Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар деҳаи ороми Дарёобод чӣ гузашт? Таҳқиқи қатли модару се фарзандаш


Занони ин деҳаи ором сахт тарсидаанд.
Занони ин деҳаи ором сахт тарсидаанд.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон қатли тарсноки як зан бо се фарзанди наврасашро дар ноҳияи Рӯдакӣ таҳқиқ доранд. Марги Шаҳло Назароваи 45-сола ҳамроҳ бо писар ва ду духтараш шоми ҷумъаи 5-уми сентябр рух дода, ба нақли ҳамсояҳо, ҷасади онҳоро баъди ду рӯз пайдо кардаанд.

Рӯзи 10-уми сентябр хабарнигорони Радиои Озодӣ ба маҳали ҳодиса рафтанд, вале кормандони мақомот, ки онҷо ҷамъ омада буданд, нагузоштанд хабарнигорон вориди ҳавлии мотамзадаву холӣ шаванд. Онҳо гуфтанд, ки сабаб “халал нарасонидан ба рафти тафтишот" аст.

Дар пайи ин ҳодиса дар деҳаи Дарёободи ноҳияи Рӯдакӣ кӯчаҳо камодам буд ва мардуми деҳа бо тарсу эҳтиёт бо дигарон суҳбат мекарданд. Ҷасади зану фарзандонашро дар деҳаи Саройи ноҳияи Файзобод ба хок супурдаанд. Хонаводаи зан ва шавҳараш дар ҳамин ноҳия ба сар мебурдаанд.

Фоҷиае, ки дар деҳаи Дарёобод рух додааст, сокинони маҳалларо тарсондааст. Маҳмадӣ Валиев, яке аз сокинони деҳа мегӯяд, имрӯз, 10 сентябр ба кор нарафт, зеро нахост хонаводаву фарзандонашро танҳо гузорад. Вай дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт: “Кӯдакҳо метарсанд. Ду кӯдаки майда дорам. Яке 6-сола аст, дигараш дар синфи 8-ум мехонад. Шавҳари зан дар Русия буд, ӯро як бор дар масҷид дидам, одами хуб буд, ба касе ҳам бадӣ надорад”.

Куштори зану се фарзандаш сокинони деҳаи Дарёоободро ваҳшатзада кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:47 0:00

Сокини дигари ин деҳа, ки нахост номаш бурда шавад, гуфт, аз ин ҳодиса кӯдаконро бештар тарсидаанд.

“Ҳамаи кӯдакон тарсиданд. Ҳамаи ҳамсояҳо меоянд, дар як ҷо хоб мераванд, метарсанд. Мо занро надидаем, вале таърифаш мекарданд, ки одами хуб аст» , афзуд ӯ.

Мақомоти интизомӣ, ки атрофи манзили хонаводаи марҳум ҷамъ омадаанд, ҳамсояҳоро бозпурсӣ мекарданд, изи ангушт мегирифтанд. Бархеро ҳушдор додаанд, ки бе иҷоза бо дигарон дар ин бора суҳбат накунанд. Масъулони деҳа аз сокинон хостаанд, ки эҳтиёткор бошанд ва кӯдаконро беназорат намонанд.

"Таъкид карданд, ки эҳтиёт кунед, дарҳоятонро маҳкам кунед, кӯдаконро эҳтиёт кунед, ки набароянд. Барои ҳамин ҳодиса таҳти назорат аст", гуфт, мусоҳиби дигари мо дар деҳаи Дарёобод, ки нахост номаш гуфта шавад.

Духтарони зан Ҳабиба ва Ҳамида, писараш Шараф ном доштанд. Писар 6-сола ва духтарон 15 ва ва 17-сола будаанд. Шавҳари зан, ки дар муҳоҷирати корӣ будааст, баъди ҳодиса ба Тоҷикистон омадааст. Дар мактаби деҳа, ки яке аз духтарони хонаводаи кушташуда онҷо таҳсил мекардааст, суҳбатҳо атрофи марги онҳо садо медод.

Замони ҳузури мо дар мактаб мақомоти тафтишотӣ, ҳамсинфону омӯзгорони ӯро бозпурсӣ мекарданд. Волидони хонандагон ҳам барои ширкат дар ҷаласае дар робита ба қазия дар саҳни мактаб ҷамъ омада буданд.

Маълум нест, мақомот аз онҳо чӣ мепурсиданд ва посухи онҳо чӣ буд. Бо гузашти панҷ рӯз аз марги зан бо се фарзандаш сабабу фарзияҳои ҳодиса маълум нест. Мақомоти расмӣ то ҳол қазияро шарҳ надодаанд ва мегӯянд чун тафтишот идома дорад, намехоҳанд ба он халал ворид шавад. Номуайянӣ ҳароси сокинонро бештар кардааст.

XS
SM
MD
LG