Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро китобҳои таърих ба вакили рус хуш наомадааст?

Андрей Луговой, вакили Думаи давлатии Русия.
Андрей Луговой, вакили Думаи давлатии Русия.

Андрей Луговой, вакили Думаи давлатӣ ё порлумони Русия, кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷонро ба русҳаросӣ муттаҳам кард. Ба иддаои ӯ, гӯё ин андеша дар китобҳои дарсии таърих дар ин кишварҳо ҷой дода шудааст.

Ба андешаи Луговой, сокинони Осиёи Марказӣ ва Қафқоз бояд аз Маскав барои гузаштаи якҷояи таърихӣ сипосгузор бошанд, на инки онро бознависӣ накунанд. Ӯ баҳсҳоро дар бораи саркӯбҳои сиёсӣ, гуруснагӣ ва аҳди подшоҳӣ ҷанги иттилоотӣ ва ҳатто русҳаросӣ номидааст.

"Кӣ таърихро бознависӣ мекунад? Кӣ аз пок кардани хотира аз пирӯзии бузург, сохтмонҳои замони шӯравӣ, муаллимони русе, ки ба деҳаҳои дурдаст илм оварданд, манфиатдор аст?",-афзуд Андрей Луговой.

Мақомоти Русия солҳои охир чанд дафъа мақомоти ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва шаҳрвандони онҳоро барои ҳар гуна ихтилоф бо сиёсати Кремл танқид кардаанд. Ҳатто дар масъалаҳое, ки пурра кори дохилии ин кишварҳо буд, вакилони порлумону мубаллиғон ва фаъолони Русия нисбат ба онҳо аз ибораҳое ба мисли "ҳамсояҳои носипос", истифода намуданд.

Пас аз моҳи феврали соли 2022 онҳо ба таври ошкоро ба такрор ёфтани ба истилоҳ "сарнавишти Украина", таҳдид мекунанд.

Чаро китобҳои таърих ба вакили рус хуш наомадааст?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:40 0:00

Владимир Козлов, ходими иҷтимоӣ аз Киев дар Украина мегӯяд, "Русия бо ҳамаи кишварҳо дар бораи дахлнопазирии сарҳад ва чизҳои дигар шартнома дорад. Ин дар ягон ҷо дарҷ нашудааст. Аммо паёми имрӯза чунин аст, ки ин давлатҳо нобакоранд. Мо барояшон хидмати зиёд кардем, аммо онҳо моро партофтанд. Ва акнун мо бояд ба онҳо дарси адаб дода, ба зери қаноти худ, яъне бародари бузург баргардонем".

Ба андешаи Андрей Луговой, гӯё дар зери ин қанот будан барои ҳама хуб хоҳад буд. Дар ҳамин ҳол, ӯ хоҳони чораҷӯӣ алайҳи муаллифони китобҳои дарсии таърих дар кишварҳои Осиёи Марказӣ шудааст.

Хусусан, агар баъзеи онҳо дар Русия қарор дошта бошанд. Ба мисли Зарина Ҷандосова, ки дар Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург таълим медиҳад. Луговой иддао дорад, ки ӯ таҳти таъсири хадамоти истихборотии Бритониё ва Туркия мондааст.

Сергей Дуванов, ҳомии ҳуқуқ аз Чикаго дар Амрико мегӯяд, "ин як империяхоҳист. Империалист наметавонад ба таври дигар фикр кунад. Фикр мекунад, ин империяи мост, бале, он заиф буд ва аз ҳам пошид, аммо ҳоло кӯшиш мекунем, ки онро дубора эҳё кунем. Ҳар касе, ки мухолиф аст, ба мисли Украина, бо ҷанг рӯ ба рӯ мешавад."

Маъмулан мақомоти Қазоқистон ба изҳороти таҳқиромез ва ҳатто ҷангҷӯёнаи ҷониби Русия беътиноӣ нишон медиҳанд.

Сиёсатшиноси қазоқ ва мудири "Гурӯҳи арзёбии хатарҳо" Досим Сатпаев бовар дорад, ки муносибати Маскав ба ҷумҳуриҳо дигар нахоҳад шуд, танҳо шеваи фишор метавонанд тағйир ёбад. Фишорҳо чӣ гуна мешаванд, аз натиҷаи ҷанг дар Украина вобаста хоҳад буд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG