Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вируси корона. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ вазъияти фавқулодда эълон кард. ВИДЕО


Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар поёни нишасти рӯзи панҷшанбеи худ дар бораи паҳн шудани коронавирус, вазъияти фавқулоддаи байналмилалӣ эълон кард. Тедрос Адҳаном, мудири кулли Созмони ҷаҳонии тандурустӣ гуфт, "агар ин вирус дар кишваре бо низоми беҳдоштии заъифтар паҳн шавад, намедонем чӣ хисороте мумкин рух диҳад".

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар поёни ин нишасти худ дар Женева хостори кӯмак ба кишварҳо барои муқобила бо паҳн шудани вирус шуд ва ба ин манзур ҳолати фавқулодда барои беҳдошти умумӣ дар сатҳи байналмилалӣ эълон намуд.

Нимаи рӯзи панҷшанбе ба вақти Аврупо эълом шуд, ки шумораи гирифторон ба вируси корона дар сатҳи ҷаҳон ба 8 ҳазору 100 нафар расид, ки аз теъдоди мубталоён ба бемории САРС дар солҳои 2002-2003 бештар аст ва пешбинӣ мешавад, ки ин бӯҳрони беҳдоштӣ ба иқтисоди Чин зарбаи бузурге бизанад. То кунун 170 нафар бар асари олудагӣ ба ин вирус, ҷони худро аз даст додаанд.

Хориҷ кардани шаҳрвандони хориҷӣ аз шаҳри Вуҳани Чин -- ҷое, ки ин вурус пайдо шуд, идома дорад ва ин афрод ба маҳзи вуруд ба кишвари худ, карантин мешаванд. Бисёре аз ширкатҳои байналмилалӣ дар ҳоли қатъи фаъолияти худ дар Чин ҳастанд ва ҳамзамон бо ҳушдори бисёре аз кишварҳо дар мавриди сафар ба Чин, ширкатҳои зиёди ҳавопаймоӣ парвозҳои худ ба ин кишварро мутаваққиф карда ва ё коҳиш додаанд.

Дар худи Чин низ дар чандин шаҳр карантин эълом шудааст. Ахиран хабар доданд, ки вирус ба ҳамаи вилоятҳои ин кишвар паҳн шудааст. Мутахассисони озмоишгоҳи давлатии Чин гуфтаанд, барои санҷиши ваксинаҳои зидди ин вирус на камтар аз се моҳ лозим аст.

Муқоисаи вируси нави чинӣ бо бемории нави 17 соли пеш
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:03 0:00

Шумори онҳое, ки ба ин вирус дар хориҷ аз Чин гирифтор шудаанд, ба 100 нафар расид. Вируси мазкур аллакай дар 18 кишвар ошкор гашта, дар худи Чин то 30-юми январ ҳудуди 8 ҳазор одам ба он гирифтор шуданд. Вазъи 1370 кас вахим арзёбӣ мешавад. Беш аз 12 ҳазори дигар бо гумони гирифторӣ ба коронавирус, таҳти назоратанд.

Вируси нав бори нахуст дар шаҳри Вуҳони Чин моҳи декабри соли гузашта ошкор шуд. Бештари кишварҳо шаҳрвандонашонро аз Чин берун бурда, додани раводид ба чиниҳоро муваққатан қатъ карданд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!


XS
SM
MD
LG