Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вирус тоҷикони Амрикоро хонашин, аммо ҷӯянда кард


Аҳлиддин Салимов, рӯзноманигор, муқими шаҳри Ню-Йорк

Аҳлиддин Салимов, рӯзноманигор, муқими шаҳри Ню-Йорк

Тасаввур кунед дар шаҳре зиндагӣ мекунед, ки сари ҳар қадам эълони ҷойи кор дар деворҳои корхонаҳо насб карда шудааст. Ҳама дар такопӯ ва машғули корравӣ ва серҳаракатанд. Баъзан шаб ва рӯзи шаҳри Ню-Йорк аз ҳам “фарқ” намекунанд, барои он ки ҳама ҷо пури одам ва мардум ба кор машғуланд.

Ню-Йоркро уқёнуси имкониятҳо ном мебаранд, ки як нафари навомада метавонад дар он ғарқ шавад. Имкон даст медиҳад, шахс дар ду ҳафта кори муносибтаре барои худ пайдо кунад ва аз пайи рӯзии худ гардад. Дар баробари ҳамаи ин имкониятҳо зиндагӣ дар Ню-Йорк “шоҳона” нест ва бештари даромадҳо барои пардохти иҷораи гарон ва дигар хароҷот сарф мешавад.

Аз оғози паҳншавии вируси куруно дар штати Ню-Йорк ба кори бештари сокинон ва ба хусус муҳоҷирони муқими ин штат бе таъсир намонд. Гирифторони вирус аз марзи 10 ҳазор ҳам гузашт. Ба қавле, шумораи муҳоҷирони тоҷик дар штати Ню-Йорк наздики 10 ҳазор оила буда аксари онон ба корҳои хизматрасонӣ ба мисли ронандагӣ барои ширкатҳо, таксиронӣ, тиҷорат ва ғайра машғул ҳастанд. Тасаввур кунед иттифоқе меафтад, ки ин шаҳрро “холӣ” аз одамҳо мекунад. Як ҳафта мешавад, ки “пойтахти дунё” ба шаҳри “мурда”, яъне камодам табдил ёфтааст.

Агар ду ҳафта пеш дар автобусу метро ҷойи пой мондан набуд, имрӯзҳо дар як автобус аз 5 одам бештар нестанд ва “метро” низ ҳамин ҳолро дорад. Ҳукуматдори штати Ню-Йорк аз сокинон даъват кард, ки аз хона кор кунанд ва ҳадалимкон ба берун набароянд. Аз 15-уми март мактабҳои ҳамагонӣ таътил ва ба шакли фосилавӣ гузаштанд. Ҳамчунин калисоҳо, канисаҳо ва масоҷид дарҳояшонро бастаанд. Бо фармони ҳуқуматдорони Ню-Йорк марказҳои тафреҳӣ, варзишӣ, оройишӣ ва ғайра низ бастаанд ва баъзе идораҳо соатҳои кориро кам карданд.

Яке аз кӯчаҳои Ню Йорк, 22 марти соли 2020
Яке аз кӯчаҳои Ню Йорк, 22 марти соли 2020

Ғолиб, як муҳоҷири тоҷик мегӯяд бо оғози буҳрони вируси куруно дар Ню-Йорк кораш таътил шуд ва аз тарафи корхона ба муҳлати номуайян рухсат дода шуд. Ӯ ҳоло дар ҷустуҷуи кори дигар аст. Ӯ мегуяд: "Дар ширкате, ки ман кор мекардам бештар аз 80 муҳоҷир аз Ӯзбекистону Тоҷикистон кор мекарданд ва ҳоло ҳамаи онҳо бе кор монданд".

Ҷамшед Икромов, донишҷӯ буда, вақти холӣ ба таксиронӣ машғул аст, мегӯяд, афзоиши гирифторони вирус дар Ню-Йорк ба кор ва таҳсилаш таъсири манфӣ расонд: “Як ҳафта мешавад, колеҷе ки ман таҳсил мекунам ба гузаронидани дарси фосилавӣ (онлайнӣ) оғоз кардааст. Ин навъи дарс мушкилиҳои худашро ҳам дорад. Бар замми ин, ҳамчунин ронандаи таксӣ дигар он муҳити корӣ нест. Аз як тараф, хавфи гирифторшудан ба вирус бошад, аз тарфи дигар кӯчаҳои холии шаҳр аст, ки кори моро куштаанд. Мунтазирем то замони беҳтар шудани шароит аз кор кардан даст кашем."

Муҳоҷирон ба IT рӯ меоранд

Аммо кам нестанд тоҷикистониёне, ки дар соҳаҳои технологияи навин мутахассисанд ва даромади худро аз ин роҳ пайдо мекунанд. Омӯхтани технологияи навин кадом имкониятҳоро барои тоҷикони муқими Ню-Йорк фароҳам месозад? Фаррух Фарҳодӣ, роҳбари Маркази таълимии “TojTech” ки дар шаҳри Ню-Йорк ба тайёр кардани мутахассисони нозири сифати барнома (Quality Аssurance) машғул аст, ба пурсиши мо посух дод:

“Мо чандест муҳоҷирони тоҷик, рус, қазоқ, ӯзбек ва ҳамчунин миллиятҳои дигар, аз он ҷумла амрикоиҳоро, ки мехоҳанд, тағйири касб кунанд ва даромади бештаре ба даст оранд, таълим медиҳем ва ба бозори кори Амрико равона мекунем. Пас аз давраи омӯзишии мо, одамон метавонанд даромади хубе дар мисоли аз 80 ҳазор то 150 ҳазор доллари амрикоӣ солона маош дошта бошанд; маоше, ки барои зиндагии осудаи як оила дар шаҳри Ню-Йорк кофист."

Ӯ изҳор медорад нозири сифати барнома будан мисли кор кардан ҳамчун ронандаи таксӣ ё кор дар тарабхона нест: “Ин оғози рушди фаъолияти шахс мегардад, ки дар оянда даромадҳои бештар ва донишҳои бештарро касб мекунад ва метавонад дар бозори кор рақобатпазир бошад”.

Барномасоз Рустам Маҷидзода, як муҳоҷири дигари муқими шаҳри Ню-Йорк аст, ки мегӯяд ин буҳрон таъсири ҷиддие ба кораш нарасонд: "Аслан, касоне ки ба барномасозӣ сарукор доранд, муҳити кориашон серодам нест. Масалан, дар муқоиса бо соҳаи хидматрасонӣ, мо тақрибан зери хатар нестем. Симати нозири сифати барнома (Quality Аssurance ё QA) имкон медиҳад ба коргоҳ нарафта кор кунем." Ба қавли ӯ, шиносону ҳамкоронаш имрӯзҳо аз хона кор мекунанд ва маошашонро ба таври пурра мегиранд.

“Албатта, аз симати шахс ва корхона бастагӣ дорад. Агар шахс бо шартномаи соатбайъ нею балки ҳамчун корманди доимии коргоҳ бошад, кору маошашро аз даст намедиҳад. Аксари шахсоне, ки давраи омӯзишии ТоҷТекро гирифтаанд, ҳоло корманди доимӣ (full-time) мебошанд”, -изҳор дошт Рустам Маҷидзода.

Аз Идора. Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

Шарҳҳоро бинед (5)

Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG