Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, рӯзи сешанбе гуфт, ба сабаби мухолифатҳои назар бо мушовири амниятиаш Ҷон Болтон ӯро аз мақом барканор кард. Болтон гуфт, ки худаш рафтааст.
Қарор буд, Ҷон Болтон дар машварате дар бораи мубориза бо терроризм бо вазири молия Стивен Мнучин ва вазири корҳои хориҷӣ Майк Помпео ҳузур дошта бошад. Аммо ду соат пеш аз маҷлис Трамп ӯро бо як навиштааст дар "Твиттер" барканор кард.
Рафтани Болтон баъд аз лағви мулоқоти сиррӣ бо Толибон дар Вашингтон сурат гирифт. Қарор буд, дар нишаст хуруҷи сарбозони амрикоӣ аз Афғонистон баррасӣ шавад. Мегӯянд, Болтон мухолифи чунин созиш буд.
Тодд Белт, таҳлилгар аз Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтон, мегӯяд, "зоҳиран баъд аз лағви мулоқот бо Толибон мушкил ва ихтилофоте пеш омад, ки дар ниҳоят бо тарки Болтон тамом шуд."
Рафтани Болтон ҳамчунин дар замонест, ки баъзе аз талошҳои дипломатии раиси ҷумҳур Трамп барои ҳалли мушкилот бо Куриёи Шимолӣ ва Эрон идома дорад.
Ҷон Болтон солҳост, ба тағйири режим дар Эрон пойфишорӣ дорад, ки мояи бузурги нигаронӣ дар ҷумҳурии исломӣ аст. Бо рафтани ӯ, тағйири режим ҳам дар дастури кор нест ва ин фазоро барои муколамаи эҳтимолӣ байни Теҳрону Вашингтон фароҳам мекунад.
Болтонро аз тарафдорони сарсахти истифода аз нерӯи низомии Амрико медонанд. Бо вуҷуди баёнияҳои тундаш, Трамп тарафдори чунин кор нест ва бо Болтон аксаран ихтилофоти назар доштааст. Рафтани Болтон ҳамчунин дар замонест, ки дар сиёсати хориҷии Трамп ва гуруҳи амниятиаш тағйири зиёд вуҷуд омадааст.
Тодд Белт, таҳлилгар аз Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтон, гуфт, "муттаҳидони мо номаълумӣ ва тағйири якбораро хуш надоранд. Онҳо мехоҳанд, ҳукумат яксадо ва собит бошад, вале ҳамин чизро дар дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ намебинанд."
Вазири умури хориҷии Амрико Майк Помпео гуфт, рафтани Болтон тағйире дар сиёсат намеорад. Вай афзуд, "фикр намекунам, ки ҳеч як раҳбар дар ҷаҳон ба ин хулоса бирасад, ки ба сабаби рафтани як нафар сиёсати хориҷии раиси ҷумҳур тағйир ёбад."
Ҷон Болтон саввумин мушовири амнияти миллии Доналд Трамп аст, ки дар се соли ахир барканор шудааст. Қарор аст, ҷойгузини ӯро ҳафтаи оянда эълом кунанд.
Магар омӯзгор одам нест? Ӯ ҳам мисли мо одам аст. Ӯ ҳамчун омӯзгор бояд намуна бошад ва худаш бояд дар комиссариати ҳарбӣ ҳозир шавад, на ин ки мисли занон дар кунҷи хона руст шавад, боз гӯяд ки аз ҳимояи ватан ҳаросида 5 рӯз боз ба мактаб нарафтааст. Садқаи номи омӯзгор шавӣ!!! Ин гуна одамонро ба мактаб ҳам роҳ додан мумкин нест. Чӣ ман хидмат кунаму ин одам накунад. Магар ӯ баччаи ҷайра аст???
Эй мардум факат хизмата паст мезанед барои як нафар бурд гуфта хама чо менависанд ягон журналисты бо акл нест ки рафта хамон нарафтагиро дар борааш нависад шумо инхел карда хамаро аз хизмат мегурезонед узбак еки киргиз ва дигар миллат омада моро химоя намекунед идеология бо кувват кунед ки хисси ватандустии мардум боло равад маълими ки хизмат накардааст чихеле тарбия мекунад хонандаи синфхои мактаб миёнаро фикр кунед тахлил кунед
10 миллион чунин зиндагии дущвор доранд дар ин бихишти руи замин
боз як гуломи урус овоз баланд кард!
Айб дар ош не айб дар мош