Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коронавирус. Марги беш аз 11 ҳазор ва гирифтории 275 ҳазор нафар дар ҷаҳон. ХАРИТА


Пекин
Пекин

Созмони Ҷаҳони Тандурустӣ эълон кард, ки шумори қурбониёни коронавирус дар ҷаҳон рӯзи 21-уми март ба 11 ҳазору 700 нафар расид. Бар асоси омори Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинз, ки 21-уми март нашр шуд, теъдоди гирифторон ба ин вирус дар саросари ҷаҳон ба беш аз 270 ҳазор тан мерасад.

Талафоти бештар аз коронавирусро дар Италия сабт кардаанд. Дар ин кишвар бар асари гирифторӣ ба вирус 4 ҳазору 32 нафар ҷон бохта, беш аз 47 ҳазор тани дигар ба он мубтало ҳастанд.

Италия аз рӯйи омори фавтидагон аз Чин, ки маншаи вируси корона дониста мешавад, пеш гузаштааст. Шумори қурбониёни ин вирус дар Чин ба 3 ҳазору 259 тан баробар аст.

Пас аз ин ду кишвар, Эрон бештарин қурбонии коронавирусро дар ҷаҳон дорад. Ин вирус дар Эрон то ҳол боис ба марги 1 ҳазору 433 нафар шудааст.

Бино ба рақамҳои расмии мақомоти Иёлоти Муттаҳида, ки рӯзи шанбе нашр шуд, то кунун дар Амрико дар натиҷаи гирифторӣ ба коронавирус 260 нафар ҷон додаанд ва беш аз 19 ҳазору 600 тан ба он гирифторанд.

Хабару гузоришҳои бештарро дар бораи коронавирус дар ҷаҳон ва роҳҳои пешгирӣ аз онро дар инҷо пайгирӣ кунед:

Омори навтарини мавридҳои гирифторӣ ва фавти одамон бар асари коронавирусро дар харитаи зер бубинед. Иттилоъ ҳар соат нав мешавад:

XS
SM
MD
LG