Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Дафн”-и қаҳрамонон дар Лучоб. Намоиш ё эътирози воқеӣ ба саркӯб?

Маросими истиқболи турбати се нафар дар фурудгоҳи Душанбе.
Маросими истиқболи турбати се нафар дар фурудгоҳи Душанбе.

Аз Русия ба Тоҷикистон бурдани турбати се қурбонии аҳди торики Сталин мавриди истиқболи бисёриҳо, аз ҷумла, таърихшиносоне шуд, ки таърихи Тоҷикистонро меомӯзанд.

Ҳаштоду нӯҳ сол баъд аз қатлашон мушти хоке аз Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад қурбониёни тӯҳматҳои сиёсии соли 1937-ро аз гӯри дастаҷамъие дар қабристони Донскойи шаҳри Маскав ба Тоҷикистон оварданд.

Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад аз таъсиргузортарин чеҳраҳои таърихи муосири Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд. Онҳоро беасос душмани халқ номида ва бераҳмона куштанд ва дар гӯри дастаҷамъӣ хок карданд. Ин се шахсияти барӯманди Тоҷикистон танҳо баъди марги Сталин, дар солҳои 1950-ум расман бегуноҳ эълон карданд.

Барои гиромидошт ва истиқболи турбати ҳар се Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба фурудгоҳи Душанбе рафт ва пас аз маросими ҷаноза дар Масҷиди марказии Душанбе, турбати онҳоро дар оромгоҳи Лучоби канори шаҳри Душанбе дафн карданд. Ин як ҳодисаи камсобиқае дар таърихи истиқлолияти Тоҷикистон шуд ва ҳамзамон андешаҳоеро дар бораи камбуди пажӯҳишҳои ҷиддӣ дар бораи саркӯбҳои сталинӣ ва қурбониёни тоҷикистонии ҳукумати шӯроҳо дар солҳои 1930 бедор кард.

"Дер ҳам бошад, хуб"

Дагихудо Дагиев, устоди Донишгоҳи Лондон мегӯяд, қадрдонии ёди «гузаштагон ва махсусан афроде, ки қурбонии беадолатиҳои замони хеш будаанд, ҳамеша ба манфиат аст».

Ба гуфтаи ӯ, «ин афрод на танҳо қаҳрамон, балки хотираи талхе аз гузашта ва муборизаи онҳо барои бунёди давлатдории тоҷикон буда, ёдгорӣ аз таърих ва зикри гузаштагон қарзи ҳар як фарди ватандӯст ва ватанпарвар аст, то ки наслҳои ҷавон ва махсусан ояндагон номи неки гузаштагони хешро бидонанд».

Хоки се қаҳрамони Тоҷикистонро ба Душанбе оварданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:52 0:00

Дагиев мегӯяд, чунин маросим дар дигар кишварҳои пасошуравӣ ва худи Русия аз даврони Михаил Горбачев, раҳбари СССР дар поёни солҳои 1980-ум шурӯъ шуд, вале дар Тоҷикистон як таҷрибаи камсобиқа мебошад.

«Дареғо, ки Тоҷикистони пасошуравӣ зуд ба як ҷанги дохилии таҳмилӣ гирифтор шуд, ки ба зудӣ натавонистанд, дар мавриди саркӯбҳои режими сталинӣ пажуҳиш анҷом диҳанд, ё дар сатҳи ҳукумат дубора эҳёи ному ниҳод ва иттилои пурра барои мардум пешкаш кунанд», гуфт ин таърихшинос.

Вале маълум нест, иқдоми ахири ҳукумат ҳодисаи ягона мебошад, ё оғози як раванди давомдоре мешавад, ки дареро барои пажӯҳишу таҳқиқоти ҳамаҷониба ва фарогире дар бораи қурбониҳои мардуми Тоҷикистон дар солҳои 1930-юм боз мекунад.

Бино ба ҳисобҳои мухталиф, на камтар аз 15 ҳазор сокини Тоҷикистон қурбонии истибдоди даврони Сталин шудаанд, вале то ҳол, онгуна, ки таърихшинос Камолиддин Абдуллоев мегӯяд, арзёбиву баҳогузории комили илмие дар ин бора анҷом нашудааст. Ӯ рӯзи 19 май ба Радиои Озодӣ гуфт:

“Дар Тоҷикистон то ҳол ба он ҳодисаҳо баҳои таърихии таҳлилӣ дода нашудааст. Онҳо ба таври ногаҳонӣ чунин иқдом карда, хоки Шириншо Шотемуру дигарҳоро оварданд. Яъне дар ҳукумат чунин қарор қабул шудааст. Бовар дорам, бояд як баҳогузории илмӣ, як таҳлили илмии ин мавзӯъ бояд бошад, ки феълан вуҷуд надорад”.

"Бозгашт ба хонаи худ?"

Фиона Наим, пажуҳишгари таърихи Помир ва Осиёи Марказӣ дар Донишгоҳи Ҳумболти Берлин ҳам ба Тоҷикистон овардани турбати қаҳрамонҳои миллиро падидаи мусбат номид. Ӯ гуфт: “Тоҷикистон баъди истиқлолият ҳарчӣ бештар талош кардааст аз мероси шӯравӣ ва бедодгариҳое, ки режими Шӯравӣ бо мардуми Тоҷикистон кардааст, фосила бигирад. Мардум гоҳо барои арҷгузорӣ ба таърих ё ёдворае аз саҳифаҳои торики пешин як навъ иртиботи моддӣ бо гузашта бояд дошта бошанд. Ман каме аз он тааҷҷуб кардам, ки турбати Нисор Муҳаммад Юсуфзай ҳам ба ин барнома шомил шуд, чун шояд ӯ дар сатҳи баробар бо Нусратулло Махсум ё Шириншо Шотемур набошад, чунки онҳо ба як навъе дубора ба хонаашон баргардонида шуданд. То куҷо барои Нисор Муҳаммад ҳам мешавад гуфт, ки Тоҷикистон хонаи ӯ мебошад, вале дуруст аст, ки ӯ дар бунёди Тоҷикистон нақши боризе доштааст. Вале дар ниҳоят, хонаи ӯ дигар аст».

Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур тоҷикони зодаи қаламрави Тоҷикистон ва Нисор Муҳаммад Юсуфзай аз рӯшанфикрони Афғонистониасл буданд. Онҳо дар саргаҳи бунёди Ҷумҳурии Шӯравии Тоҷикистон қарор доштанд, вале мисли даҳҳо дигар сиёсатмадори давр қурбонии туҳматҳои беасоси низоми Иосиф Сталин гардиданд.

Муҳаққиқи олмонӣ ба интиқоли хоки қаҳрамонони тоҷик ба ватан баҳои баланд дод
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:59 0:00

Пойфишории Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва давлатмардони дигаре монанди Чинор Имомов, Абдураҳим Ҳоҷибоев ва дигарон дар таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон оқибат онҳоро дар муқобили ҳукумати худкомаи Шӯравӣ қарор дод. Онҳо ва садҳо нафари дигар бо айбномаҳои сохтаи ҷосусӣ, миллатгароӣ, нажодпарастӣ ва зиддияти синфӣ ба қатл расонда шуданд.

Фиона Наим мегӯяд, бо ин ки таҳқиқи ҳамаҷонибаи ҳаводиси он давр ва сарнавишти иштирокчиёни он ҳодисаҳо бисёр муҳим аст, мушкилоте ҳам барои донишмандону муҳаққиқони имрӯза барои анҷоми босифати корашон кам нест.

«Аз ҳамкорони таърихшиносам медонам, ки барои чунин кор шумо бояд хеле зиёд ба бойгониҳои Узбекистон муроҷиат кунед, чун маводи зиёде он ҷо маҳфуз аст. Ва дар мисоли ин се қаҳрамони миллӣ бояд инчунин бо мақомоти Русия ва бойгонии онҳо ҳам чунин таҳқиқот ҳамоҳанг шавад».

Тасодуф ё оғози раванд?

Аз нигоҳи Фиона Наим, айни замон, аз ҳукумати Тоҷикистон ҳам иродаи сиёсӣ тақозо мешавад, ки барои таҳқиқи бетарафонаву ҳамаҷонибаи он ҳодисаҳо сармоягузорӣ кунад.

Ӯ афзуд: “Ин фавқулода муҳим аст, чун дар ниҳояти кор, аз ин ҷараёнҳо тақрибан ҳар оила зарар дидааст. Дар даврони шӯравӣ аксар мардум бо навъе аз саркӯбҳо рӯбарӯ шудаанд. Ман розӣ ҳастам, ки барои анҷоми чунин кор бояд маблағ ҷудо кард. Агар дар маҷмӯъ ба кишварҳое, ки аз таҷрибаи коммунизм гузаштаанд, нигаред, дар Берлин ҳам ман инро мебинам, ин ҷо муҷассамаву ҳайкалҳои даврони коммунистӣ хеле зиёд ҳастанд. Вале муҳимтар аз ин, албатта, омӯхтани саргузашти инсонҳост, ки чиро шоҳид шуданду аз сарашон чиҳо гузаштааст».

Андешаи дигаре ҳам вуҷуд дорад, ки истиҳола дар таҳқиқоти фарогир далелҳои сиёсӣ ҳам дорад, чун кандуковҳои таърихӣ нохудогоҳ инъикосгари ҳаводиси даврони истиқлоли Тоҷикистон мешавад. Мақомоти Тоҷикистонро имрӯз барои саркӯбҳои бераҳмонаи дигарандешону фаъолони сиёсӣ, хабарнигорон ва мунаққидон интиқод мекунанд, ки шуморашон дар зиндонҳои кишвар даҳҳо нафарро ташкил медиҳад.

Гӯшаҳо
XS
SM
MD
LG