Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Бояд ба Олмон бармегашт". Ҳалокати як шаҳрванди Тоҷикистон дар боздоштгоҳ


Акси Саидаъзам Раҳмоновро наздиконаш дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузоштанд
Акси Саидаъзам Раҳмоновро наздиконаш дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузоштанд

Кормандони мақомоти амнияти Тоҷикистон пас аз як ҳафтаи боздошт рӯзи 13-уми октябр ҷасади Саидаъзам Раҳмонов, як шаҳрванди 29-солаи Тоҷикистонро ба наздиконаш супурданд. Ба иддаои онҳо, дар ҷасад нишонаҳои шиканҷаи зиёд дида мешавад.

Ба гуфтаи яке аз наздикони Раҳмонов, ки дар хориҷ аз Тоҷикистон ба сар мебарад ва ба далоили амниятӣ намехоҳад аз ӯ ном бурда шавад, вақте ҷасадро дирӯз ба хешутабораш дар Душанбе супурданд, дар баданаш осори зиёди шиканҷа, аз ҷумла “изи дастгоҳи барқ, сиёҳию кабудӣ ва шикастагии як пой” дида шудааст.

Ин шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар садади дарёфти шаҳрвандии Олмон будааст, ба қавли наздикон, чор моҳ пеш барои таҳияи санадҳояш аз Олмон ба Душанбе рафтааст. Ба гуфтаи наздиконаш дар хориҷи кишвар, дар ин муддат тавонистааст аснодашро дар сафорати Олмон дар Душанбе таҳия кунад.

Хешу табор ва наздикони Саидаъзам Раҳмонов дар Душанбе аз суҳбат бо расонаҳо худдорӣ ва аз додани ҳамагуна иттилоъ дар бораи ӯ канорагирӣ намуданд.

Ҳамсари Раҳмонов – Т. П., як шаҳрванди Олмон, дар тамосе бо Радиои Озодӣ аз он кишвар рӯзи 13 октябр гуфт, ҳамсараш рӯзи 6-уми октябр бояд ба Маскав парвоз мекард.

Бояд ба Маскав парвоз мекард

Ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ гуфт, Раҳмонов дар остонаи сафар ба Маскав ба наздиконаш мегӯяд, ки ӯро дӯстонаш то фурудгоҳи Душанбе мерасонанд. Ӯ гуфт: “Яке аз дӯстонаш, ки дар Маскав ӯро бояд пешвоз мегирифт, ба Душанбе хабар медиҳад, ки “наомад”. Дар Душанбе хешутабораш дар ҷустуҷӯй мешаванд, ба КДАМ, ВКД ва мақомоти дигар мераванд, аммо касе дар боздошт будани ӯро тасдиқ намекунад. Дар ин рӯзҳо, ки дар Душанбе нишасти сарони ИДМ ва Русияву кишварҳои Осиёи Марказӣ мегузашт, танҳо рӯзи 12-уми октябр ШВКД-2 ноҳияи Сино аризаи хешутаборро дар бораи гум шудани ӯ қабул мекунад”, - мегӯяд ин манбаъ.

Як рӯз баъд, 13 октябр ходимони амният ҷасади Раҳмоновро ба хонаводааш меоранд. Аммо бино ба суҳбати ин манбаъ, пас аз овардани ҷасад, маълум мешавад, ки Саидаъзамро рӯзи 6-уми октябр мақомоти амнияти Тоҷикистон боздошт карданд. Ин манбаъ гуфт, вақте ҷасадро оварданд, дар шарҳи сабабҳои марги ӯ гуфтанд, ки ӯ “дар боздошт худкушӣ кардааст”.

Аммо Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон то кунун дар мавриди боздошт, шиканҷа ва марги Саидаъзам Раҳмонов изҳори назаре накардааст ва феълан санҷидани дурустии ин иттило тавассути манобеи расмии дигар ваё манбаъҳои мустақил имкон надорад.

Аксро наздикони Садиаъзам Раҳмонов дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузоштанд
Аксро наздикони Садиаъзам Раҳмонов дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузоштанд

Дар ҳамин ҳол, ҳамсараш ба Радиои Озодӣ нақл кард, ки тамоми талошҳои ӯ дар як ҳафтаи гузашта барои расидагии одилона ба ҳабси шавҳараш бенатиҷа буд. Ӯ гуфт, ба сафоратхонаи Олмон дар Душанбе ва ба сафоратхонаи Тоҷикистон дар Берлин нома навишт, вале то 13 октябр ҳеҷ посухе дарёфт накард.

«Ман интизор будам, ки мақомоти дахлдор ба номаи ман посух медиҳанд, вале 13 октябр аз хонаводаи шавҳарам занг заданд, ки ҷасадашро бо пойи шикаста оварданд. Барои чӣ, сабаб чӣ аст? - номаълум. Мо дар дар шаҳри Франкенберг (ноҳияи Валдек-Франкенберг) зиндагии ором доштем», гуфт ин зан.

Кофтукоб карданд, вале аз боздошти Саидаъзам хабар надоданд

Ба гуфтаи яке дигар аз надикони Саидаъзам дар хориҷи кишвар, ҷасад зери тадобири шадиди амниятӣ ба наздиконаш таҳвил дода мешавад ва онҳоро аз ҳамагуна аксу наворбардорӣ манъ мекунанд.

“Як ду рӯз пеш аз додани ҷасад кормандони мақомот ба хонаи Саидаъзам дар маҳалали «Испечак»-и Душанбе рафта хонаро кофтукоб карданд ва гуфтанд, ки гӯё кадом шаҳрвандони Афғонистон фирор кардаанду онҳоро мекобанд. Аммо аз боздошти Саидаъзам чизе нагуфтанд ва ин кофтукобро ба масъалаҳои амниятӣ вобаста ба нишастҳои Душанбе рабт доданд”, - гуфт манбаи Радиои Озодӣ.

Ин пайванди Раҳмонов мегӯяд, ки кормандони амният ба хешутабораш дар Душанбе гуфтаанд, ки гӯё Саидаъзам “ифротӣ будааст» ва «бо террористон сару кор доштааст ва барои анҷоми кадом амали террористие дар Тоҷикистон омодагӣ медидааст». Чизе, ки ба гуфтаи ин манбаъ, хешу табораш ба он бовар надоранд ва як туҳмат медонанд.

Ин манбаъ мегӯяд, ки қарор буд Саидаъзам ба Маскав бо як сафари кӯтоҳ мерафт ва баъди баргашт бо наздиконаш ният дошт ба тамошои Самарқанду Бухоро бираванд.

Номаи беҷавоби ҳамсар

Баъди боздошти суолбарангези ҳамсараш дар Душанбе, Перехватов дар муроҷиаташ ба намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистону Олмон дар Берлин ва Душанбе, аз ҷумла, навишт, ки ҳамсарашро «ходимони КДАМ боздошт кардаанд».

Ӯ навишт, шавҳараш интизори гирифтани раводид барои ташкили оила бо ӯ, ҳамчун як шаҳрванди Олмон буд. Ба гуфтаи ҳамсараш, пеш аз рафтанаш ба Тоҷикистон онҳо мақомоти масъули муҳоҷирати шаҳри Корбахро «огоҳ карданд», ки сафари ӯ ба Тоҷикистон наметавонад «бехатар бошад», вале онҳо инро рад карданд. Татяна гуфт, замони боздошти ҳамсар аз «манбаъҳои мӯътамад» огоҳ шуд, ки ӯро дар боздошт «азияту озор медиҳанд».

Яке аз дӯстони Саидаъзам Раҳмонов дар тамоси Радиои Озодӣ ба шарти пинҳон мондани номаш нақл кард, ки аз рӯи иттилои ӯ, кормандони амният дар фурудгоҳи Душанбе Саидаъзамро бо риши дароз дида, «шубҳа намуданд ва ӯро ба утоқи тафтишот бурда телефони дастиашро санҷиданд ва чанд навори видеоӣ бо мазмуни мазҳабиро пайдо карданд».

Ба нақли ӯ, акси ҳамсарашро бо русарӣ ё ҳиҷоб дида, гӯё бештар «машкук шуданд ва ӯро ҳамроҳ ба боздоштгоҳ бурданд».

Ҳамсуҳбати мо гуфт, замоне, ки ӯ дар боздоштгоҳи амният буд, рафиқонашро ба бозпурсӣ даъват намуданд ва ҳамчунин бо рафиқони ӯ дар хориҷа, аз ҷумла дар Олмон тамос гирифта, дар бораи Саидаъзам суол карданд.

Ба гуфтаи наздикон Саидаъзам, то рафтан ба Олмон дар солҳои 2018-2019, ӯ дар Душанбе дар меҳмонхонаи “Ҳаят Реҷенси” кор мекард ва ба Олмон ҳам аз тариқи ин меҳмонхона рафта дар яке аз меҳмонхонаҳои ҳамин шабака ба кор даромада буд.

Саидаъзам Раҳмонов хатмкардаи мактаби шумори 96-и шаҳри Душанбе буда, дар Тоҷикистон хонадор нашуда будааст. Вай бо ин зани олмониаш, ки аз шавҳари дигараш як духтарча доштааст, зиндагӣ мекардааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG