Рӯзи ҷумъа президенти ИМА Доналд Трамп бо пуштибонӣ аз эътирозгароне дар Эрон садо баланд кард, ки ба саркӯби нерӯҳои амниятӣ истодагарӣ мекунанд.
Трамп 2-юми январ дар шабакаи иҷтимоиаш Truth Social навишт, "агар Эрон аз рӯи одат ба сӯи эътирозгарони осоишта тир кушода онҳоро кушад, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба кумаки онҳо хоҳад омад. Мо мусаллаҳ ва омодаи иқдом ҳастем".
Алии Лориҷонӣ, мушовири раҳбари олии Эрон мегӯяд, Трамп бояд бидонад, ки дахолати ИМА ба эътирозҳо дар Эрон сабаби бесарусомонӣ дар тамоми минтақа хоҳад шуд.
Эътирозҳои ахири Эрон рӯзи 28-уми декабр дар пайи 52 дарсад костани қурби риёл дар муқобили доллари амрикоӣ оғоз ёфта, панҷ рӯз боз идома доранд. Рӯзи 2-уми январ мақомоти Эрон барои муқовимат ба нооромии бештар дар гӯшаҳои мухталифи Ҷумҳурии исломӣ омода мешаванд.
Расонаҳои давлатӣ ва гурӯҳҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон рӯзи 1-уми январ гуфтанд, ки дар задухӯрдҳои эътирозгарон ва нерӯҳои амниятӣ, дастикам 7 нафар кушта ва даҳҳо танҳо маҷрӯҳ шудаанд, ҳарчанд хабаргузориҳои вобаста ба ҳукумати Эрон ба қавли онҳо "шӯришиёнро" дар хушунат айбдор карданд.
Ҳукумати Эрон то кунун дар ин бора маълумоте надодааст ва Радиои Озодӣ ҳам тасдиқ ва ё радди куштори эътирозгаронро аз манбаъҳои мустақил дастрас накардааст.
Президенти Эрон Масъуд Пизишкиён, ки аз тарафи нозирон сиёстмадори муътадил арзёбӣ мешавад, талош кардааст, танишҳо миёни ҳукумат ва мардумро коҳиш диҳад. Ӯ гуфтааст, ки тақозои қонунии мардуми Эронро дарк мекунад. Ӯ аз ҳукумати кишвараш хост, душвориҳои иқтисодии мардумро кам кунад.
"Аз дидгоҳи исломӣ... агар масъалаи таъминоти иҷтимоии мардумро ҳал накунем ба ҷаҳаннам хоҳем рафт", - гуфт Пизишкиён дар телевизиони давлатӣ.
Аммо нерӯҳои тундгарои амниятӣ таъкид кардаанд, ки дар муқобили эътирозгарон ва "онҳое, ки вазъиятро барои ташкили ҳарҷумарҷ истифода мебаранд", мавқеи шадид хоҳанд гирифт.
Дар суҳбат бо Радио Фардо - Бахши форсии Радиои Озодӣ, як сухангӯйи Департаменти давлатии ИМА гуфт, ки "эътирозҳо инъикоси ғазаби қобили фаҳми мардуми Эрон аз нокомӣ ва баҳонаҷӯйии ҳукумати ин кишвар аст".
"Мо ҳамчунон фишори ҳадди аксариро бар низоми Ҷумҳурии исломӣ идома медиҳем", - гуфтааст ин сухангӯи Департамент.
Дар изҳороти Департаменти давлатӣ хотирнишон шудааст, ки "тӯли даҳсолаҳо режими Эрон дороиҳои иқтисодӣ, кишоварзӣ ва захираи обу барқи Эронро барои сармоягузории террористон ва пажуҳишҳои марбут бо силоҳи ҳастаӣ сарф намуда, зидди ИМА ва ҳампаймонҳояш амалҳои террористӣ анҷом додааст".
Ба навиштаи Департаменти давлатии ИМА, ҳозир ҳам режими Эрон дороиҳои кишварро барои пуштибонии саросарии терроризм ва таъқиби мардуми Эрон, ки сазовори зиндагии беҳтар аст, харҷ мекунад.
Хабаргузории “Форс”, наздик ба Сипоҳи посдорон, аз эътирозҳо ва даргирӣ бо неруҳои пулис дар шаҳри Лурдигон хабар дод. Ин расонаи давлатӣ бо такя ба “як манбаи огоҳ” гуфт, “ду нафар ҷон додаанд.”
Гуруҳи ҳуқуқи башари Ҳенгав, қароргоҳаш дар Норвеж, хабар дод, ки неруҳои пулис дар шаҳри Лурдигон ба сӯи норозиён оташ кушодаанд ва дар натиҷа ду нафар куштаву чанд каси дигар захмӣ шуд. Ин гуруҳи ҳомии ҳуқуқи башар ҳамчунин аз кушта шудани як эътиирозгар дар вилояти Исфаҳон хабар дод.
Дертар хабаргузории “Форс” гузориш дод, ки дар пайи даргирӣ бо неруҳои пулис дар шаҳри Азна, дар ғарби вилояти Луристон се кас кушта ва 17 нафари дигар захмӣ шудаанд. Дар ин гузориши тасдиқношуда гуфта мешуд, ки норозиён ба қароргоҳи пулис ҳамла кардаанд.
Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ рӯзи 1-уми январ аз кушта шудани як нерӯи басиҷӣ дар шаҳри Куҳдашти вилояти Луристон хабар дод.
Хабаргузории нимарасмии Тасним гузориш додааст, ки дар шаҳри Теҳрон 30 нафар бо иттиҳоми “вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ” боздошт шуданд. Ҳамчунин аз боздошти эътирозгарон дар минтақаҳои Албурз, Луристон ва Бахтиёрӣ гузориш шудааст.
Бар асоси гузоришҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, бозорҳои Теҳрон рӯзи 1-уми январ баста буданд ва тоҷирон ба беқурбшавии босуръати пули миллӣ эътироз доранд.
Рӯзи 2 январ қурби як доллари Амрико ба як миллиону чорсад ҳазор риёли Эронӣ баробар шуд. Соли гузашта як доллар ҳаштсад ҳазор риёл буд. Дар саррофиҳои давлатӣ қурби риёл каме фарқ мекунад, вале мардум ба ин саррофиҳо дастрасӣ надорад.
Ширин Ибодӣ, барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел дар соли 2003 дар суҳбат ба Радио Фардо, бахши форсии Радиои Озодӣ, гуфт, "эътирозҳои ахир як воқеиятро рӯшан мекунад, бисёре аз эрониҳо ба хулосае расидаанд, ки низоми кунунӣ пеш аз онки кишвари дӯсдоштаашонро хароб кунад, бояд биравад".