Оятулло Гиляев, як фаъоли собиқи мухолифин, ки баъди бозгашташ аз хориҷа ба Тоҷикистон дар соли 2018 ба яке аз мубаллиғони ҳукумат табдил ёфта буд, бо иттиҳоми қаллобӣ дастгир шудааст.
Ӯ ҳашт сол пеш аз сафи "Гурӯҳи 24", созмони мухолифи ҳукумат, ки фаъолияташ дар ҳудуди Тоҷикистон мамнуъст, берун шуда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ зидди ҳамсангарони пешинааш бо лаҳни тунд гап мезад.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 26-уми август бо нашри наворе гуфт, Оятулло Гиляев бо гумони “содир кардани 900 мавриди қаллобӣ” ва “расондани чор миллион сомонӣ зарар ба шаҳрвандон” боздошт шуд.
Мақомот гуфтаанд, ӯ ҳашт сол қабл “бо эҳсоси пушаймонӣ” ба ватан баргашта, афв шуд, “аммо роҳи мардумфиребиро пеша кард.”
Ба гуфтаи ВКД, Гиляев гуё худро намояндаи ширкате дар Арабистони Саудӣ муаррифӣ карда, шаҳрвандони зиёдеро барои сафар ба зиёрати Каъба фиреб додааст.
Назари Оятулло Гиляев ба ин иттиҳом дастрас нест.
Навор дар Инстаграм:
Як нафар дар навори ВКД иддао кардааст, ки гуё Гиляев худро намояндаи Шӯрои уламои Тоҷикистон муаррифӣ намуда, барои бурдани гурӯҳе аз шаҳрвандон ба Арабистони Саудӣ 23 ҳазор доллар гирифтааст.
Тасдиқи дурустии иддаои ӯ имконпазир нест.
Дар ҳамин навор гуфта мешавад, ки Гиляев дар Арабистони Саудӣ боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шудааст.
Оятулло Гиляев 37-сола аст ва охири соли 2014 бо дархости ҷониби Тоҷикистон дар Русия боздошт, аммо баъди бештар аз як сол раҳо шуд. Вай он вақт ба “даъвати оммавӣ барои бо зӯр тағйир додани сохти конститутсионии Тоҷикистон” муттаҳам буд.
Соли 2018 бо ваъдаи афв ба Тоҷикистон баргашт ва мақомот ӯро раҳо карданд. Оятулло Гиляев дертар дар шабакаҳои иҷтимоӣ намояндагони мухолифинро танқид ва баръакс аз ҳукумат тавсиф мекард.
Гуфтугӯ