Мурофиаи пешакии додгоҳии муттаҳамони ҳамла ба толори консертии “Крокус рӯзи 21 июл чанд соат давом кард. Додгоҳ қарор кард, ки мурофиа 4 август дар яке аз додгоҳҳои шаҳри Маскав оғоз шавад. Муҳокима бояд на паси дарҳо баста, балки боз сурат бигирад.
Дар курсии гумонбарон ба ҷиноят 19 нафар, асосан шаҳрвнадони Тоҷикистон нишастаанд. Рӯзи душанбе, дар ҷараёни мурофиа додрас чанд дархости гумонбаронрр рад кардааст. Аз ҷумла, вакили дифои 95 ҷабрдида Людмила Айвар ба хабаргузории ТАСС гуфтааст, ки додгоҳ дархости чаҳор гумонбарро рад кард, ки мехоҳанд, пайгарди ҷиноии онҳо хотима ёбад ва мурофиа бо ширкати ҳайати мунсифа барпо шавад. Айвар инчунин гуфтааст, додгоҳ дархости баъзе гумонбаронро дар бораи тафтиши такрории парванда қабул накард.
Маълум нест, то куҷо ҳамаи айбдоршавандаҳо бо вакили дифоъ ҳуқуқӣ таъмин шудаанд. Масалан, оё намояндагони сафорати Тоҷикистон дар додгоҳ иштирок мекунанд ва ё ин дафъа ҳам онгуна, ки ба ҷараёни тафтишот роҳ дода нашуданд, ҳузур нахоҳанд дошт? Ҳамчунин оё хешовандони боздоштшудаҳо ҳам аз Тоҷикистон ба мурофиа роҳ дода мешаванд, ё не.
Дар ҳамлаи террористӣ ба толори консертии Крокус дар канори Маскав дар рӯзи 22-уми марти соли 2024 149 нафар нафар кушта ва 609 каси дигар маҷруҳ шуданд. Дар умум мақомоти Русия 19 нафарро ба анҷоми ин ҳамла муттаҳам мекунанд ва аксари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд.
Гуруҳи ба ном "Давлати исломӣ" дар он замон масъулияти ин ҳамларо бар уҳда гирифт, аммо мақомоти Русия гуфтаанд, ки муҳоҷирони тоҷик ҳамлаи террористиро бо амри Хадамоти махсуси Украина анҷом додаанд. Иддаое, ки ин кишвар рад кардааст. Шеваи боздошту латӯкуби бераҳмонаи чор муҳоҷири тоҷик баъди ҳамла, сабаби хашми мардум шуд ва ин шубҳаву гумонро барангехт, ки шаҳрвандони Тоҷикистон зери шиканҷа гуноҳи нокардаро ба гардан гирифтаанд.
Маъмурони амниятии Русия вақти боздошт гӯши яке аз муттаҳамонро бурида, ба тани дигаре барқ монданд ва дигариро ба ҳадде зада буданд, ки ӯро дар аробаи маъюбон ва беҳушу беёд ба додгоҳ оварданд. Гумонбари дигар порчае аз селофан дар гардан дошт, ки умдатан барои нафасгир кардан истифода мебаранд.