Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оё Чин воқеан ҳам аз бӯҳрони коронавирус берун омадааст?


Озмоишгоҳе дар Чин

Баъд аз се моҳи муборизаи пуршиддат бо коронавирус, ҳафтаи гузашта мақомоти Чин гуфтанд, ки ягон ҳодисаи нави олудашавӣ ба ин вирусро сабт накарданд. Бисёриҳо роҳҳои муқобилаи мақомоти Чинро бо коронавирус ба "шеваи аждаҳо" ва ё "назорати иҷтимоии замони Мао" монанд карданд.

Ҳамон замон, ки мақомоти Чин хатари бемории КОВИД-19-ро эътироф карданд, бисёриҳо онҳоро барои пинҳон доштани хабари хуруҷи беморӣ дар шаҳри Вуҳан танқид намуданд. Аз моҳи январ ба ин сӯ мардуми Чин ба "карантин" ва садҳо миллион нафар зери назорати пизишкон қарор дода шуданд.

Мешавад гуфт, ин як рисолати "пурдабдаба, босуръат ва қотеъ" дар мубориза бо коронавирус буд, ки муштарак аз ҷониби Созмони Милал ва Чин амалӣ шуд.

Шаҳодати он вуҷуд дорад, ки танҳо аз ҳамин роҳи бисёр қотеъ, ки татбиқи он танҳо дар як режими худкома имконпазир ҳаст, натиҷа ба даст омад. Ба ҳар сурат, то ҳол айнан чунин ба назар мерасад.

Иттилои расмӣ бори аввал рӯзи 18-уми март нишон дод, ки дигар дар дохили ин кишвар ҳодисаҳои олудашавии нав ба қайд гирифта нашудааст. Рӯзи дигараш марги инсонҳо бар асари коронавирус дар Итолиё рекордӣ шуда, аз Чин пеш гузашт.

Раҳбари Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ Тедрос Адҳаном Ғебреесус рӯзи 20-уми март дар изҳороте гуфт: "Намунаи Вуҳан ба дигар гӯшаҳои ҷаҳон умедворӣ медиҳад, ки ҳатто бадтарин вазъ ҳам метавонад тағйир ёбад".

Вале бо вуҷуди чунин натиҷаҳои умедворкунанда дар кишваре бо 1,4 миллиард аҳолӣ, коршиносон ҳушдор медиҳанд, ки эҳтимоли ҳадди ақал дар соли оянда ҳам дубора баргашта омадани ин вирус вуҷуд дорад. Коронавирус то ҳол беш аз 400 ҳазор аҳолии сайёраро олуда карда, ҷони тақрибан 20 ҳазор нафарро рабудааст.

Тедрос ҳам инро рад намекунад ва мегӯяд, дар ин масъала ҳатман аз эҳтиёт кор бояд гирифт.

Дар ҳафтаи гузашта дар вилояти Ҳубейи Чин бархе маҳдудиятҳое ба монанди манъи сафар ба минтақаҳо ва посгоҳҳои назоратӣ бекор шуданд.

Ден Уинслоу, як сироятшинос аз муассисаи беҳдоштии Стенфорди Калифорния дар суҳбат бо Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфт, "ҳамаро вақту соат маълум мекунад". Ин мутахассиси тиб гуфт, "дар Чин, тавре ман фаҳмидам, ҳеч тадбирҳои пешгирикунандаи ҷамъиятӣ бекор нашудааст (мисли фосилагирии инсонҳо аз якдигар дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, таҷаммӯъҳои зиёд ва ғайра). Аз ин рӯ, тадбирҳои онҳо метавонад мисле, ки солҳои 1918-1919 бо мавҷи дуюми пандемияи гриппи испанӣ мушоҳида шуд, дуруст бошад".

Хабарҳои хуш метавонад интиқодҳои шадид аз тасмими мақомоти Чинро дар марҳилаи аввали пайдоишу паҳншавии коронавирус дар таърихи 1-уми декабри соли гузашта дуюмдараҷа кунад. Мақомоти Чинро барои он шадидан интиқод карданд, ки бо ҷомеа ва ҷаҳон иттилои муҳими марбут ба ҳифзи ҷони инсонҳоро саривақт дар миён нагузошт ва, баръакс, онҳоеро муҷозот кард, ки хабарҳои марбут ба вирусро паҳн мекарданд.

Дар давоми як моҳи авҷгирии вирус бархе мақомот ва чеҳраҳои саршиноси чинӣ ангушти иттиҳомро аз бурузи вирус ба сӯи Ғарбу Аврупо баланд карданд ва бархе мақомот бе далелу шаҳодате ишора карданд, ки шояд ин вирус дар озмоишгоҳҳои Амрико пайдо шудааст.

Инро коршиносон як “ҷанги таблиғотии коронавирус” меноманд.

Вазири корҳои хориҷии Амрико Майк Помпео рӯзи 17-уми март ба хабарнигорон гуфт, "бубинед, маъракаи пахши хабарҳои дурӯғин, ки (мақомоти чинӣ) барпо кардаанд, бо ҳадафи аз шона холӣ кардани масъулият аст".

То ба ҳол барои пешгирӣ аз олудашавӣ ба коронавирус ва гирифторӣ ба бемории ангезандаи он КОВИД-19 давое сохта нашудааст. Чин тавонист, ки аз роҳи бисёр шадиди карантин, маҳдукуниҳову роҳбандиҳо, назорат аз ҳаракати мардум ва бо кумаки дастгоҳҳои назоратӣ пеши роҳи паҳн шудани ин вирусро бигирад.

Раҳбари Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ҳам мардуми Чинро бо татбиқи чораҳои бисёр қавии зиддивирусии иҷтимоӣ табрик кард. Ба ҳисобҳои тахминии нашрияи амрикоии The New York Times, 760 миллион сокини Чин бо ин ё он шакл мавриди инзивои тиббӣ ё карантин қарор гирифтанд.

Вале айни замон, яке аз интиқодҳое, ки дар ин замина садо дод, ин буд, ки ҷорӣ кардани айни чунин низоми дахолат ва контроли мардум дар ҷомеаҳое, ки он ҷо озодиҳои инфиродӣ ва касбӣ вуҷуд доранд, душвор мешавад.

Дар як сафаре ба Милани Итолиё бо ҳадафи табодули иттилоъ мақоми чинии Салиби Сурх Сун Шуопенг рӯзи 19-уми март гуфт, "ин ҷо, дар Милан, ки аз КОВИД-19 шадидан осеб дидааст, маҳдудият чандон сахт нест".

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ, лутфан, аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти бардурӯғанд ва ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (6)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG