Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чӣ тавр Медведев аз ҷанги Русия дар Украина манбаи даромад сохт?


Дмитрий Медведев
Дмитрий Медведев

Дар се соли ҷанги Русия бо Украина Дмитрий Медведев, ки замоне як либерал ва шахси хоксор номида мешуд, ба қариб тундравтарин садои Кремл табдил шуд.

Ин на танҳо маъруфияти ӯ, балки дороиҳояшро афзуд. То поёни соли 2024-ум дар сурат-ҳисобҳои фондҳои вобаста ба президенти пешини Русия 800 миллион доллари хайрия ҷамъоварӣ шудааст. Ҳамзамон ин бунёдҳо соҳиби моликияти бештар мешаванд, ба ширкатҳои навпайдои шубҳанок сармоягузорӣ мекунанд ва дар соҳили Баҳри Сиёҳ сохтмонҳои бузурги навбатиро оғоз мениҳанд.

На бечора, балки густох

Вақте ҷанги зидди Украина шурӯъ шуд, маҳбубияти Медведев дар поинтарин сатҳ қарор дошт. Баъди табдили курсии президентӣ бо Владимир Путин ба ӯ лақаби “як одами бадбахт”-ро дода буданд. Вале ӯ тавонист дар Телеграм як канали нави худро боз карда, онро ба минбари танқиди Ғарб табдил диҳад. То поёни соли 2022 маҳбубияти ин сафҳаи ӯ аз Рамазон Қодиров ҳам пеш гузашт. Дар интернет тарафдоронаш ҳамакнун ӯро бо лақаби як одами “ҷасур” ва “оҳанӣ” ёд мекунанд.

Баъди ин дар Кремл ҳам ба ӯ баъзе мақомҳои нав эҷод карданд – ӯ муовини аввали комиссиюни ҳарбию саноатии назди президент ва масъули музокираҳо бо Чин таъин шуд. Баробар бо ин ба фонду хазинаҳои вобаста ба ӯ ҳаҷми азими хайрияҳо ҳам сарозер шудааст.

Фондҳо исми шахсу созмонҳои хайркардаро фош намекунанд ва айни замон, гузаронидани пули хайрия ҳам кори осоне нест. Дар манбаъҳои боз маълумот дар бораи суроғаҳои ин фондҳо вуҷуд надорад. Марҳум Алексей Навалний, сиёсатмадоре, ки зиддифасод дар Русия мубориза мебурд, соли 2017 дар як таҳқиқ гуфта буд, ки созмонҳои Медведевро сарватмандони наздик ба ӯ ва ширкати "Газпром" маблағузорӣ мекунанд. Он замон Медведев ин ҳарфро “беҳуда” ва ”коғазчаҳо” номид, вале шарҳи аз ин зиёд надод. Ин навбат ҳам муроҷиатҳои таҳқиқгарони тарҳи “Система”-ро ӯ беҷавоб гузошт.

Ёрӣ ба ҷанг ва дигар мақсадҳо

Соли 2023, як сол баъди ба кор андохта шудани Телеграм-канали Медведев, дар Русия фонде бо номи “Ҳақиқати мо” сабтином шуд. Ҳадафи он ёрӣ ба артиши Русия ва сокинони минтақаҳое навишта шуд, ки дар он ҷо амалиёти вижаи ҷангӣ (истилоҳи мақомоти Русия барои ҷанги зидди Украина) ҷараён дорад. Дар ин бунёд худи ӯву писараш Иля Медведев ҳам иштирок мекунанд.

Ба ҷуз ёрӣ ба ҳарбиёни рус, “Ҳақиқати мо” тарҳҳои дигаре ҳам дорад. Бар асоси яке аз онҳо моҳи марти соли 2025 ба мақомоти Краснодар барои пок кардани соҳилҳои шаҳри Анапа аз мазут дастгоҳ тақдим шудааст. Шарики “Ҳақиқати мо” ин навбат корхонаи истеҳсоли шароби “Соҳили кӯҳӣ” мебошад. Ин ширкати шароббарорӣ дар соҳилҳои Баҳри Сиёҳ ҷойгир буда, Медведев онро назорат мекунад ва писараш узви шӯрои мудирони ин корхона мебошад.

Дар Анапа ширкати дигаре ҳам ҳаст, ки дар доираи манфитаҳои Медведев мебошад – ин ширкати “Финконсалтинг” мебошад. Ин ширкат тавассути ширкати “Макна” молики осоишгоҳи гаронарзиши “Шингари” гардид, ки маҷмаи истироҳатие бо майдони теннису муассисаҳои табобатӣ ва фароғатӣ дошт. Вале соли 2023 ин осоишгоҳро аз байн бурда 2,6 гектар замини онро “Финконсалтинг” аз худ намуд. 4,5 гектари дигарро “Макна” ба иҷора гирифтааст.

Феълан маълум нест, ки дар ҷои осоишгоҳи “Шингари” чӣ сохта мешавад. Масъулони ин осоишгоҳ аз сӯҳбат бо муаллифони ин таҳқиқот худдорӣ карданд. Эҳтимолан ин ҷо як осоишгоҳи навбатии гаронарзиши дигаре сохта хоҳад шуд.

“Хуш ба ҳолаш”

Дар бораи майли Медведев ба сарвату зиндагии боҳашамат ҳанӯз Алексей Навалний нақл карда буд. Дар таҳқиқоти соли 2017 тими Навалний чандин хонаи боҳашамати ӯро дар шаҳри Плеси вилояти Курск, Сочи ва маҳаллаи Рублевкаи шаҳри Маскав, инчунин, киштиҳо ва ҳамин корхонаи шароббарории “Соҳили кӯҳӣ”-ро ошкор карда буд. Георгий Албуров, яке аз таҳқиқгарон ҳисоб кардааст, ки барои таъмину нигаҳдории ин ҳама дороиҳо соле на камтар аз 3,5 миллиард рубл лозим мешавад (беш аз 44 миллион доллар).

Тақрибан ҳамаи ин дороиҳо ба номи фондҳои наздик ба Медведев навишта шудаанд. Вақтҳои охир зоҳиран хароҷоти ин фондҳо ҳам афзудааст. Баъди нашри таҳқиқоти Навалний, дар соҳили баҳри Балтика дар ҳудуди Калининград як моликияти дигаре дар паҳнои 16 гектар замини марбут ба фонди “Дар” ошкор шуд. Баъди ин соҳибмулки ин заминро ба номи фонди “Невский” гузарониданд, ки он ҳам ба Медведев рабт дорад.

Муҳаққиқон маълум карданд, ки дар давраи ҷанг ҳам сарвати фонди “Невский” афзун шудааст. Августи соли 2023 як бинои дуошёнае дар деҳаи Комарово дар наздикиҳои Санкт-Петербург ба моликияти “Невский” гузашт. Маҳз дар ҳамин деҳа замони президентиаш Медведев хост осоишгоҳи наве барои худ бисозад. Маълум шуд, ки харҷи сохтмонро “Газпром” пардохт кардааст.

Соли 2024 “Невский” дар шаҳри Павловски наздикиҳои Санкт-Петербург боз ҳам соҳиби иншооте шуд. Дар ин шаҳр дар давраи бачагиҳои Медведев модараш ҳамчун роҳбалад кор кардааст. Баъди соли 2011 ин ҷо иншооти дуошёнае сохта шуд ва соли сеюми ҷанг онро ба номи фонди “Невский” гузарониданд. Дар ин муассиса дархостҳои муҳаққиқонро барои посух додан ба саволҳо беҷавоб гузоштанд. Маълум гардид, ки дар давраи ҷанг фондҳои вобаста ба Медведев на танҳо соҳиби дача ё осоишгоҳҳои нав шудаанд. Ноябри соли 2024 токзореро дар ҳудуди 5 гектар замин дар вилояти Краснодар харид ва раҳбарии онро ба раиси истеҳсолоти ширкати шароббарории “Соҳили кӯҳӣ” Ирина Яковенко супурд.

Киштиҳо ҳам зиёд шуда, Медведев соҳиби як фонди сармоягузории инфиродӣ ҳам гардид.

Сармояҳои оилавӣ

Мудирияти империяи фондҳояшротМедведеви 60-сола ба ҳамкурсу хешовандонаш бовар кардааст. Дар тими ӯ одамони нав пайдо шуданд ва яке аз онҳо Дмитрий Григорйеви 42-сола мебошад.

Григорйев вазифаҳои мухталиф – аз мушовирӣ то раиси шӯрои нозирон дар чандин фонди Медведевро иҷро мекунад. Падари Григорйев корманди КГБ буд ва бо атрофиёни Владимир Путин ошноӣ дорад. Илова ба ин аз соли 2014 раҳбарии кумитаи иртибот бо хориҷаи Санкт-Петербургро ба ӯҳда дорад. Карйераи Путин ҳам аз ҳамин кумита шурӯъ шудааст.

Григорйеви хурдӣ инчунин яке аз моликони ширкати “Арктик Инвест” аст. Декабри соли 2022 таъсис шуда, худро бунёди хусусии мудирияти сарвати оилавӣ меномад. Маълум нест, кадом оиларо дар назар доранд. Вале ҳамин чиз маълум аст, ки муштариёнаш сарвати зиёде доранд. “Арктик Инвест” мудирияти беш аз 15 корхонаро ба уҳда дорад, ки сарваташ беш аз 30 миллиард рубл (380 миллион доллар) аст. Ягона қарздиҳандаи “Арктик Инвест” ширкати “Финконсалтинг” аст, ки ба Медведев рабт дорад ва қарзаш аз 500 миллиард доллар (4,9 миллион доллар) бештар мебошад. Григорйев баъди шунидани саволи хабарнигорон телефонро қатъ карду ба паёмакҳо ҳам посухе надод.

Фондҳои вобаста ба Медведев расман менависанд, ки хатари эҳтимолӣ ба кори онҳо ин ҷанги Украина буда метавонад. Вале то поёни соли 2024 ҷанг ҳеҷ таъсири манфие ба кори онҳо нарасонидааст.

Ояндаи худи Медведев ҳам зоҳиран хуб ба назар мерасад. Тирамоҳи порсол ширкати мухобиротии “Ростелеком” зери назорати ӯ гузашт, Путин ӯро намоишкорона аз дигар мақомдорони Русия болотар нишон медиҳад, раҳбари ширкати матбуотии “Россия сегодня” Маргарита Симонян ба ӯ ҳамеша рӯи хуш додааст. Ба назар мерасад, ки пулу дороиҳои Медведев феълан амну бехатаранд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG