Ҳю Филпотт, сафири пешини Бритониё дар Тоҷикистон, хотираҳои худро дар бораи кори қариб панҷсолааш дар Душанбе бо номи "Сафири овозхон: Достони тоҷикӣ" нашр кард.
Ошноии дипломати бритониёӣ бо Тоҷикистон, сафарҳояш ба гӯшаҳои гуногуни кишвар ва мушкили дарёфти иҷозаи сафар ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, омӯзиши забон ва амалӣ шудани орзуи кӯдакияш – овозхонӣ ва мактаби операи тоҷикӣ шояд аз бахшҳои муҳимтарини он аст. Филпотт дар Тоҷикистон ду таронаи тоҷикии “Ситораи ман” ва “Муҳаббат”-ро иҷрову сабт кардааст.
Ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ дар бораи китоби хотираҳояш гуфт: “Ба назарам, ба ин китоб метавон чун ба як номаи ошиқона нигарист. Чун ин китоб ва ҳам ду таронае, ки иҷро ва онҳоро ба барномаи Spotify ворид кардам, бозгӯйи муҳаббати ман аст. Бале, орзуи кӯдакии ман амалӣ шуд ва ин ҳамон чизе буд, ки шояд ман тамоми умр мехостам бо он машғул шавам. Ва ман чунин бовар доштам, ки ин ҳамон шеваи муоширати дурустест, ки бояд мусоидат кунад, то фикрамро дуруст расонида тавонам. Вақте нав ба Тоҷикистон рафтам, барои ман осон набуд.”
“ПАЁМ ИН БУД, КИ БА КИШВАРИ ШУМО ЭҲТИРОМ ДОРАМ”
Радиои Озодӣ: Дар китоб мегӯед, ки шурӯи кори пеш аз муҳлат дар соли 2014 бо сабаби аз Тоҷикистон рафтани сафири пешин Робин Орд-Смит буд. Мегӯед, Смит ва ёвараш Ҷамшед ҳангоми боздид аз шаҳри Хоруғ дар соли 2014 бо мушкил рӯ ба рӯ шуданд. Вақти истодани сафир дар меҳмонхона дар назди он як задухӯрди мусаллаҳонаи гурӯҳҳои рақиб рӯй доду сафирро ба ҷои амн кӯчонданд. Мақомоти тоҷик ӯро баъдан дар сафари беиҷоза ба Бадахшон гунаҳкор карданд. Шумо дар китоб ишора мекунед, ки шояд асли матлаб дигар буд, вале натиҷааш ин шуд, ки Смит бояд пеш аз муҳлат Тоҷикистонро тарк мекард. Оё ин қарор метавонист ба қазияи пурмоҷарои Александр Содиқов, унвонҷӯи Донишгоҳи Торонтои Канада, ки дар Хоруғ боздошт шуда буд, пайванд дошта бошад?
Як ҷиҳати хуби фарҳанги тоҷикӣ ин эҳсоси ғамшарикӣ ба ҳамдигар дар ҳолати мусибат аст. Барои ман, ки баёни эҳсос кори осон нест, дар миёни одамоне, ки қудрати намоиши эҳсоси худро доштанд, бисёр муфид буд. Бисёриҳо омода буданд, ки дар ҳамин лаҳза дар паҳлӯи ҳам бошанду як андӯҳи муштаракро баён кунанд.Иқтибос аз китоби хотираҳои Ҳю Филпотт
Ҳю Филпотт: “Қазияи Александр, нақши Робин Орд Смит, сафири пешин, дигар ҳодисаҳо рух дод. Ман бояд пештар меомадам, чунки Робин дигар вазифаҳои худро пурра иҷро карда наметавонист. Вазифаи ман аслан таҳлили он ҳодисаҳо нест. Хулоса, вақте ман омадам, бояд дубора робитаву эътимодро дар муносибатҳо бо мақомоти Тоҷикистон барқарор мекардам.”
Радиои Озодӣ: То куҷо маҳз бо роҳи дипломатияи фарҳангӣ шумо дар барқарор кардани муносибатҳо муваффақ шудед?
Ҳю Филпотт: “Ба назарам, бале, ман як эҳсоси қаноатмандӣ доштам. Шумо инро чун эҷоди пулҳои фарҳангӣ шарҳ медиҳед, вале дар асл, бале кори ман ҳамин буд. Мисли бо хишт сохтани пул буд. Ман мехостам, ки дар фаъолиятам эҳсоси мусбат ва хушбинӣ оварам. Медонед, вақте баъди Тоҷикистон дар Туркманистон кор мекардам, як хабарнигори бритониёӣ маро танқид кард. Ин замоне буд, ки ман як таронаи дигареро иҷро кардам. Вале он лаҳза дар бемористон бо бемории COVID бистарӣ будам. Он хабарнигор дар Твиттер як чизе мисли ин навишт, ки “чаро шумо вақтатонро ба девонагӣ сарф карда, суруд мехонеду бо корҳои ҷиддӣ машғул намешавед?” Ман аз ҳамон бистари беморӣ, ки ҳатто базӯр нафас мекашидам, ҷавоб додам, ки “баъзан пеш аз он ки дар масъалаҳои сангин сӯҳбат кунӣ, бояд заминаҳои гуфтугӯро ҳамвор кунӣ. Ҳамин замина барои гуфтугӯи одӣ набошад, дар бораи масъалаҳои калон гап зада намешавад. Шумо намедонед, дар пушти парда мо чӣ корҳоеро анҷом медиҳем”. Ман ёд дорам, ки ба муносибати ҷашни истиқлоли Тоҷикистон дар соли аввали корам дар ин кишвар фақат як кор кардам: таронаи “Ситораи ман”-ро сабт ва нашр кардам. Яъне бо ҳамин корам мардумро табрик кардам. Бе ягон ғаразе, бе сиёсат. Паём ин буд, ки “ман, намояндаи давлати худам ба кишвари шумо эҳтиром мегузорам”. Ман нагуфтам, ки маро дӯст доред. Ба касе писанд омад, ман хурсанд шудам, касе инро хуш накард, бубахшед.”
Радиои Озодӣ: Дар китоби худ мегӯед, ки ба шумо дурудароз иҷозаи боздид аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дода намешуд.
Ҳю Филпотт: “Бале, дар ниҳоят чунин иҷозатро доданд. Дар меҳмонхонаи “Серена” акс гирифтам. Тахминан баъди даҳ моҳ доданд. Муҳим ин ки ман тавонистам муошират ба туристонро тағйир диҳам ва ширкатҳои туристӣ метавонистанд он ҷо рафта, бимаи сафарро ҳам таҳия кунанд. Ин буд мақсади ман. Яъне як ҳадаф боз кардани роҳи туризм буд. Мутаассифона, ин чиз дароз шуд ва муҳаррирон онро аз китоб бардоштанд.”
“БА ҶАВОНОН ВА ОЗОДИҲО БОВАР ДОШТ”
Радиои Озодӣ: Шумо дар китобатон аз шахсиятҳои зиёди имрӯза ёдовар мешавед, вале яке аз қаҳрамонҳоятон – Мунира Шаҳидӣ имсол даргузашт. Хабар доред?
Ҳю Филпотт: "Бале, ман аз ин хабар бисёр нороҳат шудам. Мунираро шахсан мешинохтам. Медонед, як инсони наҷибе буд. Як каме фишор меовард, то кор иҷро шавад, вале инсони фавқулода буд. Ӯ дарки амиқе дошт ва мешавад гуфт, агар як пояш ҳанӯз дар муҳити рӯшанфикрони шӯравӣ буд, бо як пои дигараш дар замони пешрафта ба сар мебурд. Мунира як рамзи миллати тоҷик буд. Ӯ аз табори онҳое буд, ки ба ҷавонон ва озодиҳо бовар дошт. Ва ман ҳам ҷонибдори пуштибонии ҷавонон ҳастам, мо бояд дар ҳаққи онҳо ғамхорӣ кунем, чун ин кишвар худаш ҷавон аст. Тоҷикистон аҳолии ҷавон дорад ва намешавад онро нодида гирифт. Агар ҳамқадами замон набуд, онро аз даст медиҳед ва пайомадаш ҷиддӣ хоҳад буд.”
Радиои Озодӣ: Қиссаи кашфи истеъдоди ду Муҳаммад – овозхонҳои навраси нобино дар китоб бисёр таъсирбахш аст. Шумо навиштед, ки сафорати Бритониё дарашро ба рӯи онҳо боз карду консерти аввалини онҳоро ҳам сармоягузорӣ намуд. Ва инро як саҳме дар дастгирии ҳуқуқи инсон ва маъюбон медонед. То куҷо пешбурди масоили ҳуқуқи башар аз ҷониби дипломатҳои ғарбӣ дар Тоҷикистон душвор шудааст?
Дар асл соли аввали корам дар Душанбе мушкил ва... пуртаниш буд. Сабаб зиёд буд ва пеш аз ҳама ҳамон ҳодиса дар Хоруғ, дар Помир. Ман вақти зиёдамро дар талоши боз кардани дари муколамаи сиёсӣ сарф кардам...Иқтибос аз китоби Ҳю Филпотт
Ҳю Филпотт: “Ман он ҷо нестам ва дар ин масъалаҳо фаъолона кор намекунам, вале бовар дорам, ки мушкил нест. Ҳамон рӯзе, ки яке аз мо бигӯяд, ки ин кор мушкил аст, ин он рӯзест, ки мо тамоман ноумед шудаем. Барои ман ёдоварӣ аз он намуна ва тасвири он дар китоб як ҳолати рӯҳбахше дорад, чунки барои худам шахсан муҳим буд. Он ду тифл, ки ростӣ, худашон намефаҳмиданд, ки камбуди ҷисмӣ доранд, нобино зода шудаанд. Ман ҳам, агар дида бошед, мулоқот бо ин кӯдаконро тавре ҳаст, тасвир кардам, бале, мо ба рӯи онҳо дарро боз кардем, вале хаёл кардам, посухи ман “на” мешавад. Вале баръакс шуд. Ва ман аз он эҳсосам шарм кардам ва он чи ки навиштам, рост ва самимӣ буд. Ман мехоҳам бигӯям, ки вақте шумо мехоҳед бо як мардуми дигар ба ҳам оед, ҳеч гоҳ онҳоро муттаҳам накунед, онҳоро масхара накунед, аз болои худатон бихандед ва онҳо аз ин роҳ мебинанд, ки вазъ чӣ гуна аст”.
Радиои Озодӣ: Як бахши китоби хотираҳои шумо ба ҳамкори марҳуматон Боб Леверингтон бахшида шудааст, ки ба ифтихораш “Ҷоизаи мусиқии Боб”-ро роҳандозӣ кардед. Ин озмун чӣ дод?
Ҳю Филпотт: “Ин озмун ҳам як бахше аз як таърихчаи муҳим гардид. Вақте як хеш ё дӯст мемирад, ҳолати аввал шок ва сипас андӯҳу ғам аст. Бобро дар Тоҷикистон бисёр хуб мешинохтанд. Ӯ намояндаи Департаменти рушди байналмилалӣ буд, дар хонааш меҳмони зиёде аз Тоҷикистон ва хориҷиҳо омадурафт мекарданд. Онҳо мегуфтанд, “мо бояд ба хотири ӯ як коре кунем”. Ман дар фикри таҳияи як коре инсонӣ шудам ва фикр кардам, ки ин кор бояд барои рушди фарҳанги ҷавонон равона шуда бошад. Созмони “Бактрия” бисёр кумак кард, ҳарчанд баъзеҳо мегуфтанд, ки “на, ташкили чунин коре душвор мешавад. Ҷавонҳо шояд ин корро карда натавонанду корашон фақат тақлиду нусхабардорӣ мешавад”. Ман гуфтам, ба онҳо иҷоза бояд дод, худро ифода кунанд. Баъд шахсоне мисли Беҳрӯз Зеваров, Парвин Юсуфӣ, Таҳмина Рамазонова гуфтанд, ки “мо шуморо дастгирӣ мекунем”. Ва ин озмун барпо шуд ва идома пайдо кард.”
“МАРДУМ АЗ ЯКДИГАР БОХАБАРАНД”
Радиои Озодӣ: Дар поёни суҳбат, ба ҳар ҳол, бардошти шумо аз Тоҷикистон чӣ асту ба назаратон сари чӣ бояд кор кард?
Ҳю Филпотт: “Барои ман дар ҷомеаи Тоҷикистон ҳамин чиз пурарзиш аст, ки шумо як шеваи сарҷамъи зиндагӣ доред. Бо ҳамдигар дар кӯча, дар сатҳи ҳамсояҳо тифоқ ҳастед, мардум аз ҳамдигар бохабаранд. Ин ҷо бештар тоҷикон ба сар мебаранд. Оши палав муттаҳидкунандаи мардум аст – ҳам дар азо ва ҳам дар шодиву сур, ҳам ба вақти хатми мактаб ва ҳам дар рӯзи тӯй. Ин ҳама ҳикматҳои худро дорад, чун мардумро муттаҳид медорад. Вақте аз ман мепурсанд, ки “палавро ба хотири чӣ дӯст медорӣ?” шӯхиомез мегӯям, ки фарҳанги палав то ҷое маданияти тоҷикиро бозгӯ мекунад.
Ман ҳақ надорам ба касе бигӯям, ки фалон корро бояд беҳтар кунед ва ғайра. Вале ба назари ман, он чи ки метавонад беҳтар шавад, ин боз будан ба тағйироту навоварӣ аст, ба ҳарфи ҷавонон гӯш додан, назари онҳоро пурсидан аст. Медонед, волидон вақте соҳиби фарзанд мешаванд, онҳо вазифадоранд, ки дар ин ҷаҳони пурсавдо ба фарзандон беҳтарин шароитро фароҳам кунанд, чунки ин кӯдакон нагуфтаанд, ки моро ба дунё биёред. Ба назари ман, дар баъзе ҷомеаҳои Тоҷикистон волидон аз фарзандон бидуни подошу ҷоизае тақозои зиёде доранд. Бояд фарзандонро эҳтиром кунанд, набояд бо онҳо муносибати бад кунанд ва ин ҳарфи ман на фақат ба волидон, балки ба наслҳо марбут аст. Ман бисёр дидам, ки дар Тоҷикистон калонсолон мегӯянд: “Ба ҷавонон бояд роҳ нишон дод, гуфт, ки чӣ бояд кунанд, дар бораи чӣ суруд нависанд”. Ҳатто дар ҳамин мисоли озмун ба хотири Боб. Ман мегуфтам, на, қоида нест, мехоҳам бубинам, чӣ мешавад. Бигузор худашон бигӯянду эҷод кунанд.”
Видеоро дар инҷо бинед:
Гуфтугӯ