Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси адвокатҳо дар мақомаш монд, мушкилу нигарониҳо ҳам


Анҷумани вакилони мудофеи Тоҷикистон. Рӯзи 16-уми сентябри соли 2019
Анҷумани вакилони мудофеи Тоҷикистон. Рӯзи 16-уми сентябри соли 2019

Интихоби раиси нави Иттиҳодияи адвокатҳои Тоҷикистон пур аз баҳсу мунозира гузашт ва норизиёни зиёд дошт, аммо дар охир ​Саидбек Нуриддинов бо раъйи бештари иштирокдорони маҷлис дубора раёсатро ба дӯш гирифт. Чаҳор довталаби дигари ин мақом овози кофӣ ба даст наоварданд.

Бархе аз вакилони мудофеъ гуфтанд, ки шароити кор дар Тоҷикистон мушкил шудааст ва онҳо ба як ниҳоди ҷиддӣ ва пуштибони қавӣ ниёз доранд. Саидбек Нуриддинов дар ҷавоб гуфт, чаҳор соли гузаштаи раҳбариаш беҳуда набуд ва дар ин муддат, ба иддаои ӯ, "Иттиҳодияи адвокатҳо ба як ниҳоди устувор табдил шуд".

Маҷлиси интихоби раиси Иттиҳодияи адвокатҳои Тоҷикистон рӯзи 16-уми сентябр дар бинои театри ба номи Абулқосим Лоҳутии шаҳри Душанбе баргузор шуд. Иттифоқи адвокатҳои Тоҷикистон созмони ҷамъиятист ва раиси он дар чаҳор сол як дафъа интихоб мешавад.

Саидбек Нуриддинов
Саидбек Нуриддинов

Баъд аз ворид кардани тағйирот ба қонун дар бораи адвокатура дар соли 2014-ум маҳдудиятҳо дар кори вакилони мудофеъ зиёд шуд ва тақрибан якуним ҳазор нафар ҳаққи фаъолиятро аз даст доданд. Ҳоло беш аз 800 нафар ҳамчун адвокат кор мекунанд. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон ин миқдор вакилони дифоъро барои хидматрасонӣ ба аҳолии беш аз 9-миллионнафарии Тоҷикистон ночиз мешуморанд.

Саидбек Нуриддинов мегӯяд, "дар ин муддат Иттифоқи адвокатҳо вазифадор буд, ки ҳамаи дармондагонро дар саросари кишвар бо вакили мудофеъ таъмин кунад."

Дар анҷумани навбатии худ вакилони мудофеи Тоҷикистон бо қабули муроҷиатнома ба унвони президент ва порлумони кишвар хостори ворид кардани тағйирот ба қонун дар бораи адвокатҳо низ шуданд.

Ҳамзабек Ҳакимзода, раиси бахши Иттифоқи адвокатҳои Тоҷикистон дар Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, бархе аз вакилони мудофеъро бо хурдтарин иштибоҳ як умр аз ҳаққи вакилӣ маҳрум мекунанд. Вай гуфт, пеш аз ҳама ин банди қонун бояд бозбинӣ шавад.

"Мо зидди чунин кор ҳастем. Имкон надорад, ки шахс як умр аз иҷрои касб маҳрум карда шавад. Мо дар ин вақт адвокатҳои ҳирфаиро аз даст додем, дар ҳоле ки онҳо метавонистанд фаъолият дошта бошанд. Барои мисол, онҳое, ки дар садама гунаҳкор дониста шудаанд. Азбаски доғи судӣ доранд, аз идомаи фаъолияти адвокатӣ маҳрум ҳастанд," -- гуфт Ҳакимзода.

Бар асоси қарори ҳукумат то охири сол бояд тарҳи нави қонун дар бораи фаъолияти вакилони мудофеъ омода шавад. Тағйир ва ислоҳи қонун яке аз тавсияҳои асосии Созмони Милали Муттаҳид ба ҳукумати Тоҷикистон аст, ки имсол ҳукуматро барои бархӯрд бо адвокатҳо сахт танқид кард.

Талаби дигари вакилони дифои тоҷик ворид кардани тағйирот дар масъалаи андоз аст, ки онро "бенизом" медонанд. Онҳо мегӯянд, қонун андозбандии созмони адвокатиро мушаххас накардааст ва вакилони мудофеъ мисли созмонҳои дигари тиҷоратӣ андоз месупоридаанд.

Фишор ба вакилон, муҳокима ва ҳабси дарозмуддати бархе аз онҳо, аз ҷумла Бузургмеҳр Ёров ва дигаргуниҳои сохторӣ аз мушкилҳои асосии адвокатҳо дар Тоҷикистон гуфта мешавад. Ҳафтае пеш комиссияи байналмилалии ҳуқуқшиносон аз фишор болои як гуруҳ аз вакилони дифоъ дар Тоҷикистон нигаронӣ карда, аз мақомот хост аз онҳо даст бардорад.

Саидбек Нуриддинов ҳам дар ҳоле бори дувум раиси Иттифоқи адвокатҳо интихоб шуд, ки ба иттилои Комиссияи байналмилалии ҳуқуқшиносон раёсати Оҷонси зиддифасод дар Душанбе ба ҷамъоварии маълумот дар бораи ӯ шурӯъ кардааст. Нуриддинов ҳамроҳ бо 14 вакили дигар аз ҳуқуқи ҳамкораш Абдулазиз Абдураҳмонзода, ки ба иддаои онҳо аз тарафи маъмурони Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия шиканҷа шудааст, ҳимоят мекунад.

Вакилони дифои тоҷик, ки мегӯянд, ҳоло ба як қишри осебпазир табдил ёфтаанд, умед доранд, тағйирот дар раёсати Иттифоқ ва ҳам пешниҳодҳо ба президенту порлумон печидагиву монеаҳоро дар кори адвокатҳо рафъ ва мустақилияту бехатарии онҳоро таъмин хоҳад кард.

Дилшод Ҷӯраев
Дилшод Ҷӯраев

Дилшод Ҷӯраев, вакили дифоъ ва мушовири Комиссияи байналмилалии ҳуқуқшиносон ба Радиои Озодӣ гуфт, барои тағйир ёфтани вазъи адвокатҳо дар Тоҷикистон, Иттифоқи адвокатҳо бояд ҳоло ба ин чанд мушкил таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир кунад:

"Аввал. Истиқлоли ниҳоди адвокатура. Комиссияи квалификатсионии адвокатҳо бояд на дар назди Вазорати адлия, балки дар назди иттифоқи адвокатҳо бошад. Дувум ин нобаробарҳуқуқии иштирокчиёни мурофиаҳои ҷиноятӣ аст. Яъне тарафи айбдоркунанда аз адвокат ваколатҳои бештар дорад. Ин мушкил бояд ҳал шавад."

Иттифоқи адвокатҳо моҳи сентябри соли 2015 ва дар пайи қабули қонуни баҳсбарангез дар бораи "Адвокатура" ташкил шудааст. Бо қабули қонуни нав, вакилони дифоъ муваззаф шуданд, ки дар назди Вазорати адлия имтиҳон супорида, мақоми адвокатӣ бигиранд. Азбаски ин ниҳод дар авҷи имтиҳони вакилони мудофеъ ва ба қавли ҳомиёни ҳуқуқ "маъракаи аз саҳна дур кардани адвокатҳои саркаш" пайдо шуд, дар бораи мустақил будани худ ва раҳбарияти он шубҳаҳоеро боқӣ гузоштааст.

XS
SM
MD
LG