Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саҳмияҳои "Тоҷиказот"-ро бо Чин тақсим мекунанд


Соҳибкорони Чин ба "Тоҷиказот" - яке аз бузургтарин корхонаҳои саноатии ҷануби Тоҷикистон таваҷҷӯҳ зоҳир кардаанд.

Соҳибкорони Чин мехоҳанд “Тоҷиказот”-ро дубора ба кор дароранд. Шурӯъ аз оғози моҳи август миёни Тоҷикистону Чин барои дубора ба кор андохтани корхонаи “Тоҷиказот”, се маротиба гуфтушунид анҷом шуда, аммо ҷонибҳо ҳанӯз ба хулосае нарасидаанд, ки чанд дарсади саҳмияҳо аз Тоҷикистон мешавад ва чанд дарсади дигар аз Чин. Вале гуфта мешавад, дар сурати ба кор шурӯъ кардани ин корхонаи бузурги саноатӣ, бештар аз ҳазор нафар бо кор таъмин мегардад.

Тоҳирхон Ғозиев, раҳбари корхонаи “Тоҷиказот”, рӯзи 12-уми август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Чин ҷиддан талош дорад, ки ин корхонаро дубора ба кор дарорад.

Корхонаи “Тоҷиказот” яке аз корхонаҳои бузурги истеҳсоли нуриҳои минералии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, аз сабаби қатъ гардидани интиқоли гази табии Узбакистон чанд сол ба ин сӯ фаъолият намекунад. Бино бар ин, Чин тасмим гирифтааст, ки корхонаро бо ангишт ба кор дарорад. Ба қавли раҳбари корхона Тоҳирхон Ғозиев, соҳибкорони чинӣ тасмим доранд аз ангишт газ истеҳсол карда, кор кунанд. Технология барои синтези газро низ, ба гуфтаи раиси “Тоҷиказот”, соҳибкорони чинӣ аз Чин ворид мекунанд.

Тоҳирхон Ғозиев
Тоҳирхон Ғозиев

Тоҷикистон гази табииро асосан аз Узбакистон ворид мекард. Аммо Узбакистон аз соли 2012 ба ин сӯ содироти газро ба Тоҷикистон қатъ кардааст ва бо ин далел корхонаҳои бузурге, чун “Тоҷиказот” аз фаъолият бозмонданд. Бархе корхонаҳои дигар талош доранд, тавлидоти худро ба ангишт гузаронанд.

Вале “Тоҷиказот” бо далели набудани гази табиӣ ҳудуди шаш соли охир фаъолият накардааст ва ҳудуди 1 500 коргараш ба ин далел бекор мондаанд. Иқтисоддонҳои тоҷик мегӯянд, агар дубора ин корхона ба кори худ шурӯъ кунад, ба сӯди иқтисоди Тоҷикистон аст.

Фирӯз Саидов, таҳлилгари масоили иқтисодии тоҷик мегӯяд, дубора ба кор даровардани “Тоҷиказот” чанд мушкилро дар Тоҷикистон ҳал хоҳад кард. Пеш аз ҳама арзиши нуриҳои минералӣ поин меравад, хоҷагии қишлоқ рушд мекунад, таъминӣ бехатарии озуқаворӣ низ ба миён меояд. Ин иқтисоддони тоҷик мегӯяд, дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон аз дигар кишварҳо нуриҳои минералиро ворид мекунад, ки арзишаш хеле гарон аст.

Фирӯз Саидов мегӯяд: “Аз ҷониби дигар Русия кори муҳоҷиронро хело душвор карда, шумораи зиёди онҳоро депорт ҳам намудааст. Онҳо ба Тоҷикистон баргаштаанд ва ҷой кор надоранд. Ин корхона метавонад онҳоро бо кори доимӣ таъмин кунад. Андози корхона низ ба буҷаи Тоҷикистон ворид мешавад. Барои ҳамин ҳатто агар саҳмияи Тоҷикистон дар ин корхона камтар аз Чин ҳам бошад, мо зарар намебинем.”

Дмитрий Фирташ
Дмитрий Фирташ

Қаблан 75 дарсади саҳмияҳои “Тоҷиказот” ба миллиардери Украинӣ, Дмитрий Фирташ, 20 дарсадаш ба ҳукумати Тоҷикистон ва 5 дарсадаш ба Хайрулло Саидов, писари соҳибкори зиндонӣ Зайд Саидов тааллуқ дошт. Аммо додгоҳи иқтисодии вилояти Хатлон, дар ҷануби Тоҷикистон рӯзи 23-юми июни соли 2014 корхонаи «Тоҷиказот»-ро дубора давлатӣ кард.

Музокираҳо ҷиҳати азсаргирии фаъолияти ин корхона бо кумаки Чин дар ҳолест ки молики қаблиаш Дмитрий Фирташ ҳанӯз ба ҳукми давлатӣ кардани ин корхона гардан надодааст ва вакилонаш гуфта буданд, ки аз ҳукми додгоҳҳои Тоҷикистон дар мавриди давлатӣ кардани ду корхонаи марбут ба ин сармоядори украинӣ - "Тоҷиказот" ва фабрикаи "Гулистон" дар шаҳри Душанбе ба додгоҳҳои байналмилалӣ шикоят хоҳанд бурд.

XS
SM
MD
LG