Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пас аз таркиш: Тафтишу ташвиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия. САДО


Гумонбар донистани як қирғизтабор дар таркиши метрои Санкт-Петербурги Русия “дарди сар”-и муҳоҷирони меҳнатӣ аз кишварҳои Осиёи Марказиро бештар кардааст.

Мақомоти Русия таркиши шоми 4 апрел дар метрои шаҳри Санкт-Петербургро кори дасти Акбарҷон Ҷалилов, зодаи Қирғизистон медонад. Ҳоло дар сартосари Русия чораҳои амниятӣ тақвият ёфтааст ва пулис бо ишора ба зодгоҳи ҳамлагари эҳтимолӣ бо зодагони кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон бо шубҳа рафтор мекунад.

Ҳароси муҳоҷирон баъд аз таркиши Санкт-Петербург
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:49 0:00
Линки мустақим

“Дар Петербург гӯшанишинӣ кардем”

Шералӣ Ҳомидов, муҳоҷири 31-солаи тоҷик дар Санкт-Петербург 5 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ин вазъ ӯ ва беш аз даҳ ҳамроҳашро маҷбур кардааст, то як муддат аз хона берун нашаванд. Ба гуфтаи ӯ, ҳаракати метро қатъ шудааст ва сари ҳар қадам пулис бо муҳоҷирон бо шубҳа бархӯрд мекунад.

​Зоҳиран, ба гуфтаи ин муҳоҷири тоҷик пулис дар Санкт-Петербург аз миёни муҳоҷирон омилҳоеро ҷустуҷӯ дорад, ки ҷавони қирғизтаборро ба таркиш дар метро таҳрик додааст. "Ҳар ҳодисае мешавад, вазниниаш дар сари муҳоҷирон меафтад. Аз пурсишу тафтишу ташвиши зиёд мо дигар кор набаромадем. Гуфтанд, ки як қирғиз кардааст, вале ҳама муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ дар бало мондаанд",-гуфт ин муҳоҷири тоҷик.

Шералӣ ва дигар ҳамроҳони муҳоҷираш ба Радиои Озодӣ гуфтанд, эҳтимол то ҳафтаи дигар ва ором шудани вазъ, аз кору гаштугузор дар хиёбонҳо худдорӣ кунанд. Ҳарчанд, ба гуфтаи онҳо, дар аксар маҳалҳои Санкт-Петербург пулис манзилҳои зистро низ тафтиш мекунад, вале ин тафтиш як бор сурат гирифта, ташвиши камтар дорад.

Муҳоҷирони тоҷик низ бозпурсӣ мешаванд

Таркиш дар метрои яке аз бузургтарин шаҳри Русия, ки 14 кушта ва беш аз 50 захмӣ бар ҷой гузошт, ҷомеаи ин кишварро нигарон кард. Тафтишот пораҳои ҷасаде, ки аз маҳалли ҳодиса пайдо кард, ба Акбарҷон Ҷалилов гумонбари аслӣ дар ин таркиш мансуб донист.

Гумонбар донистани як қирғизтабор дар таркиши метрои Санкт-Петербург, “дарди сар”-и муҳоҷирони меҳнатӣ аз кишварҳои Осиёи Марказиро бештар кардааст.

​Пулис мегӯяд, бо эҳтимоли зиёд ин ҷавон танҳо набудааст ва ҳоло шарикони ӯро ҷустуҷӯ дорад. Ҷустуҷӯе, ки бори сангинашро муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ мекашанд. Бахтовар Хонов, муҳоҷири меҳнатии тоҷик, ки дар Санкт-Петербург ронандаи таксӣ ҳаст, 4 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, чанде аз муҳоҷирони тоҷик, ки дар атрофи маҳалли ҳодиса зиндагӣ мекарданд, барои бозпурсӣ ба Шӯъбаи пулис бурда шуданд.

Хонов гуфт: “Дишаб бачаҳои тоҷикеро, ки дар қарибии метро зиндагӣ мекарданд, аз хонаҳояшон гирифта бурданд. Ҳоло оғози кор аст, чун ин таркиш як баҳона барои ташвиш додани муҳоҷирон мешавад. Барои як "права" (санади ронандагӣ), ки ҳоло қонун набаромдааст, ин қадар ғам медиҳанд, акнун ин баҳонаи хубе барояшон мешавад.”

“Ҷои як пулис се пулис пайдо шудааст”

Муҳоҷирони кории тоҷик мегӯянд, на дар ҳама шаҳрҳои Русия вазъ чунин аст. Қиёмиддин Ҳамидзода, муҳоҷири дигари тоҷик, ки дар Волгоград кор мекунад, гуфт, ин ҷо ҳеҷ чораҳои ҷиддии амниятӣ ба чашм намерасад ва зиндагии муҳоҷирон таври маъмулӣ идома дорад.

Аммо Фирӯз Ҳакимов, муҳоҷири тоҷик 4 апрел аз шаҳри Маскав ба Радиои Озодӣ гуфт, пас аз рух додани ин ҳодиса чораҳои амниятӣ дар пойтахти Русия низ шадидтар шудааст.

-Ҳуҷҷатҳоро тафтиш мекунанд, ҷои кору суроғаи зистро мепурсанд. Пас аз ҳамин таркиш дар Петербург ҳоло дар ҷое, ки як милиса меистод, ҳоло се милиса меистад. Сари ҳар қадам ба пулис рӯ ба рӯ мешавӣ. Пештар мегузаштӣ, аҳамият намедоданд. Ҳоло чун бинанд, ки чеҳраи осиёӣ дорӣ, зуд боздошта тафтиш мекунанд.”

Муфаттишон Акбарҷон Ҷалиловро масъули бомбгузорӣ номиданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:39 0:00

Сафорат: Тоҷикон ҳеҷ рабте ба ҳодиса надоранд

Ташвиши муҳоҷирони кории тоҷик дар пайи ин ҳодиса дар ҳолест, ки мақомоти тоҷик мегӯянд, шаҳрвандони Тоҷикистон ҳеҷ рабте ба ин ҳодиса надоранд.

Сарвар Бахтӣ, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Русия.
Сарвар Бахтӣ, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Русия.

Сарвар Бахтӣ, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Русия гуфт, шаҳрвандони ин кишвар на дар миёни захмиёну ҳалокшудагон ва на дар миёни гумонбаршудагон қарор надоранд.

То ҳол ҳеҷ гурӯҳ ё созмоне масъулияти ин ҳодисаро, ки мақомоти рус онро ҳамчун“таркиши террористӣ”қаламдод карданд, ба дӯш нагирифтааст. Дар ҳамин ҳол, хадамоти амниятии Қирғизистон ва Қазоқистон гуфтаанд, ки ба ҳамкорони русашон дар амри таҳқиқи ин ҳодиса кӯмак мекунанд.

Акбарҷон Ҷалилов, муттаҳами аслӣ дар ин ҳодиса шаҳрванди Русия будааст, аммо бар асоси иттилои расмӣ ӯ соли 1995 дар минтақаи Ӯши Қирғизистон таваллуд шудааст.

XS
SM
MD
LG