Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Данғара дар чиллаи зимистон бодом... гул кард. ВИДЕО


Гули бодом дар чиллаи зимистон

Аз фарорасии зимистони тақвимӣ наздик ба 20 рӯз мегузарад, вале дар мавсиме, ки онро мардум "чиллаи зимистон" меноманд, дар ноҳияи Данғара баҳори ҳақиқӣ ҳукмфармост.

Рӯзи 18 декабр, замоне, ки хабарнигорони Радиои Озодӣ аз ноҳияи Данғара дидан мекарданд, шоҳиди шукуфтани гули бодом шуданд. Ҳарорати ҳаво он рӯз 11 дараҷа гарм буд, ки ба ҳавои баҳории воқеӣ муносиб аст.

Зимистони имсол ҳарорати ҳаво дар Тоҷикистон, ба вижа вилояти Хатлон аз меъёр гармтар аст. Бинобар гармӣ дарахтҳо, аз ҷумла бодом гул кардааст.

Ин саҳнаи хеле зебо, вале кишоварзонро хушнуд намекунад. Нигаронии деҳқон ин аст, ки гармии бемавқеъ боиси тағйирот дар "тақвими" сардиҳо мешавад ва эҳтимолан ҳосили соли ояндаи дарахтони мевадиҳанда осеб бинад.

Аммо имрӯз аз ин гулҳо бӯйи баҳор меояд.

Дар чиллаи зимистон дар Данғара гули бодом шукуфт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:28 0:00

Шарҳҳоро бинед (1)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG