Мақомоти интизомӣ дар вилояти Суғд дар робита ба садамаи маргбор дар ноҳияи Ҷаббор Расулов як нафарро боздошт кардаанд. Дар ин фоҷиа ҳафтаи гузашта шаш нафар ҷон бохтанд. Аҳволи яке аз захмиён ҳам бисёр бад будааст.
Яке аз осебдидагон дар садама Ҳасанҷон Юнусови 16-сола аз деҳаи Тоҷикобод баъди 4 рӯзи садамаи даҳшатовар дар беморхона фавтидааст. Ӯро рӯзи 3-уми июн ба хок супурдаанд.
Табибон гуфтанд, ки азбаски 70 фоизи баданаш сӯхта буд, ӯро наҷот дода натавонистаанд. Ин наврас яке аз мусофирони автомашинаи "Опел Зефира" буд, ки рӯзи 29-уми май дар ҳудуди ҷамоати Гулхонаи ноҳияи Ҷаббор Расулов ба автомашинаи "Опел Комбо" бархӯрд.
Дар рӯзи ҳодиса аз 9 мусофири ду мошин 5 нафар ҳалок ва чаҳор 4 нафар захмӣ шуданд. Аз миёни се маҷруҳ вазъи яке аз онҳо - Иқбол Юнусови 16-сола вазнин гуфта мешавад. Ба гуфтаи табибони Беморхонаи марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов, тақрибан 60 фоизи танаш сӯхтааст.
Мусофири дигар Салмоншоҳ Сарварзодаи 16-соларо аз бемористон ҷавоб додаанд. Дигарӣ Дониёр Қурбонбоев барои идомаи табобат ба маркази Суғд интиқол ёфтааст.
Ӯ ронандаи "Опел-Комбо" буда, ба гуфтаи як масъули Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд сабабгори асосии садама гуфта мешавад. Ба зидди ӯ бо иттиҳоми "Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ" парванда боз кардаанд.
Садамаи маргбор бисёриҳоро ваҳшатзада кард, чун аксари қурбониён наврасон ва варзишгарони Мактаби гӯштии кохи варзишии “Ланглиф” будаанд ва ҳодиса ҳангоми бозгашт аз мактаб рух додааст. Ҳамроҳ бо шогирдон мураббии онҳо ҳам ҷон додааст.
Дар Тоҷикистон солона садҳо нафар дар садамаҳои нақлиётӣ ҷон медиҳанду ва садҳо нафари дигар маъюби якумрӣ мешаванд. Бепарвоӣ, роҳҳои нимавайрон ва риоят накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва суръати баланд аз сабабҳои асосии маргу мир дар роҳҳои кишвар дониста мешавад.
Гуфтугӯ