Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чӣ гуна барои роҳбарони Осиёи Марказӣ толори СММ-ро "пур" карданд?


Маҷмаи умумии СММ. Акс аз дафтари матбуоти президенти Қазоқистон
Маҷмаи умумии СММ. Акс аз дафтари матбуоти президенти Қазоқистон

Оё мумкин аст, ки маҷлисгоҳи нимахолӣ дар як лаҳза пур аз одам шавад? Маълум мешавад, ки бале чунин ҳам мешудааст. Сирри ин кор дар танзими видео аст. Хабарнигорони Азаттик Азия навори баромади роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказиро дар 80-умин Маҷмааи умумии СММ муқоиса карданд ва натиҷаҳои ҷолибе ба даст омад.

Рӯзи 23-юми сентябр Қосимҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳури Қазоқистон аз минбари СММ дар бораи "нооромиҳо дар ҷаҳон" ва талошҳо барои навсозии Қазоқистон гап зад. Тоқаев ягона президент аз Осиёи Марказӣ буд, ки бо забони англисӣ баромад кард. Президенти Туркманистон бо русӣ ва се роҳбари дигари ОМ бо забони модариашон суханронӣ карданд.

Муаллиф: Азаттик Азия

Баромади 24 дақиқаии Тоқаевро дафтари матбуоти ӯ ҳамроҳ бо чанд акс нашр кард. Дар ин аксҳо ҳозирон барои роҳбари Қазоқистон каф мекӯбанд.

Дафтари матбуоти президенти Қазоқистон ҳамчунин навори суханронии Қосимҷомарт Тоқаевро нашр кард, ки дар он толори СММ пур аз намояндагони кишварҳо аст. Ҳатто як курсии холӣ ҳам дида намешавад. Дар миёни ҳозирон Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина ва президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ ҳастанд.

Вале дар воқеият вақте президенти Қазоқистон баромад кард толори Созмони Милал нимахолӣ буд. Хабарнигорони Азаттик Азия навори дафтари матбуоти президенти Қазоқистон ва бахши хабарии СММ-ро муқоиса карданд. Хабарнигорон ҳамчунин видеои телевизиони ғайритиҷоратии Public Broadcasting Service-ро тамошо карданд, ки ҷаласаи Маҷмааи умумии СММ-ро мустақим пахш мекард.

Рӯзи 23-юми сентябр толори Маҷмаи умумии Созмони Милал дар оғози ҷаласа пур буд. Баъди баромади Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, Антонио Гутерриш, дабири кулли СММ, Анналена Бербок, роҳбари ҷаласа ва Лула да Силви, президенти Бразилия сухан карданд. Дар вақти танаффус дида мешавад, ки бархе аз ҳозирон толорро тарк карданд ва сарфи назар аз даъвати роҳбари ҷаласа барнагаштанд.

Қосимҷомарт Тоқаев яке аз охирон нафароне буд, ки дар нимаи аввали рӯзи 23-юми сентябр баромад кард. Вақте Тоқаев баромад мекард аз се курсӣ фақат як курсӣ банд буд.

Вале дар навори дафтари матбуоти президенти Қазоқистон дигар чиз нишон дода шудааст. Азаттиқ Азия тасдиқ кард, ки лаҳзаи бодиққат гӯш додани Зеленский на лаҳзаи баромади Тоқаев, балки вақти суханронии Антонио Гуттериш аст.

Серик Бейсембаев, ҷомеашоси қазоқ мегӯяд, "шеваи зиёд нишон додани шумораи одамоне, ки суханронии ӯро дар СММ гӯш мекунанд барои шаҳрвандони дохили кишвар пешбинӣ шудааст. Онҳо мегӯянд: "нигоҳ кунед, ки чӣ қадар одамон ба президенти мо эҳтиром мегузоранд, чӣ қадар бодиққат ӯро гӯш мекунанд".

Аз ин усул танҳо дафтари матбуоти презиенти Қазоқистон истифода накардааст. Дар навори танзимкардаи хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон ҳам нишон дода шудааст, ки гӯё вақти баромади Эмомалӣ Раҳмон толори СММ пур буд.

Эмомалӣ Раҳмон дар нимаи дуюми рӯзи 23-юми сентябр суханронӣ кард ва дар ин вақт дар толор одамон боз ҳам камтар буданд. Дар сабти дафтари матбуоти СММ дида мешавад, ки вақти суханронии роҳбари Тоҷикистон толор аз нисф ҳам холӣ аст.

Саҳифаи президенти Узбекистон дар Ютуб навори сафари Шавкат Мирзиёев ба ИМА, вохӯрӣ бо Доналд Трамп, Антонио Гуттериш, сиёсатмадорон, тоҷирон ва суханронӣ дар Маҷмааи умумии СММ-ро якҷоя пахш кардааст. Дар ин навор ҳам дида мешавад, ки гӯё вақти баромади Мирзиёев толори СММ ҷойи холӣ надорад. Дар воқеият президенти Узбекистон баъди 25 дақиқаи суханронии ҳамтои қазоқаш ба минбар баромад ва дар толор одамон боз ҳам камтар буданд.

Дар саҳифаи ютубии президенти Қирғизистон навори суханронии ӯ дар Маҷмаи умумии СММ нест. Сабти суханронии Содир Ҷабборовро Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон нашр кардааст, ки дар он толор нимахолӣ ба назар мерасад.

Президенти Туркманистон дар Ютуб саҳифа надорад. Гузориш аз суханронии Сардор Бердимуҳаммадовро шабакаи давлатии "Алтин Асир" пахш кардааст. Дар навори танзимшуда дида мешавад, ки лаҳзаи суханронии Бердимуҳаммадови хурдӣ гоҳо толор пур аз одамон аст, гоҳо нимахолӣ ба назар мерасад.

Дар навори дафтари матбуоти президенти Қазоқистон, ки ҳамроҳ бо суханронии Тоқаев пахш шуд, толор аз аввал то охир пур аст.

Намояндагони дафтари матбуоти президенти Қазоқистон ба дархости Азаттик Азия барои шарҳи мавзуъ посух надоданд.

"Баланд бардоштани обрӯи президент дар дохили кишвар яке аз ҳадафҳои асосии таблиғоти имрӯза аст: "Бубинед, ки чӣ гуна роҳбарони дигар кишварҳо президенти моро дар сатҳи баланд истиқбол мекунанд." Вақте ки дар дохили кишвар сабабе барои хурсандӣ нест - дар иқтисодиёт ва сиёсат чизе барои фахр кардан вуҷуд надорад - пас сиёсати хориҷӣ мавриди ситоиш қарор мегирад", - мегӯяд ҷомеашинос Серик Бейсембаев.

XS
SM
MD
LG