Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номи 150 ҳазор муҳоҷири тоҷик дар "рӯйхати сиёҳ"-и Русия


Акс аз як навори Вазорати корҳои дохилии Русия
Акс аз як навори Вазорати корҳои дохилии Русия

Мақомоти Тоҷикистон омори муҳоҷиронеро эълон карданд, ки номашон ба рӯйхати шахсони зери назорати Русия шомил шудааст.

Ба иттилои намояндагии Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия, номи 150 ҳазор тоҷикистонӣ ба рӯйхати шахсони таҳти назорати Русия ворид шудааст. Ин рӯйхат аз 5-уми феврали имсол амалӣ шуд ва номи он шаҳрвандони хориҷие ба он шомил мешавад, ки дар Русия ягон қонуншиканӣ кардаанд.

Мақомоти Русия то моҳи сентябри имсол ба муҳоҷироне, ки номашон дар ин рӯйхат буд фурсат доданд, ки будубоши худро дар ин кишвар қонунӣ кунанд.

Намояндагии Вазорати меҳнат аз муҳоҷирони тоҷик хост номи худро дар ин рӯйхат санҷанд ва агар исмашон онҷо бошад, ихтиёран Русияро тарк кунанд то даромадашон ба ин кишвар манъ нашавад.

Мақомоти Тоҷикистон бори ахир моҳи октябри соли 2024 омори муҳоҷирони дар "рӯйхати сиёҳ"-и Русия бударо эълон карда буданд. Он вақт номи зиёда аз 120 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба ин рӯйхат афтида буд.

Намояндагии Вазорати меҳнат аз моҳи феврал то сентябри имсол борҳо аз муҳоҷирони тоҷик хоста буд, ҳузури худро дар Русия қонунӣ карда ба ин тартиб номашонро аз рӯйхати шахсони назоратшаванда берун кунанд. Дар гузашта бархе муҳоҷирони тоҷик шикоят карданд, ки номи онҳоро бидуни асос ба "рӯйхати сиёҳ" шомил ва вуруди онҳоро ба Русия манъ кардаанд.

Баъди соли 2024 ва ҳамла ба толори “Крокус”, ки чанд шаҳрванди Тоҷикистон ба даст доштан дар он муттаҳам мешавад, муҳоҷирони тоҷик шикоят карданд, ки онҳоро бидуни асос аз фурудгоҳҳои Русия бозпас мегардонанд.

XS
SM
MD
LG