Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

"Ба шикам хоб наравед, ки "кофир" мешавед...


Яке аз майдонҳои баҳсҳои корбарони тоҷик дар "Одноклассники"
Яке аз майдонҳои баҳсҳои корбарони тоҷик дар "Одноклассники"

Баҳси ҷавонони тоҷик дар "Одноклассники" бештар пиромуни масоили мазҳабист ва баъзан дар ин баҳсҳо суолҳое матраҳ мешаванд, ки кас ангушти ҳайрат мегазад.

Дар шабакаи иҷтимоии «Одноклассники» - як маҳалли умдаи муоширату «ҷамъомади» ҷавонони тоҷик - ҳар ҷое ки равед, ҳатман як гурӯҳи мазҳабиро мебинед, ки даҳҳо ҳазор аъзо дорад.

Аксаран баҳсу суолҳо дар ин гурӯҳҳо доир ба қонуну қоидаҳои шариат аст, вале айни замон ҷавонон суолҳоеро матраҳ кардаанд, ки бо дидани он ҳуш аз сари инсон мепарад. Мисли ин гуна суоле, ки як корбари Одноклассники бо номи Абдуманон дар гурӯҳи «Ҳоҷӣ Мирзо 2014: Суолу Ҷавобҳо» матраҳ кардааст.

Абдуманон мепурсад, ки «Ду бародар будаанд ва бародари бузургӣ мефавтад, оё бар асоси шариат мумкин аст, ки бародари хурдӣ бо ҳамсари ӯ издивоҷ кунад?»

Аксари посухҳое, ки Абдуманнон аз аъзои ин гурӯҳ гирифтааст мусбат аст ва аз ҷумла чунин посух: «Мумкин аст, зеро шояд ҳамин зан бероҳа мешаваду ба беҷогардӣ одат мекунад ва барои ҳамин шариат иҷозат медиҳад, ки зани бародарашро гирад. Ин ҳеҷ бок надорад

Чанд нафари дигар низ гуфтаанд, ки шариат ба ин кор иҷоза медиҳад ва танҳо дар ин миён як корбар, ки зоҳиран духтар аст, гуфтааст, «Ё тавба, ин кор набояд ҷоиз бошад

Мусалмон дар нақши ... кофир

​Суолҳо дар ин гурӯҳҳо бисёр гуногун ҳастанд, сар аз суолҳо дар бораи зиндагии оддӣ то технологияҳои наву суруду мусиқиву ғайраву ҳоказо. Аз ҷумла Фатҳуддин Ашӯров дар гурӯҳи «Ҳадисҳои Муҳаммад» чунин суоле матраҳ кардааст: «Ман дар тааҷубам, ки ҳунармандон дар нақшҳои гуногун бозӣ мекунанд, яъне актёрони мусулмон, нақши кофирҳоро бозӣ мекунанд, инҳо гунаҳкор намешаванд?»

Як нафар узви ин гурӯҳ бо номи мустаори Респект 1 дар ин бора чунин менависад, «Агар бозӣ кардан ба нафъи ислом бошад, боке надорад.»

Аммо Алӣ Бобо дар посух ба ӯ чунин мегӯяд: «Агар дидаву дониста, нақши зиддиисломиро иҷро кунад, аниқ гунаҳкор мешавад.»

Корбари дигаре дар гурӯҳи мухлисони рӯҳонии тоҷик Ҳоҷӣ Мирзо суоли аҷибу ғариберо дар миён гузошта ва посух ҳам гирифтааст, ки бароятон мехонем: «Ассалому алейкум, бародарони аҳли ислом, ман мехостам ба ин саволи ман ҷавоб диҳед. Мегӯянд, ки бо шикам хоб кардан дуруст нест, ҳаром аст, хоби кофирон аст. Илтимос, ба ҳамин савол ҷавоб гардонед.»

Дар посух ба ин суол корбаре бо номи Абдуллоҳ ал-Бухорӣ чунин навиштааст: «Мумкин нест, чунки аҳли дӯзахро бо шикамҳояшон ба дӯзах мепартоянд.» Як нафари дигар ба корбарони «Одноклассники» тавсия додааст, ки ба паҳлӯи рост хоб кунанд, зеро суннат аст.

Ишқ дар Ислом гуноҳ аст ё..?

Боз як майдони баҳси тоҷикон дар "Одноклассники"
Боз як майдони баҳси тоҷикон дар "Одноклассники"
Дар бораи шунидани мусиқӣ ва харидани асбоби мусиқӣ ҳам дар гурӯҳҳои мазҳабӣ суол гузоштаанд ва посух ҳам гирифтаанд, ки ҳам мусиқиву ҳам сози мусиқӣ ҳаром асту набояд ба он гӯш дод. Як корбари дигари дар гурӯҳи мухлисони Ҳоҷӣ Мирзо зоҳиран ошиқ шудааст, ки дар ин гурӯҳ ингуна суол матраҳ кардааст: «Бародарон, ҳамин ишқ дар Ислом гуноҳ аст, ё не?»

Корбаре бо номи Ифтихор Набиев ба ӯ чунин посухи муфассал додааст, ки: «Ишқ гуфта, агар ошиқия дар назар дошта, бошӣ, албатта, ошиқӣ дар Ислом ҳаром аст, зеро мисле ки имрӯза ошиқо танҳо куҷое, ки хоҳанд танҳо мегарданд ва ё бо телефон гап мезананд, ки ин ғазаби Худо ҳаст ва оқибати инҳо шармандагӣ аст. Фақат касеро дӯст дошта бошӣ, ба хонашон одам равон кун, агар розӣ шудан, марҳамат, баъди никоҳ бо ӯ ишқварзӣ кун, савоб мегирӣ.»

Баҳси пудра задани рӯ ва чидани абрӯ

​Духтарон ҳам дар чунин гурӯҳҳо кам нестанд ва яке аз ҷумла пурсидааст,ки оё мумкин аст, дар назди шавҳараш сафеда ва ё пудра занад ва баъзе аз муллоҳои ҷавон ба ӯ насиҳат кардаанд, ки ин корро накунад, зеро пудра ҳаром аст. Аммо баъзеи дигар гуфтаанд, ки ҳар қадар ороиш ки барои шавҳар мекунад, гуноҳ нест. Аммо як узви дигари гурӯҳи исломие, ки пурсидааст, чидани абрӯ магар гуноҳ аст, насиҳат кардаанд, ки ин корро накунад, зеро ба лаънати Худо гирифтор мешавад.

Дар гурӯҳҳои мазҳабии "Одноклассники" суолҳои ғайримантиқӣ ҳам кам нест ба мисли ин суол, ки оё ба духтар нигоҳ кардан гуноҳ аст? Посух ҳам ба ин суол чунин аст: «Дар кӯча чашмат меғалтад все равно. Бо дили бад фикр накунед. Ҳангоме ки гузашту рафт, аз қафо нигоҳ макун, ки гунаҳкор мешӣ.»

Мӯре ки бо Ҳазрати Сулаймон сӯҳбат кард


Суолу ҷавобҳои аҷибу ғариби дигареро ҳам метавонед дар гурӯҳҳои мазҳабӣ бубинед, ба мисли ин ки оё кабӯтарҳо парӣ доранд? ва ё мӯрчае, ки ҳазрати Сулаймон бо он гап задааст, нарина буд ва ё модина? Ва баъзе аз корбарони ҳозирҷавоб бо овардани ҳадису оят, ки масъулияти дурустиву нодурустиаш бар дӯши худи онҳост, ҷавоб додаанд, мӯре, ки бо Ҳазрати Сулаймон сӯҳбат кард, модина буд.
XS
SM
MD
LG