Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Сарбозон"-и Маҳмуд Худойбердиев мехоҳанд, шиносномаи Узбекистонро гиранд


Маҳмуд Худойбердиев. Акс аз бойгонӣ
Маҳмуд Худойбердиев. Акс аз бойгонӣ

Шӯҳрат Бобоҷонов, бахши узбекии Радиои Озодӣ

Ду марди 50-сола ҳафтаи гузашта ба созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон дар шаҳри Тошканд муроҷиат карда ва гуфтаанд, ки "узви гурӯҳи сарҳанг (полковник)-и шӯришӣ Маҳмуд Худойбердиев ҳастанд" ва хоҳони ҳал шудани мақоми ҳуқуқии худ дар Узбекистон мебошанд.

Ду ҳафта пеш панҷ "сарбоз"-и дигари Худойбердиев ба идораҳои Тошканд бо дархости мусоидат дар таҳияи санадҳо муроҷиат кардаанд. Яке аз онҳо тавонист, ки бо ёрии ҳуқуқшиносон соҳиби санади "ҳаққи иқомат ва кор" дар Узбекистон шавад. Ҳуҷҷатҳои чаҳор нафари дигар дар ҳоли баррасӣ аст.

Сарбозони сарҳанги шӯришӣ

Хабарнигори Радиои Озодлик – Бахши узбекии Радиои Озодӣ ҳафтаи гузашта бо ду узви гурӯҳи сарҳанги шӯришии тоҷикистонӣ Маҳмуд Худойбердиев мулоқот кард.

Ҳарду мард, ки бо далелҳои амниятӣ намехоҳанд номашон нашр шавад, гуфтанд, аз тахминан 50 хонаводаи "сарбозон" намояндагӣ мекунанд, ки аз 100 нафар иборат аст (Сарбозон дар қаламрави Узбекистон бо оилаҳояшон қарор доранд – "Озодлик"). Ин афрод гуфтанд, санадашон мушкил дорад.

Ба қавли ин нафарон, "сарбозон"-и Худойбердиев узви ҳайатҳои шахсии воҳидҳои низомии воқеъ дар Ангрен ва Ҷиззах мебошанд. То соли 2005 ҳам "сарбозон"-и Худойбердиев дар ҳайати шахсии ноҳияи Қувасои вилояти Фарғона буданд.

Полковник Маҳмуд Худойбердиеви 55-сола аз фармондеҳони собиқи Фронти Халқӣ буд, ки баъд аз пирӯзии ин гурӯҳ дар ҷанги соли 1992 фармондеҳии як бригадаи махсуси артиши Тоҷикистон дар водии Вахшро бар ӯҳда дошт. Аммо ӯву ҷонибдоронаш бори аввал соли 1996 ва бори дувум соли 1997 муқобили ҳукумати Тоҷикистон шӯриш бардошта, тамоми водии Вахш то ағбаи Фахробод ва дар исёни дувум ҳатто қисматҳое аз водии Ҳисор бо шумули корхонаи алюминийи Турсунзодаро зери назорати худ оварданд. Баъди шикасти исёни дувум дар тобистони соли 1997 ӯ ва ҷангиёнаш ба Узбекистон фирор карданд.

Номи Маҳмуд Худойбердиев дар қатори одамоне, ки ҷустуҷӯ мешаванд. Акс аз бойгонӣ
Номи Маҳмуд Худойбердиев дар қатори одамоне, ки ҷустуҷӯ мешаванд. Акс аз бойгонӣ

Худойбердиев дар моҳи ноябри соли 1998 ба шимоли Тоҷикистон ҳуҷум кард, аммо боз шикаст хӯрда, маҷбур шуд боз ҳам ба Узбекистон фирор кунад. Бовар меравад, ҳамроҳи ӯ ҷангҷӯёнаш ҳам дар Узбекистон паноҳ бурдаанд, вале Тошканд ҳеч гоҳ инро эътироф ё инкор накардааст.

Вале мусоҳибони Радиои Озодлик гуфтанд, Маҳмуд Худойбердиев ҳоло дар Ҷиззах аст ва дар як қисми вижаи низомии ин ноҳия хидмат мекунад. Дар Тоҷикистон бори охир мақомот дар бораи Худойбердиев ба журналистон соли 2018 маълумот дода буданд.

Дар як нишасти матбуотиаш Искандар Солеҳзода, сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон гуфта буд, "Маҳмуд Худойбердиев... аз Ҷумҳурии Узбекистон берун шудааст, лекин ҳозир маълумоти аниқу дақиқ надорем. Аз рӯи баъзе маълумот, дар Туркия аст, аз рӯи маълумоти дигар дар дигар давлатҳо аст. Бисёр вақт дар муолиҷа аст".

Изҳороти Солеҳзода чанд моҳ баъди имзои созишномаҳои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон садо дод ва ӯ дар идома изҳори боварӣ кард, "он таҳдидҳое, ки мо доштем, бо ҳамин кӯшишу талошҳои ду марди бузург - Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон – ҳамин таҳдидҳо аз байн рафт”.

Бо ин вуҷуд, талоши Тоҷикистон барои пайдо ва ба ҷавобгарӣ кашидани ӯ хотима наёфтааст, ҳарчанд ҳеҷ додгоҳе дар Тоҷикистон дар робита бо худи Худойбердиев ҳеҷ муҳокима барпо накардву қароре ҳам қабул накардааст. Вале баъди солҳои 2000-ум даҳҳо нафари дигар бо ҷурми узвият дар гурӯҳи Худойбердиев муҳокима ва зиндонӣ шуданд.

Дар хидмати Вазорати дифоъ ва Хадамоти амният

Ду марди узбектабори узви гурӯҳи Худойбердиев мегӯянд, соли 1998 аз қаламрави ноҳияҳои Узун ва Сариосиёи вилояти Сурхондарёи ҳаммарз бо Тоҷикистон ба Узбекистон гузашта, аз ҳамон замон дар ин кишвар ба сар мебаранд. Бо гузашти 22 сол аз он ҳодисаҳо дар талоши қонунӣ кардани будубош мебошанд. Ба гуфтаи онҳо, дар маҷмӯъ дар сафи низомиёни зери назари Худойбердиев 180 хонавода ба Узбекистон гузаштааст ва шумори умумии онҳо 250 нафар аст.

Як бахши онҳо то соли 1998 ҷанговарони гурӯҳи вокуниши сареи Вазорати дифои Тоҷикистон буд. Дар сӯҳбат бо хабарнигори Радиои Озодлик мусоҳибон гуфтанд, ки "сад сарбози Худойбердиев" дар сафи Вазорати дифоъ ва нирӯҳои марзбонии Хадамоти амнияти давлатии Узбекистон хидмат мекунанд ва шаҳрванди Узбекистон ҳастанд. Вале беш аз 100 нафари боқимонда дар ҳолати номуайяни ҳуқуқӣ мебошанд ва на шиноснома доранд ва на ҳаққи иқомат дар Узбекистон.

Мақомоти Тоҷикистон соли 2018 гуфтанд, ки бахше аз "сарбозони Худойбердиев" дар Русия зиндагӣ мекунанд.

Маҳмуд Худойбердиев
Маҳмуд Худойбердиев

"Сарбозони Худойбердиев" дар сӯҳбат бо Радиои Озодлик мегӯянд, дар тӯли ин солҳо фарзандонашон бузург шуданд ва ба онҳо санад лозим аст, ки битавонанд дар Узбекистон зиндагии қонунии худро пеш баранд. Падарони ин фарзандон мегӯянд, худи онҳо натавонистанд ҳатто мактаби миёнаро хатм карда, соҳиби маълумоти миёна шаванд ва аз ваъдаҳои холии кураторҳои худ дар Хадамоти амнияти давлатӣ хаста шудаанд.

Чанде пеш хабарнигори "Озодлик" бо чандин узви ба истилоҳ "баталйони Худойберидев" ҳамсӯҳбат шуд. Яке аз онҳо шиносномаи тақаллубии шаҳрванди Узбекистонро нишон дод ва гуфт, бо ин санад ӯ хоки Узбекистонро тарк карда наметавонад. Як нафари дигар ба журналисти "Озодлик" шаҳодатномаи корманди Хадамоти амнияти миллӣ (баъдан ба Хадамоти амнияти давлатӣ табдили ном кард) нишон дод.

Замоне полковники ошӯбгар яке аз фармондеҳони низомии вафодор ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон буд. Бархе таҳлилгарон мегӯянд, солҳои ҷанги шаҳрвандӣ нуфузи Худойбердиев назар ба Раҳмон болотар буд ва ӯро бархе "полковники наҷотбахш" ҳам меномиданд. Баъд аз хатми ҷанги шаҳрвандӣ ӯ раҳбарии яке аз қисми бузурги низомиро ба ӯҳда дошт.

Дар сӯҳбат бо Радиои Озодлик журналисти тоҷик Мирзои Салимпур, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар "Чароғи рӯз" кор кардаву дар бораи ҷанги шаҳрвандӣ зиёд навиштааст, гуфт, "дастони Маҳмуд Худойбердиев ва дигар пешвоҳои даврони ҷанги дохилӣ дар хун оғушта аст". "Бар пояи санадҳое, ки дар дасти ман ҳаст, метавонам тасдиқ кунам, ки ӯву низомиёни дигар, ки дар ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон иштирок карданд, дар марги одамони бегуноҳ даст доранд", -- афзуд Мирзои Салимпур.

Дигар журналисти шинохта ва сиёсатмадори тоҷик Додоҷони Атовулло дар ин замина назари дигар дорад. Ӯ дар сӯҳбат бо Озодлик гуфт: “Дар ҷанги шаҳрвандӣ ҳеч нафаре қаҳрамон буда наметавонад, чунки мардум дар ин давра ҳадди ақал дар ду сангар қарор мегиранд. Барои ҳамин ҳам, барои як гурӯҳ Худойбердиев қаҳрамоне ба мисли Че Гевара, вале барои дигарҳо ӯ душмани халқ аст. Барои шахсан ман Маҳмуд Худойбердиев, мисли дигар низомиёни ҳақиқӣ, як қурбонии дасисаҳои сиёсатмадорон ва ҳам даврони худ, яъне даврони табаддулот ва инқилобҳо аст. Агар ҷанг намешуд, вай сарлашкари олиҷаноб мешуд".

Ин акси Маҳмуд Худойбердиев солҳои охир дар расонаҳо пайдо шудааст
Ин акси Маҳмуд Худойбердиев солҳои охир дар расонаҳо пайдо шудааст

Мақомоти тоҷик дар гузашта гуфтаанд, ки Маҳмуд Худойбердиев мавриди ҳимояти ҳукумати Узбекистон буд, вале Тошканд ҳамеша ин иттиҳомро рад кардааст. Дар пайи ҳодисаҳои соли 1998 ва амалиёти вижаи нирӯҳои ҳукуматии Тоҷикистон, полковники шӯришиву сарбозонаш дар хоки Узбекистон паноҳ бурданд.

Бар асоси манобеи мустақил, Худойбердиеву сарбозонаш аз соли 1998 дар ҳайати Вазорати дифои Узбекистон хидмат мекарданд, аммо ҳеч гоҳ ин хабар ба таври расмӣ тасдиқ нашудааст.

Нозирони мустақил мегӯянд, ки ҳузури Худойбердиев дар хоки Узбекистон аз охирҳои солҳои 1990 то замони марги президент Ислом Каримов як сабаби асосии бад будани муносибатҳои байни ду кишвари ҳамсоя дониста мешуд.

Ихтилофҳои баъди марги Каримов

Баъди марги Ислом Каримов дар соли 2016 ҳузури "баталйони Худойбердиев" дар хоки Узбекистони зери раҳбарии Шавкат Мирзиёев ҳамчун мероси зиддунақизи Каримов арзёбӣ мешуд.

Намояндагони мухолифин дар Тоҷикистон Худойбердиевро ба Ҷавҳар Дудаеви чечентабор монанд мекунанд, ки дар асл як низомии касбии парвардаи мактаби Шӯравӣ буд ва баъдан ба як қумандони саҳроӣ табдил шуд. Ӯ бо ордени Ситораи Сурх, медалҳои "Барои ҷасорати шахсӣ", "Барои ҷасорат" ва дигар ҷоизаҳои Иттиҳоди Шӯравӣ мукофотонида шудааст.

Дар ҳоле ки Тоҷикистон аз Узбекистон борҳо тақозои таслим кардани Худойбердиевро кардааст, як манбаи наздик ба Вазорати дифои Узбекистон тирамоҳи соли 2018 гуфт, мақомоти Тошканд ҳеч гоҳ дар фикри таслим кардани Худойбердиев набуданд.

14-уми феврал як низомии наздик ба собиқ вазири дифои Узбекистон Рустам Аҳмедов гуфт, шахсе, ки беш аз ҳама дар ҳукумати ин кишвар мухолифи ба Тоҷикистон додани Маҳмуд Худойбердиев буд, Рустам Иноятов, раҳбари пешини Хадамоти амнияти миллии Узбекистон ва ҳоло – узви Сенати ин кишвар аст.

Ду "сарбоз"-и Худойбердиев дар суҳбат бо журналистон эътироф карданд, ки фаъолияти онҳоро имрӯз ҳам хадамоти вижаи Узбекистон назорат мекунад.

Солҳои 2005 бархе аз созмонҳои ҳомии ҳуқуқ дар Узбекистон гуфтанд, ки "баталйони Худойбердиев" дар саркӯби эътирозгарони Андиҷон хеле фаъолона истифода шуд. Вале дар сӯҳбат бо "Озодлик" "сарбозони Худойбердиев" гуфтанд, ки дар амалиёти низомии Андиҷон иштирок накардаанд. Онҳо мегӯянд, ин фарзия ба он хотир "эҷод" шуд, ки мақомоти расмии Узбекистон худро аз ҳама гуна иттиҳом эмин нигоҳ дорад. Онҳо мегӯянд, дар давоми 22 соли гузашта ба таври "касбӣ бо ҳимояти марз, муқобила бо қочоқи маводи мухаддир ва пешгирии талоши убури ифротгароҳои мусаллаҳ ба хоки Узбекистон" машғул буданд.

Онҳо мегӯянд, барои нирӯҳои мусаллаҳи Узбекистон хеле хидмат карданд, вале бар иваз на ин ки ҷоизаву медал, балки санади расмӣ ҳам дарёфт накарданд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG