Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коронавирус 13 ҳазор танро кушт. Дар Ботканди ҳаммарз бо Суғд ҳам пайдо шудааст


Нусхаи себӯъди (3D) коронавирус, ки бемории Ковид-19 бармеангезад.
Нусхаи себӯъди (3D) коронавирус, ки бемории Ковид-19 бармеангезад.

Теъдоди қурбониёни коронавирус аз 13 000 нафар гузашт ва садҳо миллион нафар дар саросари ҷаҳон маҷбур, рӯзҳои таътилро дар хона сипарӣ карданд. Баъд аз Чин ҳоло Аврупо яке аз марказҳои аслии густариши вируси наве шудааст, ки бемории Ковид-19 бармеангезад.

Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинси Амрико омори тозаи сирояти бемориро нашр кард ва гуфт, бо ҳалокати 4032 нафар дар Итолиё ин кишвар бештарин талафот аз беморӣ дар ҷаҳонро дорад. Дар Чин, ки вирус дар онҷо пайдо шуд, 3259 нафар ҷон додаанд ва аз назари талафот кишвар дар ҷойи дуввум аст. Айни замон мақомоти расмӣ гуфтанд, ки се рӯзи пайиҳам аст, ки дигар сирояти вирус дар Чин сабт нашудааст. Дар мақоми саввум аз назари талафот Эрон аст, ки дар он ба гуфтаи мақомоти расмӣ то рӯзи 22-уми март 1685 фавтидаанд.

Вазорати беҳдошт дар рӯзи 22-уми март эълон кард, ки дар 24 соати гузашта бемори ҷони 129 нафарро гирифтааст. Шумораи мубталоён ба бемории нав аз 21 600 нафар ҳам гузаштааст. Аммо бисёре аз эрониҳо гумон доранд, ки арқоми воқеӣ баландтар аз оморест, ки мақомот эълон мекунанд. Дар Испания, яке аз кишварҳои дигари Аврупо вирус бо суръати баландтаре доман паҳн мекунад ва дар инҷо то кунун бештар аз 28 500 нафар бемор шудаанд ва 1720 нафар ҷон додаанд. Дар Олмон коронавирус ба 21 ҳазору 600 нафар сироят карда ва 71 нафарро куштааст.

Вазъ дар Осиёи Марказӣ

Дар Осиёи Марказӣ, вирус бештар аз ҳама ба Қазоқистон сироят кардааст ва дар инҷо то 22 -уми март 56 мавриди бемориро расман сабт кардаанд. Вазорати тандурустии Узбекистон гуфт, ки теъдоди гирифторони Ковид-19 дар ин кишвар ба 41 нафар расидааст ва чаҳор беморро аз байни онҳое пайдо кардаанд, ки дар карантин буданд. Дар Қирғизистон то 22-уми март 14 мавриди сирояти беморӣ сабт шудааст ва яке аз онҳо дар вилояти Ботканди ҳаммарз бо Тоҷикистон будааст. Дар ин кишвар аз рӯзи 22-уми март вазъи фавқуллода эълон шудааст. Мақомоти Тоҷикистону Туркманистон мегӯянд, ки ҳеҷ мавриди сирояти беморӣ сабт накардаанд.

Дар умум дар саросари ҷаҳон вируси нав, ки бемории шабеҳи илтиҳоби шуш бармеангезад, ба 308 ҳазор нафар сироят карда, 13 ҳазор нафарро куштааст. Тақрибан 96 ҳазор нафар шифо ёфтаанд. Дар Чин мақомот эълон кардаанд, ки ваксина ба зидди ин бемориро озмоиш мекунанд. Дар Амрико марҳилаи аввали таҷрибаи ин ваксина дар инсон ҳафтае пеш оғоз ёфт.

XS
SM
MD
LG