатӣ ҳукумати Тоҷикистонро ба вуҷудоварандаи сулҳ ва ҷониби дигарро сабабгори ҷанг нишон медиҳанд, ки ба назари Муҳиддин Кабирӣ пайомадҳои бад дорад.
“Дигар эътимод ба ҳукумати Тоҷикистон аз байн рафтааст, ҳамчун ба як гурӯҳ ва ашхосе, ки ба аҳди худ пойбанд нестанд,” – гуфт ӯ.
27-уми июн дар тақвими Тоҷикистон ҳамчун "Рӯзи Ваҳдати миллӣ" сабт шудааст ва рӯзи истироҳатист. Расонаҳои давлатии Тоҷикистон имзои созишномаи сулҳ ва поёни ҷангро асосан натиҷаи кори ҳукумат ва бахусус президент Эмомалӣ Раҳмон медонанд. Аз нақши тарафи дигар ва риоят шудану нашудани муқаррароти созишномаи сулҳ тақрибан чизе гуфта намешавад.