Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро додгоҳҳои Тоҷикистон ҳеч касро бегуноҳ намедонанд?

Рустам Қувватов, сокини шаҳри Турсунзода
Рустам Қувватов, сокини шаҳри Турсунзода

Рустам Қувватов, сокини шаҳри Турсунзода, интизор дошт, ки ҳукми додрас ӯро дигарбора ба ҷойи кораш бармегардонад. Вай бо айбномаи вайрон намудани интизоми хидмат аз кор дар ниҳоди тарбиявии 3/12 (Сарраёсати иҷрои ҷазо) озод карда шудааст. Худаш онро беасос ва ноодилона медонад.

"Аз ҳалномаи суд (додгоҳ) норозиям. Дар мурофиа гуфтам, ки сардори муассисаро даъват кунед, ҳамроҳаш рӯ ба рӯ гап занам. Даъват накарданд. Шоҳидҳои асосиро даъват накарданд. Прокурор (додситон) дар вақти мурофиа ба гапҳои ман тамоман эътибор намедиҳад," – гуфт Рустам Қувватов.

Мисли ин ҳамсуҳбати мо шикоят аз қарори додрасҳо кам нест. Ҳарчанд дар додгоҳҳои кишвар бар инанд, ки ҳукмҳои эълоннамудаи онҳо қонунӣ ва одилонаанд.

Ба иттилои расмӣ, дар соли 2025 додрасҳо бештар аз 150 ҳазор парванда ва пешниҳоду дархостро баррасӣ карда, ягон ҳукми "сафед" набароварданд. Яъне, аз миёни гумонзадҳо касеро бегуноҳ надонистанд.

Рустам Мирзозода
Рустам Мирзозода

Рустам Мирзозода, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон, 12-уми феврал дар нишасти хабарӣ гуфт: "Тафтиши ҳар парванда тибқи Кодекси мурофиавӣ баррасӣ мешавад. Додрасҳо кӯшиш мекунанд, ки ба ягон хато роҳ надиҳанд. Судҳо баррасӣ карданд, диданд, ки дар ҳаракатҳои гумонбарон ҷиноят ҷой дорад. Барои ҳамин, ҳукми сафед набароварданд."

Солҳо пеш як ҳукми “сафед” сабаби барканорӣ ва ҳатто зиндонӣ шудани як судя ё додрас шуда буд.

Ба назари Бахтиёр Насруллоев, вакили мудофеъ, ҳарчанд дар қонунгузории Тоҷикистон гуфта шудааст, ки додрасҳо мустақиланд, дар амал чунин мустақилӣ дида намешавад.

Бахтиёр Насруллоев
Бахтиёр Насруллоев

"Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла прокуратура (додситонӣ) фаъолияти суд (додгоҳ)-ро зери назорати худ қарор додаанд. Бинобар ин, бисёре аз судҳо (додрасҳо) аз баровардани ҳукми сафед ҳарос доранд. Ҳоло умедвор шудан ниҳоят душвор аст, ки ҳукми сафед мебарояд," – шарҳ дод ӯ.

Дар бисёре аз кишварҳо эълон нашудани ягон ҳукми сафед шубҳаеро ба миён меорад, ки то куҷо мурофиаҳо одилона ҷараён ёфта, судяҳо аз касе вобаста набудаанд.

"Президенти Тоҷикистон судяҳоро таъйин мекунад. Бино бар ин, кафолати озод будани адолати судиро маҳдуд менамояд. Аз ҳамин сабаб, ҳукмҳои сафед дар таҷриба кам татбиқ мешаванд," – гуфт Иззатулло Дадабоев, муфаттиши пешини Раёсати корҳои дохилии Душанбе.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Чаро додгоҳҳо ҳеч касро бегуноҳ намедонанд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:10 0:00

Ҳафт сол пеш Кумисюни Байнулмилалии Ҳуқуқшиносон дар гузорише гуфта буд, ки додгоҳҳо дар Тоҷикистон мустақил нестанд ва беғаразона ҳукм содир намекунанд ва аз ҳукумат хост, низоми додгоҳиро ислоҳ кунад.

Тоҷикистон аз соли 2007 то 2021 бо пули Иттиҳоди Аврупо ва созмонҳои дигари ҷаҳонӣ чаҳор бор барномаи ислоҳоти додгоҳӣ – ҳуқуқиро қабул ва ба назари мақомоти додгоҳӣ ин барномаҳоро амалӣ кардааст. Бо ин вуҷуд, сокиноне ба мисли ҳамсуҳбати мо, Рустам Қувватов, кам нестанд, ки аз қарорҳои додгоҳӣ норозиянд ва онҳоро яктарафа мешуморанд.

XS
SM
MD
LG