Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳашт моҳ дар боздошт барои гуноҳи нокарда. Се корманди милиса ҷавобгар. ВИДЕО, САДО


Ҳасан Ёдгоров дар саҳни Додгоҳи олии Тоҷикистон. Рӯзи 13-уми августи 2019

Додгоҳи олии Тоҷикистон ба муҳокимаи парвандае оғоз кард, ки бино бар он се корманди собиқи Вазорати умури дохилӣ дар шиканҷа додани як сокини шаҳри Турсунзода айбдор мешаванд. Зери шиканҷа шаҳрванд Ҳасан Ёдгоров иттиҳоми кушторро ба гардан гирифт, аммо дертар қотили ҳақиқӣ пайдо гашт.

Дар ҷаласаи додгоҳ, ки зери раҳбарии додраси Додгоҳи олӣ Юсуф Салимзода баргузор шуд, додрас ҷонибҳоро бо муҳтавои парванда ошно кард. Дар толори додгоҳ ҳарсе нафари гумонбар дар шиканҷаи Ҳасан Ёдгоров, ҳузур доштанд.

Ба гуфтаи мақомот, Ҳасан Ёдгоров, сокини 35-солаи шаҳри Турсунзода, бо айби ин маъмурони милиса ҳамчун қотил 8 моҳ бегуноҳ дар боздошт нигоҳ дошта шуд. Вай мегӯяд, таҳти шиканҷа, аз ҷумла бо барқ, ба айбномаи қатл ризоият дод. Пайвандони муфаттишони собиқ ҳама гуна иттиҳомро рад мекунанд. Вакилони мудофеи онҳо аз суҳбат бо Радиои Озодӣ худдорӣ намуданд.

​Ҳасан Ёдгоров рӯзи 13-уми август дар саҳни Додгоҳи олӣ ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт: "Маро шиканҷа карданд. Чаҳор дафъа ба қувваи барқ монданд, тоқат накардам. Ба ҳамин сабаб гуфтам, ҳар чизе, ки шумо мегӯед, ман розӣ. Ин кор ду бор дар шаҳри Турсунзода ва як маротибаи дигар дар Душанбе шуд", -- афзуд ӯ.

Баррасии парванда охири моҳи июл оғоз шуд ва рӯзи 13-уми август идома кард. Тафтишотро Додситонии кулли Тоҷикистон анҷом додааст.

Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:

Афсарони муттаҳам бо шиканҷаи Ёдгор Ҳасанов дар курсии айбдорон нишастанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:23 0:00

​Ҳасан Ёдгоров аз моҳи ноябри соли 2017 то нимаи соли 2018 бо иттиҳоми куштори пешхидмати рус Дмитрий Каримов зиндонӣ буд. Дар наворе, ки моҳи декабри соли 2017 телевизиони Тоҷикистон пахш кард, Ёдгоров нақл кард, ки чӣ гуна бо истифода аз корд "ба тарафи чапу рост ва қафаси синаи Дмитрий Каримов зарба зада, ӯро кушт".

Дар гузориш гуфта мешуд, ки Ҳасан Ёдгоров дар рӯзи қатли Каримов бо баҳонаи пайдо кардани манзил барои иҷора дари хонаи дувумиро кӯфтааст.

Ҳасан Ёдгоров замоне аз боздошт раҳо гашт, ки қотили аслӣ тасодуфан ошкор ва боздошт шуд. Мақомоти тафтишотӣ гуфтанд, ки қотили асосӣ сокини Турсунзода Леонид Малченков будааст, ки ҳангоми истифодаи телефони гумшудаи Каримов дастгир шудааст.

Ба гуфтаи тафтишот, Малченков телефони Дмитрий Каримовро ба як нафар мефурӯшад ва ин нафар чанд моҳ пас телефонро истифода мебарад ва дар пай нишонаҳои куштор ошкор мешавад. Малченков тирамоҳи соли 2018 ба 21 соли зиндон маҳкум шуд.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:56 0:00
Линки мустақим

Ду тан дар боздошт, як нафар дар озодӣ

Аввали имсол Шералӣ Азизов, корманди милисаи шаҳри Турсунзодаро бо гумони шиканҷаи Ҳасан Ёдгоров боздошт карданд. Зимни таҳқиқ Саъдӣ Давлатмуродзода -- корманди дигари милиса дар Турсунзода низ боздошт шуд. Ҳоло дар ин қазия пойи Эраҷ Наимов, як корманди дигари милиса ҳам кашида шуд. Ду нафари аввалӣ дар ҳабси пешакӣ қарор доранд ва нафари севумӣ ба шарти берун нарафтан аз маҳали зист дар озодӣ аст.

Парвандаи кормандони милиса аз сӯи додситонӣ боз шуда ва пайвандони Ҳасан Ёдгоров ва худи ӯ мегӯянд, барои ин кор муроҷиати онҳо ба дастгоҳи раёсати ҷумҳур ва раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, кумак кардааст.

"Чаро гуноҳро ба гардан гирифтам?"

Ҳасан Ёдгоров гуфт, "ман дар бораи ин, ки гуноҳро зери шиканҷа ба гардан гирифтаам, ба ҳамсару модарам гуфтам. Ба як нафаре, ки дар СИЗО бо ман сӯҳбат карда буд, низ гуфтам, ки ман гунаҳкор нестам. Баъдан вақте бо Султон Саидзода, муфаттиши Додситонии шаҳри Турсунзода сӯҳбат кардам, шиканҷа шуданамро ба ӯ низ гуфтам. Баъди ҳамин муайян шуд, ки ҷиноятро каси дигар кардааст".

Пайвандони яке аз се гумонбар дар шиканҷаи Ҳасан Ёдгоров, ки нахост номаш бурда шавад, гуфт, қазия печида аст ва дар ин ҳодиса, ба гуфтаи ӯ, афроди дигар ҳам даст доранд. "Инҷо гап тамоман дигар аст. Ҳамаашро Худованд медонад", -- гуфт ӯ, вале ҷузъиёт надод. Вакилони мудофеъ низ аз шарҳи қазия худдорӣ карданд.

Акси Ҳасан Ёдгоров ҳангоми боздошт ва Дмитрий Каримов
Акси Ҳасан Ёдгоров ҳангоми боздошт ва Дмитрий Каримов

Дар Тоҷикистон масъалаи шиканҷаи муттаҳамон ба ҷиноят барои эътироф як масъалаи доғ мемонад. Эътилофи зидди шиканҷа гуруҳе аз созмонҳои ҳомии ҳуқуқ мегӯяд, соли 2018 44 нафар ба онҳо шикоят кардаанд, ки мақомоти интизомӣ бо онҳо бадрафторӣ кардаанд ва шиканҷаро раво дидаанд. Баъд аз инъикоси пайвастаи ин зуҳурот дар матбуот, мақомоти Тоҷикистон ахиран гуфтанд, ки ҷазо барои шиканҷаро сахттар мекунанд.

Феълан Кодекси ҷиноӣ барои шиканҷа аз 20 то 50 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё аз ду то панҷ соли зиндонро пешбинӣ кардааст. Бар асоси тағйироти пешниҳодӣ, мумкин аст, гунаҳкорро то 12 сол ба зиндон маҳкум кунанд.

Шарҳҳоро бинед (17)

Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG