Баъди ним соли ҳабс, мақомот чаҳор сокини маҳаллаи «Дарвоз»-и шаҳри Душанберо аз зиндони Ёвон озод намуданд. Ин чаҳор нафар аз ҷумлаи бист нафар язгуломиҳои сокини ҷамоати «Дарвоз» мебошанд, ки моҳи марти соли равон боздошт шуданд ва Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ онҳоро ба муҳлатҳои гуногун маҳкум ба зиндон кард.
Яке аз пайвандони озодшудаҳо рӯзи 15 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳоро поёни ҳафтаи гузашта раҳо карданд. "Озодшудаҳо Пайрав Мастов, Шердил Давлатов, Маъруф Шарифов ва Ниёзмамад Мурод ҳастанд ва пас анҷом расонидани муҳлати нимсолаи ҷазо раҳо шуданд", гуфт ҳамсуҳбати мо.
Ин нафарон барои хабар надодан дар бораи ҷиноят ба ҷавобгарӣ кашида шуда буданд.
Дар як порча навори видеоие, ки дастраси Радиои Озодӣ шуд, дида мешавад, ки наздиконашон онҳоро дар саҳни маҳбаси Ёвон пешвоз мегиранд.
Мақомоти амниятӣ рӯзи 9-уми марти соли равон зиёда аз бист сокини маҳаллаи "Дарвоз"-и пойтахтро дастгир карда, дертар танҳо як нафари онҳоро раҳо намудаанд. Хабари боздошти гуруҳӣ рӯзи 12-уми март расонаӣ шуда буд.
Дар мурофиаи рӯзи 17 июн Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт 5 нафарро ба ифротгароӣ, таъсиси созмони ифротгаро ва барангехтани адовати диниву мазҳабӣ гунаҳкор дониста, аз панҷ то ба панҷуним соли зиндон маҳкум кардааст.
Ба иттилое, ки дастраси Радиои Озодӣ шуд, дар ин мурофиа инчунин чор нафар барои пинҳон доштани ҷиноят ва ё огаҳ накардани мақомоти интизомӣ аз ҷиноят ба 8 моҳи ҳабс маҳкум шудаанд. Он вақт хешовандонашон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки гумонбарон ба ҷиноят иттиҳомотро рад карда, гуфтаанд, ки пайрави “Салафия” нестанд.
Дар умум дар парвандаи ҷиноии афроди маҳкумшуда дар рӯзи 17-уми июн номи 17 нафар зикр шудааст, ки ба қавли муфаттишони Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон “аз аъзои ҷараёни динӣ-экстремистии “Салафия” мебошанд ва пайваста миёни сокинони маҳалла фикру ақидаҳои ин ҷараёнро ташвиқу тарғиб менамуданд." Ҳукмҳои дигар нафарон то ҳол дастрас нашудааст ва ҳам маълум нест, худи маҳкумшудаҳо чӣ назар доранд.
Парвандаи сокинони маҳаллаи “Дарвоз” аввалин ҳолати боздошту муҳокимаи гуруҳии язгуломиҳо нест. Додгоҳи олии Тоҷикистон дар моҳи декабри соли 2024 ҳам 31 нафарро аз ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷ аз 2 то 23 сол ба ҳабс маҳкум карда буд. 27 нафари онҳо дар ноҳияи Ванҷ дастгир шуда, чор тани дигарро аз хориҷ овардаанд.
Абдураҳмон Аламшозода, муовини аввали вазири корҳои дохилии Тоҷикистон соли 2024 гуфт, ки ҳамаи онҳо ба узвият дар гурӯҳи “Ансоруллоҳ” муттаҳаманд. "Ансоруллоҳ" ё "Ҷамоати Ансорулло", ки тибқи қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон террористӣ ва фаъолияташ мамнуъст, дар ҳудуди Афғонистон фаъол аст ва гуфта мешавад аксар пайравонаш тоҷикон ҳастанд.
Дар гузориши солонаи созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) боздошту ҳабси 27 сокини ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷ дар соли 2024 чун намунаи поймолкунии ҳуқуқи инсон ёдовар шудааст.
Гуфтугӯ