Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Фон-Яғноб": "Тадбир наандешем, ангишт тамом мешавад". ВИДЕО


Захираи ангишти корхонаи "Фон-Яғноб" дар қабати болоии замин қариб тамом шудааст ва маъмурияти кон ният дорад аз соли оянда истихроҷи ангиштро аз тариқи шахта, ба роҳ монад. Зеро ба қавли маъмурият, баъди се сол захираи ангишт дар қабати болоии замин ба анҷом мерасад.

Кони "Фон-Яғноб" дар умум дорои захираи қариб 1,5 миллин тонна ангишт мебошад. Корҳои истихроҷӣ дар ин кон аз соли 1936 шурӯъ шудааст.

Корхонаи "Фон-Яғноб" таъминкунандаи асосии корхонаи "Талко", Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ва корхонаҳои бузурги сементи кишвар бо ангишт мебошад. Маҳмадшоҳ Сангов, муовини сармуҳандиси корхонаи фаръии шахтаи “Фон-Яғноб” рӯзи 17-уми август дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, истихроҷи ангишт дар шароити кушода қариб зараровар шудааст ва бе истихроҷи зеризаминӣ, нархи ангишт дар кишвар боло хоҳад рафт.

Ба гуфтаи ҷаноби Сангов, коркарди захираҳои ангишт бо тарзи кушод дар минтақаи шарқии кон ба марзи зарар наздик мешавад. Масъулини корхона мегӯянд, ин тарҳ бо истихроҷи зеризаминии 250 ҳазор тонна дар як сол, дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон, бесобиқа аст.

"Фон-Яғноб": Тадбир наандешем ангишт тамом мешавад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:06 0:00

Ба гуфтаи ҷаноби Сангов, корхонаи шахтаи “Фон-Яғноб” ҳудуди 2-3 миллион тонна захираи дигаре дорад, ки ба тарзи боз онро истихроҷ намудан мумкин аст. Яъне, сарҳади фоиданоки корҳои қабаткушоӣ аллакай ба охир мерасад. Нархи як тонна ангишт ҳоло 200 сомонӣ аст. Масъулони ин кон мегӯянд, барои онки нархи ангишт дар ин сатҳ нигоҳ дошта шавад, онҳо маҷбуранд ё корҳои истихроҷиро анҷом диҳанд ва ё инки дигар намуд маблағгузорӣ пайдо кунанд.

"Таъсир ба Талко ва корхонаҳои сементи Тоҷикистон"

Кони "Фон-Яғноб" калонтарин кони ангишт дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ин кон таъминкунандаи асосии Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе, корхонаи "Талко", корхонаи бузурги семент аз қабили "Тоҷиксемент","Хуаксин Ғаюр семент" ва ғайра мебошад. Баланд шудани нархи ангишти кони мазкур ба гуфтаи мутахассисон, ба кори калонтарин корхонаҳои сементи Тоҷикистон, ширкати "Талко" ва Марказу барқу гармидиҳӣ таъсиргузор хоҳад буд.

"Талко" қаблан барои коркарди алюминий аз газ истифода мебурд ва аз соли 2012 баъди қатъ шудани интиқоли он аз Узбакистон, ба ангишт гузашт. Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе аз соли 2015 ба фаъолият оғоз кард ва аз рӯзҳои аввал сокинони пойтахтро асосан аз ҳисоби ангишт бо гармӣ таъмин мекунад. Ҳоло нархи як тонна ангишти хока то 200 ва ангишти навъи аслӣ ё ҷола 280 сомон нарх дорад. Ангишти навъи хокаи он ба Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ва ангишти навъи асосӣ бештар ба корхонаи "Талко" фиристонда мешавад.

Лоиҳаи истихроҷи зеризаминии ангишт, ки ҳадафи аслии он нигоҳ доштани қиммати ангишт гуфта мешавад, бо 8,5 миллион доллар амалӣ карда мешавад. Мақомоти корхонаи "Фон-Яғноб" мегӯянд, маблағ қисман аз ҳисоби фоидаи софи корхона ва сармояи дохиливу хориҷӣ бароварда мешавад. Мақомот мегӯянд, минтақаи интихобшуда барои истихроҷи зеризаминии ангишт дорои 3 миллион тонна захираи ангишт буда, давоми 14 сол бояд истихроҷ шавад. Дар назар аст, ки корҳои истихроҷи зеризаминии ангишт дар кони “Фон-Яғноб” аз соли оянда шурӯъ шавад.

Истихроҷи зеризаминии ангишт дар калонтарин кони ангишти Тоҷикистон дар ҳоле ба роҳ монда мешавад, ин намуд истихроҷ аз саноатҳои хатарзо дар ҷаҳон гуфта мешавад. Ҳамасола садҳо нафар ангиштканон бар асари фурӯ рафтани конҳо дар дунё ҷони худро аз даст медиҳанд. Масъулини кони "Фон-Яғноб" мегӯянд, баъди истихроҷи зеризаминии ангишт таваҷҷуҳи аслӣ ба бехатарии шахта нигаронда мешавад ва ҳудуди 23-24 дарсади захираҳо низ ба хотири бехатарӣ талаф дода мешаванд.

Кони "Фон-Яғноб" дар умум дорои захираи қариб 1,5 миллин тонна ангишт мебошад. Корҳои истихроҷи дар ин кон аз соли 1936 шурӯъ шудааст. Дар ин кон солона бештар аз 600 ҳазор тонна ангишти навъи кокс истихроҷ мешавад.

Дар шароити Тоҷикистон, ки сокинонаш дар фасли зимистон аз барқи доимӣ маҳруманд, ангишт яке аз василаҳои асосии гарм кардани манзили сокинон дар сардиҳо ба ҳисоб меравад. Бо фаро расидани хунукӣ нархи ангишт дар бозорҳои Тоҷикистон боло меравад.Соли гузашта нархи як кило ангишти Қирғизистон 1 сомониву 40 дирам ва ангишти ноҳияи Айнӣ - 60 дирам буд.

Ҳарчанд масъулини конҳои Тоҷикистон мегӯянд, барои истихроҷи як килограм ангишт то 20 дирам масраф мешавад ва баланд бурдани нарх, кори ҳаннотон аст. Соли гузашта дар Тоҷикистон 1 миллиону 200 ҳазор тонна ангишт истихроҷ шуд ва беш аз чиҳил дарсади онро Маркази барқу гармдиҳии "Душанбе-2" истифода кард.

XS
SM
MD
LG