Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вируси нав ба Қазоқистон расид, ҳамсари раҳбари Канадаро бемор кард. ВИДЕО


Дар Қазоқистон теъдоди ниқобпӯшон дар рӯзҳои ахир зиёд шудааст.
Дар Қазоқистон теъдоди ниқобпӯшон дар рӯзҳои ахир зиёд шудааст.

Вазорати беҳдошти Қазоқистон гуфт, ки дар кишвар ду мавриди гирифторӣ ба коронавирус тасдиқ шудааст, ки дар қаламрави Осиёи Марказӣ аввалин мавриди сирояти вируси хатарнок дониста мешавад.

Ержан Биртанов, вазири беҳдошти Қазоқистон рӯзи 13-уми март дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Нурсултон гуфт: “Шумо медонед, ки се моҳ аст, мо бо коронавирус мубориза мебарем. Мо тамоми тадбирҳоро меандешем, ки ба кишвар ворид нашавад. Имрӯз мо тасдиқи сироят шудани ду шаҳрвандамонро гирифтем”. Ба гуфтаи вазир, афроди бемор аз Олмон баргаштанд ва озмоиш вуҷуди вирус дар хунашонро тасдиқ кард. Ҳарду дар як беморхонаи шаҳри Алмаато будаанд, ва ба гуфтаи вазир, “худро хуб ҳис мекунанд.”

Пештар аз ин Қосимҷомарт Токаев, раиси ҷумҳури Қазоқистон, ҷаласаи ҳукумат ва гурӯҳи кории мубориза бо вирусро баргузор кард ва амр дод, ки ба сабаби густариши беморӣ дар ҷаҳон, мақомоти расмӣ ба хориҷ сафар накунанд. То ҳол доир ба сирояти ин беморӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумла Тоҷикистон гузориш нашудааст. Аммо мақомот гуфтаанд, кишвар аз сирояти ин беморӣ эмин нест ва бояд тамоми чораҳо барои роҳ надодан ба он андешида шаванд.

Кишварҳои ҷаҳон бар зидди коронавирус "қиём" мекунанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:32 0:00

Булғористон вазъи фавқуллода эълон кард

Дар Булғористон, порлумон бо раъйи умум пешниҳоди нахуствазир Бойко Борисовро пазируфт ва дар кишвар вазъи якмоҳаи фавқуллода эълон кард. Нахуствазир гуфт, ҳадафаш монеъ шудан ба доман задани вирус дар дар ин кишвар дар ҷанубушарқи Аврупо аст. Нахуствазир баъди раъйдиҳӣ дар порлумон гуфт: “Мо ба мардум нишон медиҳем, ки дар ин замони душвор дар фикри онҳо ҳастем.” Пештар аз ин Федератсияи Футболи Булғористон тамоми бозиҳои футболро дар кишвар барои як моҳ манъ кард.

Вазъи фавқуллода ба ҳукумат иҷоза медиҳад, ки мактабу кӯдакистон ва донишгоҳҳоро бубандад. Борисов гуфт, ки бояд “тадбирҳои ҳуқуқӣ” ҳам ба кор бурда мешаванд, то ки онҳое, ки ба дастури карантин итоат намекунанд, ҷарима шаванд. Ӯ гуфт, 14 нафаре, ки бояд дар карантин мебуданд, муқарраротро риоя накарданд. Борисов дар ҷаласаи Шӯрои вазирони Булғористон гуфт, “дар бархе кишварҳо муҷозот то 7 соли зиндонро пешбинӣ мекунад... биёед, то он ҳад намеравем, вале дар ҳаҷми то 5000 лева (2857 доллар) ҷарима таъйин мекунем”.

Нахуствазири Булғористон дар идома гуфт, ки “дискоклубҳову бар ва клубҳои шабона, ки он ҷо мардум арақ кардаву ҳамдигарро ба оғӯш мекашанд, бояд билофосила баста шаванд”. Ӯ дар бораи эҳтимоли бастани тарабхонаву дигар муассисаҳои ҷамъиятӣ чизе нагуфт. Рӯзи 12-уми март Булғористон тасдиқ кард, ки гирифторон ба вируси Ковид-19 аз ҳафт нафари қаблӣ то 23 нафар афзоиш ёфт. Булғористон то ин замон таҷаммӯи мардумро то 250 нафар маҳдуд карда, ба ширкату корхонаҳо машварат додааст, қоидаҳои кориро нармтар карда, ба коргарон иҷоза диҳанд, аз хона кор кунанд.

Дар Русия вакили Думаи давлатиро ба карантин фиристоданд

Дар Русия ба як вакили Думаи давлатӣ, ки ба бемории нав гирифтор шудааст, амр додаанд, амр доданд, ҳамроҳ бо вакилони дигаре, ки бо ӯ дар тамос шуданд, дар карантин бимонад. Сергей Катасоновро баъди бозгашт аз Фаронса озмоиш кардаанд ва маълум шудааст, ки ӯ бемор аст. Раиси Думаи давлатӣ Вячеслав Володин корти вуруди Катасонов ба Думаи давлатиро беэътибор кард ва ба ӯ амр дод, ки давоми 14 рӯз зери назари табибон дар карантин бимонад. Володин гуфт, “бигузор аз карантин гузарад. Дар робита бо ёварон ва дигар нафароне, ки дар тамос шудааст, қарор айнан ҳамин мешавад”.

Посухи як нафар ба суол дар бораи вирус: "Омад, ягон бало мекунем"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:07 0:00

Сергей Катасонов вакили Ҳизби либерал-демократи Русия аст. Мақомоти расмӣ гуфтанд, ки шаш мавриди нави гирифторӣ ба вирус дар кишвар ба қайд гирифта шудааст. Чаҳор нафар дар Маскав, як нафар дар Краснодар ва як каси дигар дар Калининград бистарӣ шудаанд. Дар маҷмӯъ дар саросари Русия 34 нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд ва то ҳол ҳеҷ марг аз ин бемории нав сабт нашудааст.

Макрон вирусро бадтарин бӯҳрони беҳдоштии аср номид

Вирус дар Фаронса то ҳол ба 2876 нафар сироят кардааст ва 61 нафар ҳалок шудаанд. Президенти Фаронса Эммануэл Макрон дар як суханронӣ коронавирусро барои Фаронса бадтарин бӯҳрони беҳдоштии аср номид. Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт рӯзи 11-уми март коронавирусро пандемия ва ё вируси фарогири ҷаҳонӣ унвон кард ва аз кишварҳо хост, барои гирифтани пеши роҳи он тамоми тадбирҳои лозимро биандешанд.

Вируси нав то имрӯз тақрибан ба 125 ҳазор сокини сайёра сироят карда ва тахминан 4000 нафарро куштааст. Аксари қурбониҳо дар Чин ба қайд гирифта шудаанд, вале дар нуқоти дигари ҷаҳон ҳам вирус босуръат паҳн мешавад. Тахминан 68 ҳазор нафар шифо ёфтаанд, вале ин вирус бахусус барои пиронсолон ва онҳое марговар шуд, ки аз қабл бемориҳои музмин (хроникӣ) доштанд.

Сирояти вирус ба ҳамсари нахуствазири Канада

Рӯзи панҷшанбе Канада хабар дод ки ҳамсари Ҷастин Трюдо сарвазири ин кишвар Софи Трюдо гирифтори коронавирус гардида, ба карантин фиристода шуд. Ҷастин Трюдо ҳам 14 рӯзи оянда дар карантин хоҳад буд. Ҳамин гуна, чандини вазир, ва мансабдори баландпояи кишварҳои гуногуни олам, гирифтори вируси нав шудаанд.

Дар як идда мамолики Аврпуову Осиё ва Амрико дарс дар мактабҳову донишгоҳҳо, қатъ ва ё тавассути интернет шудааст. Дар баъзе кишварҳои аврупоӣ шаҳру вилоятҳои комил дар ҳолати карантин қарор доранд ва ҳар гуна ҷамъомадҳову консертҳо ва мусобиқаҳои варзишӣ ба мӯҳлати номуайян ба таъхир гузошта шуданд.

Италия маркази "заминларзаи вирусӣ" дар Аврупо

Дар Италия ки беш аз ҳар кишвари дигари аврупоӣ ба сирояти коронавирус мувоҷеҳ мебошад, то соати 6 и шоми рӯзи панҷшанбе боз наздики 2 ҳазору 250 ҳодисаи нави сирояти коронавиурс ва ё бемории Ковид-19 ба қайд гирифта шуд ва шумори умумии гирифторон наздики 12 850 нафар шудааст. Дар ин кишвар беш аз 1 ҳазор нафар аз ковид 19 ба ҳалокат расидаанд.

Сарвазири Италия Ҷузеппе Конте рӯзи чоршанбе эълон кард ки тамоми фурӯшгоҳҳо, тарабхонаҳо, сартарошхонаҳо ва умуман тамоми бахши хусусӣ ҳаддалимкон коргаронашонро ба хона ҷавоб диҳанд. Сар аз рӯзи сешанбе ҳукумати Италия ба 60 миллион аҳолии ин кишвар дастур дод ки танҳо дар ҳолати зарурӣ –харидани ғизо, аёдати табиб ва ё барои сайр баровардани ҳайвони хонагӣ аз манзилҳояшон берун шаванд.

Амрико чӣ кор мекунад?

Сар аз 13-уми март ИМА барои 30 рӯз вуруди шаҳрвандони 26 кишвари аврупоии маъруф бо номи минтақаи Шенгенро мутаваққиф кард. Гузоришҳо дар бораи қабули чораҳои ҷилавгирӣ дар кишварҳои Амрикои Ҷанубӣ ва Осиё ҳам соат ба соат бештар мешаванд. Коронавирус дар тани мушовири президенти Бразилия ташхис шуд.

Ҳукумати Ҳиндустон бо ишора ба пандемия ё худ сирояти саросарии бемории Ковид -19 эълон кард, ки тақдими раводиди сайёҳии сафар ба ин кишвар ба муҳлати номуайян мутаваққиф мешаванд. Ҳамчунон виза ва ё раводидҳои дигар ба истиснои раводиди дипломатӣ, СММ, дигар муассисаҳои байналмилалӣ ва визаҳои корӣ то 15-уми апрел аз эътибор соқит мешаванд.

XS
SM
MD
LG