Расонаи “Информбюро” навишт, чорпоён бидуни огоҳии пешакии хадамоти байтории маҳаллӣ забҳ карда шудаанд, ки тафтишотро мушкил гардондааст.
Дар ҳукумати вилояти Алмато гуфтанд, “мутахассисон ҳамарӯза ҳайвонҳоро муоина мекунанд ва то ҳол нишонаҳои клиникии ин бемориро пайдо накардаанд”.
Тибқи иттилои Вазорати кишоварзии Қазоқистон, соли гузашта дар чаҳор вилояти ин кишвар – Ақмолин, Ҷамбил, Туркистон ва Қарағанда ҳолатҳои гирифторӣ ба сиёҳзахм сабт шуда, як нафар ҷон бохтааст.
Сӯхтанӣ, ки бо номи сиёҳзахм ва дар русӣ ҳамчун "сибирская язва" маъруф аст, як навъи хатарноки бемории сироятии чорвои хонагиву ваҳшист, ки ба одам низ сироят карда метавонад. Сӯхтанӣ маъмулан дар пӯсти инсон ё чорво реша давонда, дар як муддати кӯтоҳ маризро аз пой меафтонад ва ҳатто метавонад давоми аз се то панҷ рӯз ба марг бирасонад.