Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Донам, ки агар пагоҳ мемирам ман..." ВИДЕО


Бо ду пойи бо оҳан пайвастшуда ва ғарқи фикру андеша Мурод Сафарови 65-сола назди Маркази саратоншиносӣ ҷавоби ташхиси худро интизор аст. Натиҷаи ташхис бояд ба ҳамсару писараш дода шавад. Мегӯяд, агар мабодо ташхисаш манфӣ бошад, мехоҳад, пизишкон ошкор ба худаш дар ин бора бигӯянд ва бепарда иқрор кунанд, ки умраш чӣ қадар боқӣ мондааст?

Духтару бачаи мактабхон дорам. Орзу дорам келин биёрам, духтарамро ба шавҳар диҳам. Баъди ҷарроҳӣ чанд соли дигаре, ки мондааст, пеши фарзандон бошам

"Хешу таборро ҷамъ мекардам"

Огоҳ будани мариз аз беморӣ ва муҳлати тахминии зиндагии худ, ба гуфтаи ӯ, аз чанд ҷиҳат ба манфиаташ ҳаст. “Хешу таборро ҷамъ карда, мегуфтам, ки тақдири мо ҳамин будааст. Мегуфтам, ки фарзандонро нигоҳубин кунед”, - мегӯяд ӯ.

То омадан ба ин марказ Мурод ду дафъа пойҳояшро ҷарроҳӣ кард, аммо номуваффақ. Пизишкон то ин замон ба бемории ӯ ғадуди простата ташхис гузоштанд. Баъди талошҳои зиёду бенатиҷа ӯро ба маркази саратоншиносӣ фиристоданд. “Бемориро дақиқ накарданд, ки чӣ аст. Фақат хунукӣ гуфтанд. Мехоҳам дақиқ гӯянд. Ягон ҷои хафагӣ, зиққӣ ё дилзанӣ нест. Тасдиқ кунанд ва бигӯянд, ки дигар даводав накун, тамом”, - гуфт Мурод Сафаров.

Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед:

"Чӣ қадар аз умрам боқӣ мондааст?"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:38 0:00

Замираи 50-сола аз Ёвон дар шӯъбаи момологии Маркази илми саратоншиносии Тоҷикистон бистарист. Ӯ ба фарқ аз ҳамтақдирони дигари худ медонад, ки гирифтори саратон аст. Лаҳзаҳои аввал, ки аз дардаш огоҳ шуд, пайваста ашк мерехт ва аз зиндагӣ умедашро канд, вале акнун мехоҳад лаҳзаҳои баъдии зиндагиро бо фарзандон ва барои онҳо гузаронад.

"Фарзандонро хонадор мекунам"

Ҳоло муҳимтарин орзуяш хонадор кардани ду фарзанди хурдиаш аст, ки ба ҳастии модар ва роҳанамоии ӯ ниёзи бештар доранд. “Духтар ва бачаи мактабхон дорам. Орзу дорам келин биёрам, духтарамро ба шавҳар диҳам ва баъди ҷарроҳӣ чанд соли дигаре, ки мондааст, пеши фарзандон бошам. Ана, пеш аз ҷарроҳӣ дар инҷо, ҳалқа гирифта дар гӯшам овехтам, ки сиҳат шавам”, - нақл кард ӯ.

Мурод Сафаров
Мурод Сафаров

Маъмулан дар Тоҷикистон дар сурати ба бемории бедавое гирифтор шудан, атрофиён то охирин лаҳза кӯшиш мекунанд ин ҳақиқатро аз ӯ пинҳон доранд ва бо ин барояш ба зиндагӣ умед бахшидан мехоҳанд. Ҳарчанд хешу ақрабо худ тавассути табибон аз рӯзҳои башумори беморони худ огоҳ мешаванд.

Бархе бо ин ҳама оқибати бемории худро эҳсос мекунанд, вале дар баъзе ҳолат беморон бехабар аз дарди худ тарки дунё мекунанд ва корҳои нотамому ҳарфҳои ногуфтаро бо худ мебаранд. Ҳарфу кореро, ки баъдан барои худи атрофиён гиреҳҳоеро нокушода мемонад ва мушкил эҷод мекунад. Вобаста ба нақшаву барномаҳои муҳими зиндагии худ дар як пурсиш бо мо ахиран аксарият гуфтанд, дар ҳолати ошкор шудани бемории бедавое дар ҷисмашон, мехостанд, табибон бидуни пинҳонкорӣ ва дилсӯзӣ аз давомнокии зиндагии онҳо барояшон хабар диҳанд.

Мардум чӣ мегӯянд?

Ҳалима Муҳтоҷова, як сокини Душанбе мегӯяд, ба хотире мехост аз давомнокии умраш огоҳ шавад, ки “ба фарзандон бигӯям, аз ҳоли якдигар бохабар шавед, маро умрам ҳамин қадар мондааст. Мегуфтам, ки барои хона ҷангу ҷанҷол накунанд.”

Шамсулло Ҷалилов, мусоҳиби дигари мо мегӯяд, агар медонист, ки чӣ қадар умраш боқӣ мондааст, ҳама корро як сӯ гузошта, ба хайру саховат машғул мешуд. “Хайр мекардам, то ба он дунё бо дастовезе равам. Нишаста тоату ибодат мекардам, то замоне ки Худованд қувва диҳад.”

Салтанат Амиршоева мегӯяд, баъди пушти сар кардани сактаи қалб аввалин коре, ки кард, тақсими молу мерос ба фарзандонаш буд. Ба бовари ин мусоҳиби одам бояд то ҷое ба ин воқеият омода бошад ва муҳимтарин корҳояшро ба анҷом расонад, то баъди сараш барои наздикон мушкил эҷод накунад. “Ҳолатҳое ҳастанд, ки пас аз сари калонсолон дар хона ҷанҷолҳо барои хонаи модару падар ба вуҷуд меояд. Бисёр чунин воқеаҳо шудааст. Ман хонаро ба номи духтари хурдиам кардам ва боқимондаро ҳамаро ба писарон тақсим кардам”, - афзуд ӯ.

Далели пизишкони саратоншинос

Табибони саратоншинос бо чанд далел ҷонибдори суҳбати бепарда ва миёнарав бо худи бемор ҳастанд. Агарчӣ дар бархе аз кишварҳои ҷаҳон, ин таҷриба ҷорист, пизишкон дар Тоҷикистон аксаран аз додани маълумоти пурра ба бемор худдорӣ мекунанд.

Ҷумъабой Сангинов, профессори кафедраи бемориҳои онкологии Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон, мегӯяд, ҳоло ҷомеа ба ин омода нест. Ва на ҳама бемор бо суоли инки чӣ қадар вақташ мондааст, муроҷиат мекунад.

“Инсон замоне ки гирифтори ин ё он беморӣ мешавад, ҳуқуқ дорад, ки пурра ба маълумоти дахлдор дастрасӣ дошта бошад. Фикр мекунам, ки ҷомеаи мо тадриҷан ба ин ҳолат тайёр шавад. Ман истисно намекунам, ки дар муддати наздик мо ҳам мисли дигар давлатҳо барои расонидани иттилои пурра ба беморон имкон пайдо мекунем. Бемор бояд донад, ки кадом усулҳои табобат истифода мешавад, оқибати беморӣ чӣ гуна аст”, - гуфт ӯ.

Ҷумъабой Сангинов
Ҷумъабой Сангинов

Ба қавли ин донишманди саратоншинос, имрӯз маъмулан бемороне аз табибон маълумотро ошкор гирифтан мехоҳанд, ки донишу ҷаҳонбинии васеъ доранд ва ба дарки воқеияти зиндагӣ мераванд. Онҳое, ки мехоҳанд нақшаҳои нотамоми худро амалӣ кунанд.

Ҳамасола дар Тоҷикистон то 3 ҳазор нафар беморони саратон бори аввал сабт карда мешаванд ва теъдоди фавт дар пайи ин беморӣ ҳам зиёд аст.

XS
SM
MD
LG