Дар чанд ҷумла
Боздошти наздик ба 3 ҳазор узбекистонӣ дар марзи Амрико
Хадамоти марзбонии ИМА гуфтааст, аз 1-уми октябри соли 2023 то ҳол 57 ҳазору 200 кас марзи ҷанубии ин кишварро ғайриқонунӣ гузашта, кушиш кардаанд, ки ба иёлати Калифорния бираванд.
"Fox News" бо истинод ба манбаи худ дар хадамот иттилоъ дода, ки 2900 тани боздоштшудаҳо аз Узбекистон ҳастанд.
Дар миёни дастгиршудаҳо 27,5 ҳазор зодаи Чин, 8,9 ҳазор аз Ҳиндустон, 7,8 ҳазор аз Туркия, 4,4 ҳазор аз Мавритания, ҳудуди 3 ҳазор аз Ветнам ва 5,6 ҳазор аз Гвинея низ ҳастанд.
Бархе аз муҳоҷирон дар суҳбат бо"Fox News" гуфтаанд, ки ба хотири зиндагии беҳтар ба ИМА рафтаанд.
Пештар расонаҳо навишта буданд, дар ду соли охир шаҳрвандони Узбекистон дар рӯйхати касоне, ки ғайриқонунӣ вориди ИМА мешаванд, ба мақоми севум расидаанд.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Ҳушдорҳои Apple ва Google ба муштариёнашон дар даҳҳо кишвар
Ширкатҳои бузурги Apple ва Google ба муштариёни худ дар даҳҳо кишвар дар бораи таҳдидҳои ҳакерӣ огоҳӣ фиристодаанд.
Apple гуфтааст, ин ҳушдор рӯзи 2-юми декабр фиристода шуд, аммо дар бораи ҳамла ва шумори корбароне, ки ҳадаф қарор гирифтанд, ҷузъиёт надод.
Масъулони ширкат танҳо эълом кардаанд, ки то кунун ба корбарон дар бештар аз 150 кишвар огоҳӣ доданд.
Google рӯзи севуми декабр гуфт, ҳамаи корбаронеро, ки аз ҷониби нармафзори ҷосусии Intellexa ҳадаф қарор гирифта буданд, хабардор кард.
Ин ҳамлаҳо, ба иттилои масъулони ширкат, чандсад ҳисоб (аккаунт)-ро дар кишварҳое ба мисли Тоҷикистону Покистон, Қазоқистон, Ангола, Миср, Узбекистон ва Арабистони Саудӣ дар бар мегиранд.
Intellexa ширкати иктишофии сайберист ва зери таҳримҳои ҳукумати Амрико қарор дорад, вале ба гуфтаи Google, "фаъолона ба кораш идома медиҳад".
Ин гуна ҳушдорҳо дар чанд соли охир боис ба таҳқиқ ё тафтишоти расмӣ дар чанд кишвар шудааст.
Дар Узбекистон гурӯҳе аз зиндониёнро афв кардаанд
Президенти Узбекистон ба муносибати Рӯзи Конститутсия 615 маҳбусро афв кардааст. Дар хабарномаи расмӣ омадааст, ин маҳбусон "аз кардаи худ пушаймон шуда, дар роҳи ислоҳи худ буданд".
Бар асоси фармони президент Шавкат Мирзиёев, 220 маҳбус аз адои ҷазо пурра озод шуда, муҳлати ҳабси дигарон сабуктар шудааст.
Дар миёни афвшудагон 29 нафарашон зан, 23 кас шахсони аз 60 сола боло ва 264 тани дигар афроди аз 30 сола поён ҳастанд.
Дар хабарномаи расмӣ омадааст, мақомот муваззаф шудаанд, ки барои таъмини маҳбусони озодшуда бо ҷойи кор кумак расонанд.
Трамп: Зеленский то ҳол бо тарҳи сулҳи Амрико шинос нашудааст
Президенти Амрико Доналд Трамп гуфт, раисҷумҳури Украина Владимир Зеленский барои имзои тарҳи сулҳи Вашингтон "омода нест", чун ҳатто бо он шинос нашудааст. Маълум нест, ки сухан дар бораи тарҳи қаблӣ меравад ё гузинаи нав таҳия шудааст.
"Бояд бигӯям, ки ман каме ноумед ҳастам, ки президент Зеленский то ҳол ба пешниҳоди мо шинос нашудааст, ҳадди ақал давоми чанд соати охир. Ин тарҳ ба атрофиёни ӯ писанд шуд, вале ба худи ӯ не", - гуфт Доналд Трамп.
Ба гуфтаи раисҷумҳури Амрико, Маскав мехоҳад тамоми Украинаро дошта бошад, аммо ба шартҳои сулҳ розӣ аст. "То ҷое медонам Русия розӣ аст, аммо мутмаин нестам, ки Зеленский аз ин тарҳ қаноатманд бошад", - афзуд ӯ.
Рӯзи 6-уми декабр Владимир Зеленский аз суҳбати "тӯлонӣ ва пурмазмун" бо Стив Виткоф, фиристодаи вижаи президенти Амрико ва Ҷеред Кушнер, домоди Доналд Трамп хабар дод. Зеленский гуфт, ду тараф дар бораи "нуктаҳои асосие, ки метавонад поёни ин ҷанги хунинро кафолат диҳад" гап задаанд.
Ҳалокати домоду арӯс аз дуди ангишт дар Рашт
Дар пайи заҳролуд шудан аз дуди ангишт зану шавҳари ҷавон дар ноҳияи Рашт ба ҳалокат расидаанд. Ҳодиса шаби 5 ба 6-уми декабр дар деҳаи Кӯлобаи ҷамоати Қалъаи Сурхи ноҳия рух додааст.
Як манбаъ дар ҳукумати ноҳияи Рашт 8-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, "домоду арӯс ду моҳ пеш оиладор шуда буданд. Шаби 5-уми декабр ҳаво сард мешавад ва онҳо барои гарм кардани хона аз ангишт истифода мебаранд. Субҳи 6-уми декабр наздикони домод дарро мекушоянд ва маълум мешавад, ки зану шавҳар аз дуди ангишт заҳролуд шудаанд. Онҳоро ба беморхона мебаранд, аммо зану шавҳар дар роҳ ҷон медиҳанд".
Ба гуфтаи ин ҳамсуҳбати мо, домод 25 ва зан 18-сола будааст.
Мақомот, аз ҷумла Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон дар бораи ин ҳодиса расман хабар надодаанд.
Дар Тоҷикистон, ки сокинон дар тирамоҳ ва зимистон бо маҳдудият барқ мегиранд, сокинон маҷбур мешаванд бо ангишт хонаҳоро гарм кунанд.
Соле нест, ки хабари марги сокинон аз дуди ангишт расонаӣ нашавад. Аз ҷумла моҳи феврали соли 2024 шаш узви як хонавода дар шаҳри Душанбе бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ангишт, ҷон бохтаанд.
Мақомот сӯхторро дар бозори "Корвон" шарҳ доданд
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сӯхторро дар чанд мағозаи канори бозори "Корвон" шарҳ дод. Ҳодиса рӯзи 6-уми декабр рух дод ва чанд соҳибкор зарар диданд.
Дар хабарномаи ВКД омадааст, сӯхтор соати 8:18 сар зада, соати 10:30 "ба пуррагӣ хомӯш карда шуд".
Мақомот мегӯянд, то расидани сӯхторнишонҳо "алангаи оташ мағозаҳои қолин, кӯрпа ва кошонаи ҳуснро дар масоҳати 180 метри мураббаъ фаро гирифта, хавфи бевоситаи паҳншавии алангаи оташ ба дигар қисматҳои ҳамшафати он ба миён омада буд".
Мақомот дар бораи ҳаҷми зарар ва сабаби оташсӯзӣ чизе нагуфтаанд. Дар хабарномаи Вазорати корҳои дохилӣ танҳо ишора шудааст, ки ҳодиса таҳқиқ мешавад.
Навори оташсӯзӣ дар канори бозори "Корвон" ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт ва дар он дида мешавад, ки растаи фурӯши курпа, сандуқ ва қолинфурӯшӣ ба коми оташ рафтааст. Як блогери тоҷик навиштааст, мағозаи фурӯши либосҳои тӯёнаи ӯ низ дар ин ҳодиса зарар дид.
Ин бори аввал нест, ки бозори "Корвон" месӯзад. Солҳои гузашта борҳо ин бозор оташ гирифтааст. Як моҳ пеш бозори "Гулистон" дар шаҳри Панҷакент оташ гирифта буд.
Дар бештари маврид моликони дӯконҳои оташгирифта ҷуброн дарёфт намекунанд.
Аксҳо аз сомонаи ВКД
Занозанӣ байни фарзандони чеҳраҳои шинохта ва сарватманди тоҷик
Мақомоти интизомии Душанбе чанде аз фарзандони афроди сарватманд ва шинохтаро барои ҷангу даъво бо ҳам ва халалдор кардани тартиботи ҷамъиятӣ ба ҳабси чандрӯза маҳкум кардаанд.
Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 7-уми декабр бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт: “Барои дағалона вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ, аз ҷониби кормандони Шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, шаҳрвандон Сироҷов Шердил, Алаев Манучеҳр, Аюбов Ҷовидон ва Ҳабибов Муқимҷон дастгир карда шуданд.”
Ба гуфтаи як манбаи мӯътамад дар ниҳодҳои интизомӣ, Шердил Сироҷов, фарзанди писари молики собиқи бозори “Ҷалҷам” Асадулло Сироҷов аст. Ҷовидон Аюбов, писари Зафар Аюбӣ овозхони тоҷик будааст. Як манбаи боэътимод гуфт, ки дар ин ҷанҷолу кашмакаш фарзанди яке дигар аз афроди сарватманд ҳузур доштааст, вале аз ӯ ном набурдаанд.
Дар баёнияи Раёсати умури дохилии Душанбе омадааст, ки “номбурдагон дар маркази дилхушии "Dream" бо ҳамдигар муноқиша намуда, оромии шаҳрвандонро халалдор сохтаанд. Зимни санҷиш муайян гардид, ки Сироҷов Шердил мунтазам дар марказҳои дилхушӣ муноқиша ташкил намуда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон мекардааст.» Дар видеое, ки аз маҳалли ҳодиса нашр кардаанд, дида мешавад, ки гурӯҳе бо ҳам даъво мекунанд ва яке ҳам мушт мехӯрад. Барои ин қонуншиканӣ додгоҳ Шердил Сироҷовро ба 10 рӯзи ҳабс ва бақияро ба 5 рӯзӣ ба ҳабс маҳкум кардаанд.
Раёсати умури дохилӣ гуфтааст, аъмоли баъзе аз ин афрод тафтиш мешавад ва мумкин аст, ба зидди онҳо парвандаи ҷиноӣ боз кунанд, ки барои он ҷазои сахттар пешбинӣ шудааст. Ду сол пештар ва дар моҳи декабри соли 2023 Шердил Сироҷов бо Алишер Гулов, писари Шералӣ Гул, вазири собиқи саноат ва энергетика ҷангу кашмакаш карда буд, ки дар ҷараёни аз ду тараф панҷ нафар аз ҷумла худи Шердил Сироҷов ҳам захмӣ шуда буд.
Дар гузашта доир ба худсариву ҷанҷол байни фарзандони афроди сарватманду шинохта гузоришҳо нашр шудааст, аммо мақомоти расмӣ ин моҷароҳоро бисёр кам шарҳ медиҳанд.
Дар Узбекистон бо иттиҳоми зархаридӣ садҳо парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд
Мақомоти амниятии Узбекистон гуфтаанд, ки аз соли 2022 то соли 2025 бо иттиҳоми зархаридӣ ва ширкат дар ҷангҳои хориҷӣ бештар аз 330 парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.
Хадамоти Амнияти Миллии Узбекистон бо нашри як филм гуфтааст, агар соли 2022 фақат 19 парвандаи ҷиноӣ бо ин иттиҳомот боз карда бошад, дар соли 2025 тақрибан 140 парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ шудааст.
Ба гуфтаи маъмурони амниятии Узбекистон ин афрод ё ба узвияти гурӯҳҳои ифротиву террористӣ пайвастаанд ва ё дар ниҳодҳои низомии хориҷӣ ба ҳайси зархарид кор кардаанд. Дар ин филм гуфта мешавад: “Ҳоло бештар аз 1.8 миллион нафар аз мардуми Узбекистон дар хориҷ босамар кор мекунанд.. Вале айни замон садҳо нафар аз шаҳрвандони кишвар ошкор мешаванд, ки дар гурӯҳҳои мусаллаҳи хориҷӣ ҳузур доранд.”
Дар ин филм мушаххас гуфта намешавад, ки шаҳрвандони Узбекистон дар кадом ҷангу низоъҳо ба ҳайси зархарид ширкат кардааанд, аммо як вебсайти давлатии Украина бо номи “Зистан мехоҳам” номи 2715 шаҳрвандони Узбекистонро нашр кардааст, ки дар ҷанги Украина ширкат доранд ва ё ҳалок ҳам шудаанд.
Русия бо 700 мушаку паҳпод ба Украина ҳамла кардааст
Мақомоти Украина аз ҳамлаҳои зиёди Русия дар субҳи рӯзи шанбе ба он кишвар хабар додаанд. Онҳо гуфтанд, ки ҳадафи асосӣ дар ин ҳамлаҳо бо паҳподу мушакҳо зербунёдҳои энержӣ будааст ва аз ҷумла дар вилоятҳои Киев, Лвов. Дар шаҳри Фастов дар вилояти Киев, як истгоҳи роҳан вайрон шуда ва се нафар осеб дидаанд.
Олег Кипер, раиси вилояти Одесса навиштааст, ки дар ҳамлаҳои паҳподҳои “Шаҳид” дар ин вилоят ба шабакаҳои тақсими барқ зарар расидааст, вале ҳеч касе осеб надидааст.
Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина шоми шанбе дар вокуниш ба ин ҳамлаҳо гуфт: “Ҳадафи русҳо ранҷ додан ба миллионҳо украинӣ аст ва онҳо то ҳадде паст шудаанд, ки ба шаҳрҳои ором мушак меандозанд. Барои ҳамин ба русҳо бояд фишори бештар овард”.
Ба гуфтаи фармондеҳони Украина, Русия дар ин ҳамлаҳо бештар 700 паҳпод ва мушак истифода бурдааст ва аз миёни онҳо ба гуфтаи мақомоти украинӣ 615 ё хунсо ва ё нобуд карда шудаанд, аз ҷумла мушакҳои Искандар низ.
Пиряхи Деҳдал дар як моҳ садҳо метр ҳаракат кардааст
Пиряхи Деҳдал дар ҳавзаи дарёи Сурхоб давоми моҳи ноябр садҳо метр ҳаракат кардааст. Пораи азиме аз ин пирях 25-уми октябр канда шуда буд ва он замон мақомот дарозии пиряхи ҷудошударо 1,5 километр ва баландиашро 50 метр гуфта буданд.
Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон пас аз корҳои омӯзишии ҳолати пиряхи Деҳдал дар рӯзҳои 1-5 декабр, бо нашри хабаре гуфт, ин пирях давоми моҳи ноябр ба андозаи 520 метр (беш аз 20 метр дар як руз) ҳаракат кардааст.
Ба мушоҳидаи мутахассисони ин ниҳод, баландии ҳаҷми пиряхи ҳаракаткунанда 25-30 метр ва паҳнои он аз 80 то 120 метрро ташкил медиҳад. Ҳаракати ин пирях дар моҳи сентябр 4040 метр ва дар моҳи октябр 5100-5133 метр сабт шуда буд.
Мутахассисон сабаби асосии канда шудани пиряхро "баландшавии ҳарорати ҳаво ва набудани боришот дар давраи тӯлонӣ мебошад", мегӯянд.
Пиряхи Деҳдал яке аз пиряхҳои ҳаракаткунанда ба ҳисоб меравад ва ба гуфтаи мутахассисон дар муддати аз 20 то 45 сол якбор ҳаракат мекард. Кандашавии пирях солҳои 1974 ва 2016 маротиба ба қайд гирифта шуда буд ва мутахассисон пешбинӣ накарда буданд, ки дар чунин муддати кутоҳ пирях метавонад боз канда шавад.
Канда шудани пораи азими ин пирях дар моҳи октябр талафоти ҷонӣ ва хисорот дар пай надошт, аммо ба гуфтаи мутахассисон такрори ин ҳодиса метавонад ба бархе деҳаҳои ҷамоати деҳоти Қалъаи Лаби Об хатар дошта бошад.
Нерӯҳои Покистон ва Толибон дар як гузаргоҳи марзӣ даргир шуданд
Тибқи гузоришҳо, шаби гузашта дар минтақаи Спин Булдаки вилояти Қандаҳор, миёни Толибони Афғонистон ва нерӯҳои покистонӣ даргирӣ рух додааст.
Манбаъҳо ҳам дар ҳукумати Толибон ва низ ҳукумати Покистон шаби гузашта ба расонаҳо гуфтаанд, ки дар даргирӣ аз силоҳҳои сабук ва вазнин истифода шудааст.
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати Толибон дар шабакаи Х эълон кард, ки "ҷониби Покистон бори дигар ҳамлаҳоро аз минтақаи Спин Булдак оғоз карда ва нерӯҳои Иморати исломӣ (Толибон ҳукуматашонро чунин меноманд-РО) ночор ба вокуниш шуданд".
Ӯ дар мавриди талафот ё мизони хисороти ин даргирӣ ҷузъиёте ироа накард.
Спин Булдак яке аз нуқтаҳои пуртаниши марзӣ миёни Афғонистон ва Покистон ба шумор меравад, ки дар моҳҳои ахир борҳо шоҳиди даргирии марзӣ миёни нерӯҳои ду тараф будааст.
То ҳанӯз рӯшан нест, ки ҷанг аз кадом тараф ва ба чӣ сабаб оғоз шудааст.
Расонаи покистонии Pakistan Observer ба нақл аз Вазорати корҳои хориҷии он кишвар гуфтааст, маънии оташбас миёни ду кишвар ин буд, ки Афғонистон пеши ҳамлаҳои ҷангҷӯёни Таҳрики Толибони Покистонро (TTP) бигирад, аммо то кунун ин кор сурат нагирифтааст.
Исломобод борҳо Толибони Афғонистонро ба ҳимоят аз ТТР ва гурӯҳҳои мухолифи Покистон мекунад. Аммо Толибони Афғонистон ин иттиҳомҳоро рад карда ва мегӯянд, ки Покистон бояд мушкилоти дохилиашро дар хоки худ ҳал кунад.
Бонки аврупоӣ ба "Шабакаҳои тақсимоти барқ" беш аз 40 миллион евро кӯмак мекунад
Бонки аврупоии бозсохт ва рушд ба ширкати давлатии «Шабакаҳои тақсимоти барқ»-и Тоҷикистон дар ҳаҷми 43 миллион евро маблағгузорӣ намуд. Аз ин ҳаҷм 28 миллион евро қарзи сармоягузорӣ барои тақсимоти барқ буда, 15 миллион евро гранти Иттиҳоди Аврупо мебошад.
Бо ин маблағҳо қарор аст сохтори зербунёдии «Шабакаҳои тақсимоти барқ»-и Тоҷикистон дар бахши ҳисобу китоби харҷи нирӯи барқ дар нӯҳ шаҳру навоҳии вилоятҳои Суғду Хатлон навсозӣ шаванд.
Аз ҷумла, дастгоҳҳои фарсудае, ки барқро барзиёд ва номуассир истифода мекунанд, бо навъҳои пешрафтаи пурмасраф иваз хоҳанд шуд. Ин кор барои аз байн бурдани системаи номуассири биллингӣ мусоидат хоҳад кард, омадааст дар иттилоияи Бонки аврупоии бозсохт ва рушд. Ин маблағҳо инчунин барои эҷоди низоми рақамикунонӣ ва амнияти интернетии шабакаи интернетии ширкат равона хоҳанд шуд.
Кӯмаки молӣ ба «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар ҳоле сурат мегирад, ки аҳолии кишвар яке аз сангинтарин бӯҳронҳои камбуди барқро дар солҳои истиқлолияти Тоҷикистон аз сар мегузаронанд. Дар бисёр минтақаҳои дурдасти кишвар маҳдудияти барқ чунон сахту сангин аст, ки таъмини барқ дар як шабонарӯз гоҳо бо се соат маҳдуд мешавад.
Ҳаҷми умумии ёриҳои ин бонк ба Тоҷикистон дар солҳои истиқолият беш аз 1 миллиард евроро ташкил додааст.
Посухи тунди шаҳрдори Маскав ба танқидҳо аз ихтисоси пасти муҳоҷирон
Сергей Собянин, шаҳрдори Маскав, рӯзи 3-юми декабр дар гуфтугӯи мустақим бо телевизионҳои "ТВ Центр" ва "Москва 24" ба шикояти сокинон дар бораи зиёд шудани муҳоҷирони камтахассус ва онҳое, ки забони русиро намедонанд, посухи тунд дод.
Шаҳрдор гуфт, ҳамин муҳоҷирон ҳастанд, ки кори вазнинро ба уҳда мегиранд. Собянин ба чунин "коршиносони норозӣ" машварат дод, ки бо дипломи олӣ худашон ҷорӯб ба даст гирифта, кӯчаҳои Маскавро тоза кунанд.
Ба таъкиди шаҳрдор, шумори муҳоҷирони корӣ дар пойтахти Русия аз соли 2018 бетағйир мондааст.
Вай ҳамчуни бо истинод ба омори Вазорати корҳои дохилӣ таъкид намуд, ки ҷинояти содиркардаи муҳоҷирон коҳиш ёфта, мизони ошкор шудани қонунвайронкунии онҳо афзоиш ёфтааст.
Ҳамзамон Сергей Собянин ба камбуди ним миллион нерӯи корӣ дар Маскав ишора кард, ки ба вазъи демографии ин кишвар бастагӣ дорад.
Пойтахти Русия яке аз маконҳои асосии корҷӯии даҳҳо ҳазор шаҳрванди бекори Тоҷикистон аст. Русия дар ду соли охир фишору маҳдудиятро ба муҳоҷирон афзоиш додааст ва дигар ин кишвар макони амни корӣ барои муҳоҷирон дониста намешавад.
С.Муҳриддин ҳамла дар сарҳади Афғонистонро аз минбари САҲА матраҳ намуд
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар як нишасти Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар бораи ду ҳамла аз хоки Афғонистон ба ноҳияҳои наздимарзии кишвар, ки панҷ кушта барҷой гузошт, низ суҳбат кардааст.
Сироҷиддин Муҳриддин рӯзи 4-уми декабр дар Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви САҲА дар Вена ин воқеаҳоро "нохуш" номида, "ба зарурати тавсеаи ҳамкорӣ баҳри вокуниш ба чолишҳои умдаи ҷаҳони муосир" таъкид намудааст.
Рӯзҳои 26 ва 30-юми ноябр аз хоки Афғонистон ба ду ноҳияи рзии Тоҷикистон ҳамла анҷом шуда, 5 шаҳрванди Чин кушта ва 5 тани дигар захмӣ гаштаанд. Онҳо дар як корхонаи заршӯйӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон ва ширкати роҳсозӣ дар ноҳияи Дарвози вилояти Бадахшон кор мекарданд.
Мақомоти Тоҷикистон ҳарду ҳамларо “амали террористӣ” номида, гурӯҳи “Толибон” ва мақомоти Эрону Покистон маҳкум карданд. Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз ниҳодҳои қудратӣ хост, нагузоранд, ки чунин ҳодисаҳо такрор шаванд.
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар баёнияе гуфт, Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти САҲА авлавиятҳои Тоҷикистонро дар се бахши ҳамкорӣ бо ин созмон – низомию сиёсӣ, иқтисодию муҳитзистӣ ва башарӣ низ баён кардааст, вале ҷузъиёти гуфтугӯҳои ӯ нашр намешавад.
Даъвати вазир дар ҳоле садо додааст, ки дар солҳои охир бо сабаби ба ҷаласаҳои САҲА дар Варшава даъват шудани мухолифони тоҷик робитаҳои ҳукумати Тоҷикистон бо ин ташкилоти байнулмилалӣ маҳдуд гардид.
Аз ҷумла, дар остонаи интихоботи имсолаи порлумонии Тоҷикистон бори аввал нозирони Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА (ODIHR) гуфтанд, бо сабаби "набудани кафолат аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон дар бораи сабтином ё аккредитатсияи нозирон" аз мушоҳидаи интихоботи моҳи март даст мекашанд. Он замон вазир Муҳриддин ба хабарнигорон гуфт, нозирони ODIHR тартиби сабтиномро риоя накарда, кишварро тарк намуданд.
Боздошти як афғонистонӣ дар Амрико ба иттиҳоми ҳимоят аз ДОИШ
Вазорати амнияти дохилии Амрико мегӯяд, як афғон бо номи Ҷоншоҳ Софиро ба иттиҳоми ҳимоят аз "Шохаи Хуросон"-и гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" ё ДОИШ боздошт кардааст.
Вазири амнияти дохилии Амрико рӯзи 4-уми декабр дар эъломияе гуфт, ин фард аз сӯи масъулони бахши таҳқиқотии амнияти дохилӣ дар аёлати Вирҷиния дастгир шуд.
Дар эъломияи вазорат омадааст, ки Ҷоншоҳ Софӣ барои падараш низ аслиҳа фароҳам кардааст. Бар асоси эъломия, падари Софӣ фармондеҳи гурӯҳи ниманизомӣ дар Афғонистон аст.
Дар идома омадааст, ки Софӣ рӯзи 8-уми сентябри соли 2021 аз тариқи барномаи "Амалиёти истиқбол аз муттаҳидон"-и ҳукумати Ҷо Байден, раисҷумҳури пешини Амрико, вориди Филаделфия (аёлати Пенсилвания) шуда буд.
То ҳанӯз хонавода ва наздикони Софӣ дар ин бора ибрози назар накардаанд.
Чанд рӯз пеш мақомоти Амрико аз боздошти ду афғони дигар, Раҳмонуллоҳ Лаканвол ва Муҳаммаддовуд Алокузай низ хабар доданд.
Ба гуфтаи мақомоти Амрико, Лаканвол рӯзи 26-уми ноябр ба сӯи ду сарбози Горди миллии ИМА дар Вашингтон тирандозӣ кард, ки дар натиҷа яке аз онҳо ба ҳалокат расид.
Алокузай муттаҳам аст, ки дар "Тик Ток" таҳдид карда буд, бо сохтани бомба як биноро дар Техас метарконад.
Эълони ҳукми гумонбарон дар марги Судайси дусола
Додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт дар пайванд ба марги Судайси дусола, ки дар як кӯдакистони хусусии Душанбе ҷон бохт, ду корманди ин муассисаро ба 5 ва 6 сол зиндон маҳкум кардааст.
Хабаргузории "Азия-Плюс" бо такя ба як манбаи огоҳ аз мурофиа гузориш дод, ки Рухшона Исматуллоева, мудири кӯдакистони хусусии "Суолу ҷавоб" ё "Почемучка" 6 сол ва мураббӣ Боғигул Раҳимова 5 сол ба зиндон маҳкум шудаанд.
Аммо ҳоло онҳо дар боздошт нестанд ва ба навиштаи манбаъ, бо назардошти ин ки "айбдоршавандаҳо кӯдакони ноболиғ доранд, додгоҳ иҷрои ҳукмро то 8-сола шудани фарзандони онҳо ба таъхир гузоштааст".
Мақомот дар ин бора расман иттилоъ надодаанд.
Судайси дусола рӯзи нуздаҳуми майи имсол дар кӯдакистони "Суолу ҷавоб" ба ҳалокат расид. Навори ҷон кандани кӯдак, ки дар панҷараи рахти хоб овезон ва банд монда буд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокуниши зиёде ба миён овард.
Додситонӣ гуфт, ки дар робита ба ин ҳодиса нисбат ба 5 нафар, аз ҷумла ду корманди бахши иҷозатномадиҳии Вазорати маориф парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Онҳо ба иҷро накардани вазифа ва хунукназарӣ дар корашон муттаҳам мешуданд.
Назари волидони кӯдаки фавтида ба ҳукми додгоҳ маълум нест.