Ҳукумати Қирғизистон тасмим гирифтааст, ки шаҳодатномаҳои кӯҳнаи ронандагиро иваз мекунад ва мактабҳои хусусии ронандагиро мебандад. Аз ин пас ҳар касе, ки хост, ронандагӣ ёд бигирад, дар марказҳои давлатӣ дарс мехонад ва додани ҳаққу шаҳодатномаи ронандагӣ ҳама дар дасти идораҳои давлатӣ хоҳад буд. Чаро?
"Ронандагони касбӣ тарбия мешаванд, ришвахорӣ нахоҳад буд"
Мақомоти Қирғизистон иваз кардани санадҳои кӯҳна ва ба ихтиёри давлат гузаштани мактабҳои ронандагиро чорае барои коҳиши садамаҳои маргбор ва беҳтар кардани фарҳанги ронандагӣ мешуморанд.
Канибек Туманбоев, раиси дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Қирғизистон, гуфт, "худатон шоҳиди садамаҳои 30 соли охир дар кишвар ҳастед. Барои он чунин мешуд, ки ронандагон шаҳодатномаро мехариданд. Акнун ҳукумат инро таҳти назорат мегирад. Дигар ронандагони касбӣ тарбия мешаванд, ришвахорӣ дар гирифтани санад нахоҳад буд. Ҳамаи мо бояд қонунро риоят кунем, чӣ шаҳрванди одӣ, чӣ фарзанди мақомдор. Ҳуқуқи ҳама баробар мешавад."
Бар асоси қарори нав, санадҳои ронандагиеро дар Қирғизистон иваз мекунанд, ки пеш аз соли 2015 дода шудаанд. То он сол шаҳодатномаҳои ронандагӣ дар Қирғизистон муҳлати эътибор надоштанд ва ҳанӯз ба кор мераванд. Аз соли оянда инҳоро бояд иваз кунанд ва шаҳодатномаҳое бидиҳанд, ки ба гуфтаи мақомот "мутобиқ ба меъёрҳои байнулмилалӣ сохта шудаанд".
"Иваз кардани санадҳо маънӣ надорад"
Ронандагон дар Бишкек дар бораи қарори нав назарҳои гуногун доранд. Яке аз онҳо гуфт: "Мо, ки дар ин солҳо ронандагиро фаромӯш накардем. Ба назари ман, иваз кардани санадҳо маънӣ надорад."
"Ҳама бояд қоидаҳоро донад. Вақте ман ҷавон будам, моро барои такрори қоидаҳои ронандагӣ даъват мекарданд. Чаро ҳоло намекунанд? Ба назари ман, ин кори дуруст аст," – афзуд дигаре.
Аз соли оянда на танҳо санадҳоро иваз мекунанд, балки мактабҳои хусусии ронандагиро ҳам мебанданд. Баъд аз ин дар Қирғизистон ронандагиро фақат дар марказҳои давлатӣ ёд медиҳанд. Дарсҳо ҳам на се моҳ, балки 14 моҳ мешавад, чун ба қавли мақомот ронанда бояд маҳорати рондани мошин дар чаҳор фасли сол ва дар барфу борону яхбандонро ҳам дошта бошад.
Баъзе аз фаъолони маданӣ, тарафдори қарори ҳукумат будаанд. Ба қавли яке аз онҳо, Урмат Қазоқбоев, ки солҳо масъалаи роҳҳову фалокат дар онҳоро омӯхтааст, дар Қирғизистон баъзеҳо санади ронандагиро дар зодрӯзашон ҳадя гирифтаанд.
Ӯ афзуд: “Ин навовариҳоро бояд дастгирӣ кард, чун ҳар саҳар вақте хабарҳоро мехонед, мебинед, ки камаш як нафар ё 3-4 нафар дар роҳҳо ҳалок шудаанд.”
Ҳоло қонуни мазкур имзо нашудааст ва мумкин аст, то як-ду моҳи дигар ба имзо бирасад. Дар сурати ҳукми иҷро гирифтан, дар Қирғизистон наврасони 16-сола ҳақ доранд, дар марказҳои давлатӣ дарси ронандагӣ омӯзанд. Дар мактабҳои миёна ҳам фанни ихтиёрии ронандагӣ хоҳад буд ва муҳассилони синфи болоӣ ҳам агар хоҳанд, рондани мошинро ба онҳо меомӯзанд.
Гузориши видеоӣ дар инҷост: